Дар ноҳияи Данғара ҷаласаи сайёри Шурои ҷамъиятӣ баргузор шуд

Март 30, 2024 10:39

ДУШАНБЕ, 30.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Данғара ҷаласаи сайёри Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо Шурои ҷамъиятии шаҳрҳои Кӯлоб, Норак, Левакант, ноҳияҳои  Ховалинг, Муъминобод, Шамсиддини Шоҳин, Ҳамадонӣ, Восеъ, Балҷувон, Темурмалик, Фархор ва Данғараи вилояти Хатлон  дар шакли мизи мудаввар баргузор гардид, ки дар он масъалаи тавсеа додани доираи фаъолияти шуроҳои ҷамъиятии  ин шаҳру ноҳияҳо бо назардошти вазъи кунунии ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҳисоботи фаъолияти ин шуроҳо шунида шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Шурои ҷамъиятӣ хабар доданд.

Дар натиҷаи баррасии масъалаҳо қарорҳо қабул шуданд, аз ҷумла аз ҷониби ин шуроҳо барои узвият ташкилоти навро қабул карда шаванд, ба ҳама гуна навиштаҳои бардурӯғ ва тарғибҳое, ки дар интернет ва шабаҳои иҷтимоӣ паҳн мешаванд ва ба раванди сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ халал мерасонанд, сари вақт вокуниш нишон дода, посухҳои дурусту саҳеҳ ва ошкоркунанда диҳанд.

Дар кори ҷаласаи сайёри Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон корманди масъули Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазири маориф ва илм, президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, котиби ҳамоҳангсози Шурои ҷамъиятии Тоҷикистон, раисони Кумитаи кор бо занон ва оила, кор бо ҷавонон ва варзиш,  муовини Раиси вилояти Хатлон доир ба масъалаи «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ- ҳамчун василаи муҳими баланд бардоштани худшиносии миллии ҷавонон сухан намуданд.

АКС: Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Март 30, 2024 10:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Эмомалӣ Раҳмон: «Модар рамзи ҷовидонаи ҳаёти башар аст»
Дар Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон Рӯзи Модар ҷашн гирифта шуд
Ба нақши беназири модарон дар ҳаёти оила ва ҷомеа ҳамеша арҷ гузошта мешавад
МОДАР — САРЧАШМАИ МЕҲРУ ВАФО. Рӯзи Модарро дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа таҷлил намуданд
Нақши занон дар таҳкими Истиқлоли давлатӣ ва рушди иҷтимоию сиёсии Тоҷикистон назаррас аст
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Хатлон 6260 иншооти гуногун ба истифода дода шуд
Дар Душанбе ба муносибати Рӯзи Модар барномаи бошукуҳи фарҳангӣ доир гардид
Занон дар рушди иқтисодиёти Тоҷикистон саҳми назаррас доранд
«ТУҲФА БА МОДАР». Сарбозон бо дастовез ба назди модарон мераванд
РӮЗИ МОДАР — ИСФАНДОРҶАШНИ НИЁГОН. Тоҷикон аз замонҳои қадим арзишҳои фарҳангиро ҳифз намуда, аз насл ба насл интиқол додаанд
МОДАР — АВВАЛИН УСТОД. Дар аллаи ӯ як ҷаҳон меҳру муҳаббат ва орзую ормон нуҳуфтааст
«ҲИКМАТИ МОДАР». Бо иштироки зиёда аз 700 нафар фаъолзанон барномаи бошукуҳи идона доир гардид