Дар шаҳри Москва Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
ДУШАНБЕ, 21.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Сафорати Тоҷикистон дар Федератсияи Русия ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ бо иштироки меҳмонон, ҳамватанони бурунмарзӣ, роҳбарони ташкилоти ҷамъиятии тоҷикони муқими кишвари иқомат, намояндагону фаъолони ҷамъиятҳо, чеҳраҳои маъруфи аҳли зиё, доираҳои соҳибкорон аз ҳисоби ҳамватанони муқим ва донишҷӯёни тоҷик баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорати Тоҷикистон дар Федератсияи Русия хабар медиҳад.
Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Русия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода ҳозиринро ба муносибати Иди байналмилалии Наврӯз табрик намуда, доир ба таърих ва фазилатҳои Наврӯзи оламафрӯз ибрози андеша намуд.
Дар чорабинӣ дастархони тоҷикӣ бо ҳафтсину ҳафтшин, таомҳо ва шириниҳои тоҷикӣ оро ёфта буд. Инчунин китобҳо дар бораи Тоҷикистон, намуна аз либосҳои гулдӯзӣ, чакан ва дигар ҳунарҳои мардумӣ ба намоиш гузошта шуданд.
Дар доираи чорабинӣ барномаи ҷолиби консертӣ пешкаш гардид.
АКС: Сафорати Тоҷикистон дар Федератсияи Русия













Сафири Тоҷикистон бо Директори Академияи дипломатии Вена мулоқот намуд
Густариши робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Австрия баррасӣ гардид
Бахшида ба Наврӯз дар Боку шоми фарҳангии «Chakan Fashion Show: мероси анъанаҳо давоми асрҳо» баргузор шуд
Дар деҳаи Рошорви водии Бартанг ҷашни Наврӯзро таҷлил намуданд
Изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати расидан ба оташбас дар Ховари Миёна
Ҳамкории Тоҷикистону Русия дар доираи созмонҳои байналмилалӣ баррасӣ гардид
Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд Тоҷикистонро ҳамчун давлати фаъол дар ҳалли масъалаҳои обу иқлим муаррифӣ менамояд
Сафири Тоҷикистон бо ёвари Котиби энергетикаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мулоқот намуд
Дар Душанбе омодагӣ ба Саммити сарони давлатҳои «Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея» баррасӣ гардид
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар Миср Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Мурғоб бо расму ойинҳои хос таҷлил карда шуд






