Дар Швейтсария либосҳои миллӣ ва ҳунарҳои мардумии Тоҷикистон муаррифӣ шуданд

Март 19, 2024 09:12

ДУШАНБЕ, 19.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Сафири Фавқулода ва Мухтори  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария, намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Шуъбаи Созмони Милали Муттаҳид (СММ) ва дигар ташкилоти байналмилалӣ дар Женева Шараф Шерализода дар шаҳри Туни Конфедератсияи Швейтсария дар маросими ифтитоҳии Намоишгоҳи либосҳои миллӣ ва ҳунарҳои мардумии Осиёи Марказӣ иштирок ва суханронӣ намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария хабар медиҳад. 

Шараф Шерализода оид ба дастовардҳои миллӣ, фарҳанг ва тамаддуни куҳани мардуми тоҷик, аз ҷумла ворид гардидани мавзеи таърихии «Саразм» ба Феҳристи мероси фарҳангии умумибашарии ЮНЕСКО ва «Анъанаи бофтани атласу адрас», «Санъати чакандӯзӣ», «Ҷашни Наврӯз», «Мусиқии фалак» ва «Шашмақом» ба Феҳристи мероси ғайримоддии башарияти ЮНЕСКО, инчунин оид ба имконоти сайёҳии мамлакат маълумотро манзури иштирокчиён намуд.

Намоишгоҳ аз 15 март то 1 апрел идома меёбад.

АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария

Март 19, 2024 09:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд Тоҷикистонро ҳамчун давлати фаъол дар ҳалли масъалаҳои обу иқлим муаррифӣ менамояд
Сафири Тоҷикистон бо ёвари Котиби энергетикаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мулоқот намуд
Дар Душанбе омодагӣ ба Саммити сарони давлатҳои «Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея» баррасӣ гардид
Дар Миср Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Анқара Ҷашни Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи ҳафтуми мақомоти ҳифзи муҳити зисти давлатҳои аъзои СҲШ дар Бишкек иштирок намуд
Дар Боку машваратҳои консулии Тоҷикистону Озарбойҷон баргузор шуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии адлияи Покистон мулоқот намуд
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҳиндустон баргузор гардиданд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон мулоқот намуд
Дар Женева Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Дюсселдорф бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ баргузор гардид