Дар Ню-Йорк пешгирии ҳамроҳшавии занон ба гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ баррасӣ шуд

Март 12, 2024 11:03

ДУШАНБЕ, 12.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Ню-Йорки Амрико дар ҳошияи ҷаласаи Комиссияи 68-уми мақоми занон чорабинии канорӣ дар мавзуи «Тавонмандсозии занон барои адолат: пешбурди баробарии гендерӣ  дар стратегияи пешгирӣ ва баромадан аз ҷиноятҳои муташаккил» баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид. 

Ҳамоиш аз ҷониби Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СММ дар шарикӣ бо Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА), намояндагиҳои доимии Малта, Албания, Канада, Италия ва Шветсия танзим гирдид.

Зимни чорабинӣ нақши занон дар гурӯҳҳои муташаккили ҷиноӣ муҳокима гардида, зарурати таҳияи вокуниш ба адолати гендерии судӣ ва  стратегияи пешгирӣ ва баромадан аз ҷиноятҳои муташаккил иброз гардид.

Намояндаи доимии Тоҷикистон таъкид намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба пешбурди баробарии гендерӣ дар соҳаи адолати судии ҷиноятӣ ва бахусус дар мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, баҳри пешгирии ҳамроҳшавии занон ба гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ тадбирҳои зарурӣ меандешад.

АКС: Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид

Март 12, 2024 11:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар Париж Наврӯзи байналмилалиро таҷлил карданд
Сафири Тоҷикистон бо Директори Академияи дипломатии Вена мулоқот намуд
Густариши робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Австрия баррасӣ гардид
Бахшида ба Наврӯз дар Боку шоми фарҳангии «Chakan Fashion Show: мероси анъанаҳо давоми асрҳо» баргузор шуд
Изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати расидан ба оташбас дар Ховари Миёна
Ҳамкории Тоҷикистону Русия дар доираи созмонҳои байналмилалӣ баррасӣ гардид
Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд Тоҷикистонро ҳамчун давлати фаъол дар ҳалли масъалаҳои обу иқлим муаррифӣ менамояд
Сафири Тоҷикистон бо ёвари Котиби энергетикаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мулоқот намуд
Дар Душанбе омодагӣ ба Саммити сарони давлатҳои «Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея» баррасӣ гардид
Дар Миср Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Анқара Ҷашни Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи ҳафтуми мақомоти ҳифзи муҳити зисти давлатҳои аъзои СҲШ дар Бишкек иштирок намуд