Дар Неругоҳи барқи обии «Норак» ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шаҳомати хосса таҷлил гардид
НОРАК, 28.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Неругоҳи барқи обии «Норак» ҷашни байналмилалии Наврӯз бо намоиши ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллӣ ва барномаи фарҳангӣ таҷлил гардид. Дар ин хусус ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак иттилоъ доданд.
Дар ҳамоиш Раиси шаҳри Норак Фирӯза Шарифӣ кормандони неругоҳро бо ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ табрик намуда, иброз дошт, ки «Наврӯз ҷашни эҳёи табиат буда, фаротар аз дину фарҳангҳо аст ва ҳамин хусусияти волояш сабаб гардидааст, ки манзалаташро то замони мо аз даст надиҳад, баръакс, дар замони соҳибистиқлолии мамлакат дар заминаи сиёсати хирадмандона ва фарҳангпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шукуҳу ҷалоли хосса касб намуда, мақоми байналмилалӣ гирифт».
Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни пешниҳоди Паём ба Маҷлиси Олии мамлакат бо ҳисси ифтихор таъкид намуданд, ки «Наврӯз вожаи байналмилалӣ буда, дар тамоми ҷаҳон бе тарҷума бо номи Наврӯз истифода мешавад».
Дар ҳамоиш гуфта шуд, ки яке аз суннатҳои бисёр неку шоистаи Наврӯз он аст, ки одамон ба истиқболи ин ҷашни фархунда макони зисту ашёи рӯзгор ва сару либосҳояшонро нав ё тозаву озода мегардонанд, маданияти заминдориву заминкорӣ ва боғдориву ободкориро ривоҷ мебахшанд.
Меҳмонону кормандони ин корхонаи бузурги Тоҷикистон аз тамошои намоишгоҳи наврӯзӣ руҳу илҳоми тоза гирифтанд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак










Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад






