Дар Донишгоҳи миллӣ оид ба баланд бардоштани донишу маърифати ҳуқуқии ҷавонон ҳамоиш доир шуд
ДУШАНБЕ, 19.03.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар арафаи таҷлили ҷашни байналмилалии Наврӯзи оламафрӯз баҳри баланд бардоштани донишу маърифати ҳуқуқиву сиёсии ҷавонони фаъол вохӯрии ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, профессор Эмомалӣ Насриддинзода бо ҷавонони аъзои Ташкилоти ҷамъиятии «Пайравони Пешвои миллат»-и Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Донишгоҳи миллӣ хабар медиҳад.
Ректори донишгоҳ зимни вохӯрӣ иброз дошт, ки Ҳукумати ҷумҳурӣ нисбат ба ҷавонон таваҷҷуҳи хосса дошта, ҳамарӯза тадбирҳои заруриро нисбат ба насли ояндасози миллат амалӣ менамояд. «Ҷавонони тоҷик бояд дар тамоми соҳаҳо пешқадам, ҳушманд ва аз таъриху фарҳанги миллат огоҳ бошанд, арзишҳои миллиро шиносанд, ба онҳо арҷ гузоранд, ба ҷуз аз забони модарӣ камаш ду забони хориҷӣ, махсусан забонҳои русию англисиро аз худ намоянд. Онҳо бояд донишҳои сиёсиашонро пайваста ғанӣ гардонанд, то ки дар шароити имрӯзаи ҷаҳони муосир, дар раванди бесобиқаи ҷаҳонишавӣ ва талошу бархӯрди давлатҳои абарқудрат манфиатҳои давлат ва миллатро собитқадамона ҳимоя карда тавонанд», — гуфт ректори донишгоҳ.
Ректори донишгоҳ дар идома аз корномаи беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди давлатдории миллӣ ёдовар шуда, ҳифзи дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ, Ваҳдати миллӣ ва марзу буми ватанро вазифаи ҳамешагии ҷавонони саодатманд унвон намуд.
Гуфта шуд, ки давраҳои гуногуни фаъолияти Пешвои миллат, хусусан дар роҳи барқарор намудани сулҳу ободӣ ва эҳёи арзишҳои миллию фарҳангӣ, ҳамзамон муаррифии давлат дар арсаи байналмилалӣ барои насли наврасу ҷавон дарси худшиносиву ватандӯстӣ мебошад. Омӯзиши мактаби давлатдории Пешвои миллат барои ҳар насли ҷавон муҳиму саривақтӣ мебошад.
Дар идома ҷавонони аъзои Ташкилоти ҷамъиятии «Пайравони Пешвои миллат» бо Осорхонаи Пешвои миллат, ки дар бинои факултети иқтисодии донишгоҳ сохта шудааст, шинос шуданд.
АКС: Донишгоҳи миллии Тоҷикистон








Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб конференсияи илмӣ-назариявӣ доир гардид
Барои пурсамар гузаронидани давраи таътил ба хонандагон мутолиаи кадом китобҳо тавсия дода мешавад?
НАВРӮЗ — ЭҲЁГАРИ АНЪАНАҲОИ МИЛЛӢ. Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ҷашни Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ду озмоишгоҳи муосир ба истифода дода шуд
Дар Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе ҷашни Наврӯз бо риояи расму ойини миллӣ таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд озмуни «Беҳтарин эҷодкори достонҳои «Шоҳнома»» ҷамъбаст гардид
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба ҳифз, эҳё ва рушди забони миллӣ машварати омӯзишӣ доир шуд
Қабули довталабон барои таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Мардумии Чин оғоз гардид
Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» доир шуд
«БАҲОРИ МАЪРИФАТ: МОДАР, ҚАЛАМ ВА НАВРӮЗ».Таҳти ин унвон дар Душанбе ҳамоиши идона доир шуд






