Даври ҷумҳуриявии олимпиадаҳои фаннӣ барои синфҳои 11-и муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ оғоз ёфт

Март 28, 2024 15:55

ДУШАНБЕ, 28.03.2024. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Муассисаи давлатии таълимии «Мактаби байналмилалии президентӣ» даври ҷумҳуриявии олимпиадаҳои фаннӣ барои синфҳои 11 -и муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ оғоз гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар»  бо истинод ба Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо».

Гуфта шуд, ки соҳаи маориф зербинои асосии пешрафти ояндаи давлату миллат буда, маҳз бо дуруст ба роҳ мондани таълиму тарбияи насли наврас метавон ояндаи дурахшони миллатро таъмин намуд.

Таъкид шуд, ки олимпиада бо назардошти таъмини пурраи шаффофият гузаронида шуда, барои назорати пурраи озмунҳо синфхонаҳои имтиҳонӣ бо воситаҳои видеоӣ ва сабт таъмин шудаанд.

Бояд гуфт, ки даври ҷумҳуриявии олимпиадаи фаннӣ то 31 марти соли 2024 идома ёфта, дар он дар умум 1127 хонандаи синфҳои 11-и муассисаҳои таълимии мамлакат иштирок намуда, давоми 4 рӯз дар ду самт донишҳои илмиашонро месанҷанд.

Даври ҷумҳуриявии олимпиадаҳои фаннӣ аз ҷониби Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо ташкил шуда, минбари дарёфт ва рушди тафаккури илмии истеъдодҳои наврас дар байни хонандагони муассисаҳои таълимии мамлакат мебошад. Ҳадаф аз баргузории олимпиадаҳои фаннӣ ба ҳам овардани хонандагони болаёқат аз тамоми минтақа буда, муайян, муаррифӣ ва дастгирии маънавии онҳо дар сатҳи ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад.

АКС: Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо»

Март 28, 2024 15:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ҷашни Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ду озмоишгоҳи муосир ба истифода дода шуд
Дар Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе ҷашни Наврӯз бо риояи расму ойини миллӣ таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд озмуни «Беҳтарин эҷодкори достонҳои «Шоҳнома»» ҷамъбаст гардид
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба ҳифз, эҳё ва рушди забони миллӣ машварати омӯзишӣ доир шуд
Қабули довталабон барои таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Мардумии Чин оғоз гардид
Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» доир шуд
«БАҲОРИ МАЪРИФАТ: МОДАР, ҚАЛАМ ВА НАВРӮЗ».Таҳти ин унвон дар Душанбе ҳамоиши идона доир шуд
Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон оид ба таҳсилоти муҳандисӣ ва технологияҳои рақамӣ конфронс баргузор шуд
Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бо панҷ муассисаи таҳсилоти олии Узбекистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонид
Байни Донишгоҳи давлатии Бохтар ва се донишгоҳи Узбекистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид