Дар Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ бо шарикон ва намояндагони ташкилоту муассисаҳои хориҷӣ машварат доир шуд

Март 7, 2024 18:39

ДУШАНБЕ, 07.03.2024 /АМИТ  «Ховар»/. Дар Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарият ва масъулони Кумита, намояндагони вазорату идораҳои дахлдор ва ташкилоти байналмилалии муқими Тоҷикистон ва хориҷи мамлакат ба таври ҳузурӣ ва фосилавӣ машварат баргузор гардид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ хабар доданд, дар мулоқоти корӣ намояндагони Лоиҳаи «Кумаки Иттиҳоди Аврупо ба соҳаҳои маориф ва меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон», Бонки Осиёи Рушд, ЮНИСЕФ, Агроаксияи Олмон, Ассотсиатсияи таҳсилоти калонсолони Тоҷикистон, Бонки Исломии Рушд, Лоиҳаи Иттиҳоди Аврупо «Darya» (Муколама ва амал барои ҷавонони моҳир дар Осиёи Марказӣ), Агентии рушд ва ҳамкории Туркия (ТIКА) ва Асосиатсияи донишгоҳҳои халқии Олмон иштирок намуданд.

Раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ дар бораи таъсиси кумита, таҳлили вазъи кунунии соҳа, самтҳои пешбинишавандаи асосии фаъолияти он, вазифа ва мақсадҳо, самтҳои афзалиятнок ва тарҳу лоиҳаҳои амалишаванда маълумоти муффасал дод.

Гуфта шуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбиро ба сифати яке аз ҷузъҳои муҳими низоми маориф арзёбӣ менамояд, ки он иқтисодиёти миллиро бо мутахассисони баландихтисоси коргарӣ ва миёнаи касбӣ таъмин намуда, дар рушди иҷтимоию иқтисодии ҷумҳурӣ ва баланд бардоштани некӯаҳволии шаҳрвандон саҳми арзанда мегузорад.

Ташкили ҷойҳои кории нав бо музди меҳнати муносиб дар дохили мамлакат ва омӯзонидани касбҳои коргарӣ ба шаҳрвандон яке аз вазифаҳои афзалиятноки Ҳукумати мамлакат маҳсуб мешавад. Андешидани тадбирҳои мушаххас доир ба омӯзонидани касбҳои коргарӣ, саросар соҳибкасб гардонидани аҳолии мамлакат ва ҳарчи бештар дар дохили ҷумҳурӣ  бо ҷойи кори доимӣ таъмин намудани шаҳрвандон низ самтҳои афзалиятнок ба ҳисоб рафта, дар ин ҷода вазоратҳои меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, маориф ва илм, Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва тамоми сохтору мақомоти давлатӣ дар ин самт масъулияти бевосита доранд.

Дар мулоқот оид ба мушкилоти ҷойдошта дар зинаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ва роҳи ҳалли онҳо амалисозии чорабиниҳои зерин  таъкид шуд:

-Таҷдиди назар намудани санадҳои меъёрии ҳуқуқии батанзидарорандаи соҳаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ва бо ин мақсад ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», «Дар бораи таҳсилоти миёнаи касбӣ», «Дар бораи таҳсилоти ибтидоии касбӣ» ва дигар санадҳои зерқонунӣ.

-Таҷдиди назар намудани феҳристи ихтисосҳои коргарӣ ва миёнаи касбӣ бо назардошти талабот ва эҳтиёҷоти иқтисоди миллӣ, бозори меҳнати дохилӣ ва хориҷӣ. Ба таври васеъ ташкил намудани машғулияти кӯтоҳмуддати омӯзиши касбҳои коргарии 1-моҳа, 2-моҳа, 3-моҳа, 6-моҳа ва шаҳодатномакунии маҳорату малакаи касбии шаҳрвандон.

-Таҷдиди назар намудани Стандартҳои давлатии таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, стандартҳои фаннӣ, нақшаҳои таълимӣ, барномаҳои таълимӣ, дастурҳои таълимӣ ва методӣ бо бартарӣ додан ба омӯзиши фанҳои умумитахассусӣ ва тахассусӣ ва зиёд намудани соатҳои дарсҳои амалӣ (махсусан барои ихтисосҳои коргарӣ).

-Навсозӣ, таъмиру тармими муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ.

-Таҳкими пояи моддиву техникии муассисаҳо, аз ҷумла бо лавозимоти озмоишгоҳӣ, асбобу анҷом, техникаву технологияи зарурӣ, асбоби аёнӣ, китобҳои дарсиву модулҳои таълимӣ, дастурамалҳои корӣ ва тавсиявӣ таъмин намудани муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ.

— Ҷорӣ намудани идоракунии босифати муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ тавассути таъсиси Низоми иттилоотии идоракунии системаи Кумита (ИСУО) ва рақамикунонии фаъолият ва дар ин маврид васеъ истифода намудани технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ, рақамикунонии тамоми маводи таълим (китобҳо, модулҳои таълимӣ, видеофилмҳои омӯзишӣ, маълумоти дигари электронии ёрирасон). Инчунин таъсиси шабакаи локалии Кумита ва тамоми зерсохторҳои он, фаъол гардонидани почтаҳои электронӣ, сомонаҳои интернетии Кумита ва тамоми муассисаҳои зерсохтории он, истифодаи васеи шабакаҳои иҷтимоӣ ҷихати таблиғу ташвиқи шаҳрвандон ҷиҳати ҷалби онҳо ба омӯзиши касбу ҳунар ва идомаи таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ.

АКС: Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Март 7, 2024 18:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар шаҳри Панҷакент 81 иншооти соҳаи маориф сохта шудааст
НИЗОМИ ТАҲСИЛИ 12-СОЛА. Гузариш ба ин низом чӣ бартарӣ дорад ва он дар кадом давлатҳои ҷаҳон татбиқ мегардад?
Масъалаи гузариш ба низоми таҳсили 12-сола муҳокима гардид
Дар Душанбе беш аз 100 довталаб барои ба даст овардани Аттестати аълои универсалӣ донишозмоӣ дорад
Хонандаи тоҷик дар Озмуни байналмилалии эҷодиёти кӯдакону наврасон сазовори Шоҳҷоиза гардид
Дар Хатлон 21 иншооти таълимӣ ба истифода дода шуд
Маркази миллии тестӣ натиҷаҳои озмуни тақсимоти асосии довталабонро 25 июл эълон мекунад
13 июл даври дуюми имтиҳонҳо – қисмҳои А ва Б барои довталабони ҳамаи гурӯҳҳои ихтисосҳо баргузор мешавад
Дар шаҳри Душанбе барои хонандагон 210 муассисаи таълимӣ фаъолият менамояд
150 нафар фарзандони омӯзгорони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб таътили тобистонаро дар истироҳатгоҳи «Истиқлол» мегузаронанд
Хонандагони тоҷик дар Олимпиадаи байналмилалии «Архимед» сазовори 63 медал гардиданд
Маркази миллии тестӣ даври иловагии имтиҳонҳоро доир менамояд