Дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва меҳмоннавозии Москва имконоти сайёҳии Тоҷикистон муаррифӣ гардид
ДУШАНБЕ, 20.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Москваи Федератсияи Русия Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва меҳмоннавозӣ MITT-2024 баргузор гардид, ки дар он 750 субъекти хизматрасони соҳаи сайёҳӣ ва ширкатҳои сайёҳӣ аз 21 давлати дунё иштирок намуда, зарфияти сайёҳиашонро пешкаши ҷаҳонгардон намуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар ин намоишгоҳи бошукуҳ Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гӯшаи ҷолиби сайёҳии Тоҷикистонро дар масоҳати 64 метри мураббаъ ташкил намуд, ки дар он ширкатҳои сайёҳии ватанӣ фаъолона иштирок намуда, хизматрасонии сайёҳӣ, хатсайрҳои сайёҳӣ, маҳсулоти сайёҳӣ, дастовезҳои ҳунармандӣ ва дар маҷмуъ захираҳои сайёҳии Тоҷикистонро манзури алоқамандони сайру саёҳат намуданд.
Дар ҳошияи намоишгоҳ бо дастгирии Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия дар назди гӯшаи сайёҳии мамлакати мо базми карнаю сурнайи тоҷикӣ доир гардида, таҳти навои дилнишини мусиқии миллӣ гулдухтарони ансамбли рақсии «Санам» рақси миллии тоҷикиро пешкаши иштирокдорон намуданд.
Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва меҳмоннавозии MITT-2024 дар маҷмааи Крокус Экспои шаҳри Москва аз 19 то 21 март доир гардида, дар толори алоҳидаи он имконияти сайёҳии Тоҷикистон аз ҷониби намояндагони ширкатҳои сайёҳии ватанӣ ба таври васеъ манзури иштирокчиёни минтақаҳои гуногуни Федератсияи Русия гардонида мешавад.
Тавре иттилоъ дода мешавад, Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва меҳмоннавозӣ MITT-2024 барои ҷалби таваҷҷуҳи сайёҳони рус ва дигар ҷаҳонгардони давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба Тоҷикистон ниҳоят муҳим арзёбӣ мегардад.
АКС: Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон










Дар Левакант ҷамъоварии ҳосили пахта беш аз 100 фоиз таъмин гардид
Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд
Сулаймон Зиёзода бо ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуд
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои навсозии роҳи «Балҷувон-Сари Хосор» бо ширкати чинӣ қарордод ба имзо расонид
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон беш аз 35 фоиз афзоиш ёфтааст
Дар Душанбе ҷалби сармояи мустақими Саудӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,5 фоиз афзоиш ёфтааст
Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Иқтидорҳои сайёҳии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «World Travel Market — 2026» дар шаҳри Лондон муаррифӣ мешаванд






