Дар Хатлон масъалаи таъсиси Маркази омӯзиши технологияи нав аз ҷониби Корея баррасӣ гардид

Март 15, 2024 11:38

ДУШАНБЕ, 15.03.2024. /АМИТ «Ховар»/. Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо раиси Ҷамъияти дӯстии Ҷумҳурии Корея бо давлатҳои Осиёи Марказӣ Ли Ок Рён вохӯрӣ намуд, ки зимни он ҷонибҳо масъалаи таъсиси Маркази омӯзиши технологияи навро мавриди муҳокима қарор доданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи Раиси вилояти Хатлон.

Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои тарғиби ҳамкории дуҷониба ва табодули таҷриба дар самти кишоварзӣ, сайёҳӣ ва дигар масъалаҳои мубрам баррасӣ гардид.

Таъкид гардид, ки Хатлон  яке аз калонтарин вилояти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор рафта, 52 фоизи маҳсулоти кишоварзии ҷумҳуриро ташкил медиҳад. Ҳамасола дар ҳудуди вилоят то 300 ҳазор тонна пахта ва 2,5 миллион тонна меваву сабзавот истеҳсол мешавад.

Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи маориф ва бо дастгирии Сафорати Корея дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав кушодани Маркази забони кореягӣ машварат намуданд.

Ли Ок Рён даъват гардид, ки дар Форуми «Бохтар Фуд», ки моҳи майи имсол баргузор мегардад, иштирок намояд.

АКС: Шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон

Март 15, 2024 11:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Зеҳни сунъӣ ба яке аз технологияҳои серталабтарини асри рақамӣ аз лиҳози истеъмоли неруи барқ табдил меёбад
Аз ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ба Қазоқистону Русия лимӯ содирот карда мешавад
Дар Тоҷикистон нахустин маротиба Форуми байналмилалии саноати ангишт доир мегардад
Дар Шаҳринав нақшаи ҷамъоварии пахта 187,4 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ кишти тиромоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон Барномаи савдои электронӣ ба бахши муҳими иқтисодиёт табдил ёфтааст
«Муждаи зафар». Дар ноҳияи Ёвон дурнамои истеҳсоли пахта барзиёд иҷро гардид
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба соҳаи энергетика 30 миллиард сомонӣ равона гардид
АЗ ДАРТМУТ ТО ДУШАНБЕ. Зеҳни сунъӣ нисбат ба қоидаҳое, ки истифодаи онро танзим менамоянд, ба маротиб тезтар рушд мекунад
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
ЗЕҲНИ СУНЪӢ — ИМКОНИЯТ, МАСЪУЛИЯТ ВА ОЯНДАИ ИНСОН. Он ба ҷузъи муҳими ҳаёти инсон табдил ёфтааст
Дар Душанбе масъалаи тақвияти рақамикунонии давлатӣ баррасӣ гардид