Дастаи мунтахаби Тоҷикистон пас аз ҷамъомади тамринӣ аз Давҳа ба шаҳри Риёз сафар менамояд
ДУШАНБЕ, 18.03.2024. /АМИТ «Ховар»/. Шаби 18 март дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои анҷом додани бозии даври интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 бо дастаи мунтахаби Арабистони Саудӣ, ки 21 март баргузор мешавад, ба шаҳри Риёз меравад. Дар ин хусус шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар доираи ҷамъомади тамринӣ дар шаҳри Давҳа машқҳои охиринашро анҷом дод. Бояд гуфт, ки имрӯз ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон панҷ бозингари дигар ҳамроҳ шуд. Инҳо ҳимоятгарон Зоир Ҷӯрабоев ва Манучеҳр Сафаров (ҳарду аз дастаи «Нефтчӣ») ва ҳамлагар Шаҳром Самиев аз дастаи «Андиҷон», ки дар чемпионати Узбекистон бозӣ менамоянд, инчунин нимҳимоятгари дастаи ССКА-1948 Парвизҷон Умарбоев ва бозингари дастаи «Самтредия»-и Гурҷистон Муродалӣ Ақназаров мебошанд. Ҳайати пурраи дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Риёз ҷамъ мешавад. Онҷо ҳимоятгар Ваҳдат Ҳанонов аз дастаи «Персеполис»-и Эрон ва нимҳимоятгар Руслан Хайлоев аз дастаи «Тюмен»-и Русия ба даста мепайванданд.
Ёдовар мешавем, ки бозии сеюми даври дуюми марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 ба муқобили дастаи мунтахаби Арабистони Саудӣ дар варзишгоҳи Донишгоҳи Шоҳ Сауд 21 март соати 23:59 ба вақти Душанбе оғоз мегардад. Сипас дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба шаҳри Душанбе баргашта, дар майдонаш бо дастаи мунтахаби Арабистони Саудӣ бозии интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026-ро анҷом медиҳад. Ин рақобат 26 март, соати 20:00 дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе баргузор мешавад.
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон








БОЗИҲОИ СОҲИЛИИ ОСИЁ-2026. Шаҳри Саняи Чин мизбони бозиҳо мегардад
Дастаи олимпии то 23-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон иштирок менамояд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозии ниҳоӣ бо дастаи яккачини Филиппин муайян шуд
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА ГӮШТИНИ ҶУДО. Дар он 13 варзишгари Тоҷикистон иштирок менамоянд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозӣ ба муқобили дастаи яккачини Филиппин оғоз мекунад
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Хоруғ мусобиқаи гӯштини миллӣ доир мегардад
Дар «Tbilisi Grand Slam- 2026» оид ба гӯштини ҷудо аз Тоҷикистон ҳафт варзишгар иштирок менамояд
Дар Данғара бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Дастаи мунтахаби то 16-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар чемпионати CAFA-2026 иштирок мекунад
Дар Душанбе қуръакашии тақвими Лигаи якуми Тоҷикистон-2026 оид ба футбол баргузор шуд
Варзишгари тоҷик дар Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми қавитанҳо» соҳиби медали тилло гардид
ФУТБОЛ. Наврӯз Воҳидов ва Фаридун Маҳмадиев аз ҳаққи доварӣ маҳрум карда шуданд






