ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дар Туркия нахустин рақобати санҷишӣ анҷом дод

Март 19, 2024 17:37

ДУШАНБЕ, 19.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) оид ба футбол таҳти роҳбарии сармураббии нав Марко Раҷини дар доираи ҷамъомади таълимиву тамринӣ дар Анталия нахустин бозии санҷишӣ анҷом дод. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.

Аввалин ҳарифи дастаи Тоҷикистон дар бозии дӯстона бошгоҳи «Родина-М» (Москва) буд, ки дар лигаи дуюми Русия баромад менамояд. Бозӣ ба фоидаи дастаи «Родина»- 1:0 анҷом ёфт.

Дар ҷамъомади таълимиву тамринӣ дар Туркия дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) боз се бозии санҷишӣ анҷом медиҳад. 20 март наврасони мо бо дастаи наврасони «Аланяспор» ва  23 ва 25 март бо дастаи мунтахаби наврасони Русия рақобатҳои санҷишӣ баргузор менамоянд.

Бояд гуфт, ки барои дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон ҷамъомади таълимӣ дар Анталия марҳилаи омодагӣ ба даври интихобии Ҷоми Осиё-2025 мебошад, ки аз 19 то 27 октябри соли 2024 баргузор мешавад. Рақибони дастаи мо дар даври интихобӣ дертар маълум мешаванд.

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

Март 19, 2024 17:37

Хабарҳои дигари ин бахш

МУСОБИҚАИ АСПДАВОНӢ. Ин бозии миллӣ аз ҷумлаи расму ойинҳои Наврӯз аст
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) аввалин пирӯзиашро дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон ба даст овард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол машқҳои дастҷамъиро дар Душанбе оғоз кард
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
БОЗИҲОИ 20-УМИ ОСИЁ. Шаҳрҳои Нагая ва Аичии Ҷопон ин бозиҳоро мизбонӣ мекунанд
Субҳиддин Халилзода соҳиби Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) гардид
Ҷашни Наврӯз дар аҳди бостон бо мусобиқаи камонварӣ оғоз мегардид
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мегардад