Дар доираи намоишгоҳи «ITB-BERLIN 2024» тақвияти ҳамкорӣ бо шабакаи меҳмонхонаҳо ва ширкатҳои сайёҳӣ баррасӣ шуд

Март 9, 2024 13:54

ДУШАНБЕ, 09.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Ташкили таҷрибаомӯзии донишҷӯён дар меҳмонхонаву осоишгоҳҳо ва ширкатҳои сайёҳии бонуфузи байналмилалӣ ва минбаъд бо кор таъмин гардидани онҳо аз масъалаҳои муҳиме буд, ки дар мулоқоти ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Убайдулло Асрорзода бо роҳбарону намояндагони шабакаҳои меҳмонхонаҳо, осоишгоҳҳо ва ширкатҳои сайёҳии Испания, Олмон, Миср, Қатар, Арабистони Саудӣ дар Олмон баррасӣ гардид.

Ба АМИТ «Ховар» дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон иттилоъ доданд, ки вохӯриҳо бо роҳбарон ва намояндагони шабакаҳои меҳмонхонаҳо, осоишгоҳҳо ва ширкатҳои

сайёҳии Испания, Олмон, Миср, Қатар, Арабистони Саудӣ дар Берлин дар ҳошияи Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «ITB -Berlin 2024» баргузор шуданд.

Пешниҳоди раёсати донишгоҳ вобаста ба ин самтҳо бо хушнудӣ пазируфта шуда, ҷонибҳо барои тақвияти робитаҳои минбаъда дар доираи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва созишномаҳои ҳамкорӣ изҳори омодагӣ намуданд.

АКС: Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон

 

Март 9, 2024 13:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва Қирғизистон оид ба рушди соҳаи сайёҳӣ Созишнома ба имзо расид
Имсол ба вилояти Хатлон беш аз ним миллион сайёҳ ворид гардидааст
Байни ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон ва Қирғизистон 9 санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Мавзеъҳои таърихӣ ва сайёҳии ноҳияи Дарвозро наздики 5000 сайёҳи дохиливу хориҷӣ тамошо намуданд
Дар Литсейи касбии дӯзандагии шаҳри Душанбе Маркази нави таълимию истеҳсолӣ таъсис дода мешавад
РУШДИ САЙЁҲӢ. Имсол ба Мамнуъгоҳи Султон Увайси Қаранӣ беш аз 5 ҳазор меҳмонони дохиливу хориҷӣ ворид шудаанд
Фаъолияти Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар нимаи аввали соли 2025 қаноатбахш арзёбӣ гардид
Эмомалӣ Раҳмон: «Ташрифи сайёҳон ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 13 баробар афзудааст»
РУШДИ САЙЁҲӢ. Имсол ба вилояти Суғд беш аз 242 ҳазор меҳмони хориҷӣ ворид шудааст
РУШДИ САЙЁҲӢ. Табиати дилфиреби Хатлонзаминро беш аз 400 ҳазор нафар сайёҳон тамошо намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Дарвоз аз деҳаи этнографии комплекси сайёҳии «ЗЕВ.С» дидан намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Дарвоз ба фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ.С» оғоз бахшиданд