Дар шаҳри Турсунзода кӯдакистони замонавӣ ба истифода дода шуд
ДУШАНБЕ, 25.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар деҳаи Ҷӯрақул Шукурови Ҷамоати деҳоти ба номи Ҷӯра Раҳмонови шаҳри Турсунзода бо иштироки роҳбарияти шаҳр ва намояндагони Ҳукумати мамлакат кӯдакистони муосир ба истифода дода шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода хабар медиҳад.
Иттилоъ дода шуд, ки кӯдакистони мазкур дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд барои 48 кӯдак бунёд гардидааст. Тарҳи меъмории бино замонавӣ буда, бо системаи гармидиҳии буғӣ таъмин карда шудааст. Ошхона ва утоқи шушстшӯи либосҳои кӯдакистон бо таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст.
Бояд гуфт, ки мувофиқи «Барномаи рушди таҳсилоти томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025», ҳар сол аз ҳисоби маблағҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо, шарикони рушд ва бахши хусусӣ бояд 100 муассисаи томактабӣ сохта, ба истифода дода шавад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид менамоянд, ки «Кӯдакон ояндаи миллатанд ва мо вазифадорем, ки барои тарбияи онҳо аз боғча шароит фароҳам орем».
Ифтитоҳи боз як кӯдакистон дар деҳоти шаҳри Турсунзода аз пайгирӣ ба иқдоми наҷиби муҳтарам Пешвои миллат дарак медиҳад.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода








Маорифчиёни ноҳияи Шоҳмансур Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар сатҳи баланд таҷлил намуданд
МАСЛИҲАТ БА ДОВТАЛАБ. Ҳангоми интихоби касб довталаб бояд бештар дониш ва истеъдодашро ба назар гирад
Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб конференсияи илмӣ-назариявӣ доир гардид
Барои пурсамар гузаронидани давраи таътил ба хонандагон мутолиаи кадом китобҳо тавсия дода мешавад?
НАВРӮЗ — ЭҲЁГАРИ АНЪАНАҲОИ МИЛЛӢ. Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ҷашни Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ду озмоишгоҳи муосир ба истифода дода шуд
Дар Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе ҷашни Наврӯз бо риояи расму ойини миллӣ таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд озмуни «Беҳтарин эҷодкори достонҳои «Шоҳнома»» ҷамъбаст гардид
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба ҳифз, эҳё ва рушди забони миллӣ машварати омӯзишӣ доир шуд






