Дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон созишномаҳо ба тасвиб расиданд
ДУШАНБЕ, 20.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маҷлиси намояндагон хабар медиҳад.
Дар иҷлосия лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2024», лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муҳофизат ва истифодаи олами наботот», лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи чарогоҳ», лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ», лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Созишнома оид ба тақсими маҳсулот байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва KULOB PETROLEUM LIMITED, Созишнома оид ба пешниҳоди қарзи сармоягузорӣ аз маблағҳои Фонди авруосиёии муътадилгардонӣ ва рушд барои маблағгузории лоиҳаи «Азнавсозии низомҳои обёрӣ» байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Авруосиёии Рушд ва лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 июни соли 2023 мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ёдовар мешавем, ки масъалаҳои рӯзномаро ба вакилони мардумӣ муовини Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Маҷидӣ, муовини Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавлодод Абдулқодир, муовини Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёдулло Абдуллозода, муовини Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарифа Худобахш, раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия Сурайё Дустмуродзода, раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Рустам Латифзода, раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба илм, маориф, фрҳанг ва сиёсати ҷавонон Насиба Содиқӣ, раиси кумита оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Равшан Раҷабзода, вакилони мардумӣ Мирзоанвар Ахмедов, Зафар Ализода, Мансур Усмонзода, Музаффарҷон Маҳмудзода ва Азиз Гиёзода муаррифӣ намуданд.
АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум созишнома ба тасвиб расид
ТАМАДДУНИ ХАЛҚИ ТОҶИК БА НАВРӮЗ ПАЙВАНДИ НОГУСАСТАНӢ ДОРАД. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ дар ин мавзуъ
Ҷаласаи навбатии Комиссияи ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Русия доир шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарламентии ИДМ доир шуд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру илова ворид карда шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия созишнома ба тасвиб расид
Нахустин арзишҳои маънавии инсон, заминаи ҷаҳонбинӣ, ахлоқ ва шуур маҳз аз оғӯши модар ташаккул меёбанд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Дар Маҷлиси намояндагон оид ба аҳаммияти гузариш ба низоми дувоздаҳсолаи таълим ҳамоиш доир гардид






