Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон оид ба ҳифзи Ватан ва мубориза бо падидаҳои номатлуб мулоқот доир шуд

Март 20, 2024 14:03

ДУШАНБЕ, 20.03.2024 /АМИТ «Ховар»/.  Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон мулоқоти судманд баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин донишгоҳ хабар медиҳад.

Ректори Донишгоҳ Ҳомид Ҳошимзода доир ба дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ, арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ, эҳтироми анъанаҳои таърихиву фарҳангӣ ва мубориза ба падидаҳои номатлубу зиёдаравӣ сухан гуфт.

Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфиқор Гулаҳмадзода  аз мулоқоти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли зиёву ходимони дини мамлакат ёдоварӣ намуда, доир ба татбиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ватандӯстӣ», «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон», «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросими миллӣ дар Тоҷикистон» ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» сухан гуфт.

Таъкид шуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин мулоқот чунин гуфтанд: «Пеш аз ҳама, бояд сари ин проблема андеша намоем, ки дар давраҳои хеле ҳассоси тезутунд шудани муносибатҳои байни абарқудратҳо барои ҷорӣ намудани низоми нави ҷаҳондорӣ, сарфи назар аз мавҷудияти ақидаҳои мухталифи сиёсиву динӣ ва иҷтимоӣ дар ҷомеа мо барои ҳифзи сарвати бузургтарин ва бобақои худ, яъне Ватан ва Истиқлолияти миллӣ муттаҳид бошем, барои ҳифзи манфиатҳои милливу давлатии худ зиракиро аз даст надиҳем».

Дар ҳақиқат, ҷаҳонишавӣ ва зуҳури гурӯҳҳои манфиатҷӯву афзоиши хатарҳои экстремистиву террористӣ ба оромиву субот ва истиқлолу соҳибихтиёрии кишарҳои ҷудогонаи олам таҳдид менамояд, ҳар сокини сайёра ва миллату давлатҳоро ҳушдор медиҳад, ки аз ин қабил падидаҳои хатарзо дар амон бошад. Коршиносони ватанию байналмилалӣ борҳо омили асосии пайваст шудани ҷавонону сокинонро ба гурӯҳҳои ифротӣ ба маърифати пасти ҳуқуқӣ, донишҳои диниву сиёсии онҳо марбут донистаанд.

Дар интиҳо ҷавонон даъват шуданд, ки пайваста омӯзанд ва бо падидаҳои номатлуб мубориза бурда, дар ҳифзу гиромидошти дастовард ва муқаддасоти Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳм гузоранд.

 АКС: Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон

Март 20, 2024 14:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Олими ҷавони тоҷик соҳиби патентҳои Ҷумҳурии Беларус гардид
Туҳфаҳои Пешвои миллат ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати шаҳри Истаравшан супорида шуданд
Давраи чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 оғоз гардид
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Донишгоҳи политехникии Москва бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон оид ба ҷашни 40-солагии Истиқлоли давлатӣ ва фарҳанги истифодаи неруи барқ ҳамоиш доир шуд
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо муассисаҳои илмии вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият меёбад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадршиносӣ шуданд
Байни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии шарқшиносии Тошканд шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб оид ба ташаккули фарҳанги муошират конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Дар Тошканд Форуми байналмилалии «Осиёи Марказӣ фазои нави маориф, илм ва инноватсия» баргузор гардид
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад