ФУТБОЛ. Мутахассиси итолиёвӣ Марко Раҷини сармураббии дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) таъйин шуд
ДУШАНБЕ, 14.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Мутахассиси 56-солаи итолиёвӣ Марко Раҷини сармураббии нави дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) оид ба футбол таъйин шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.
Таҳти роҳбарии Марко Раҷини дастаи мунтахаби наврасони мамлакат ба марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2025, ки моҳи октябри имсол баргузор мешавад, омодагӣ мегирад.
Марко Раҷини мураббии футболи итолиёвӣ ва сан-мариногӣ мебошад. Ӯ фаъолияти мураббигияшро дар Сан-Марино оғоз намудааст. Давоми солҳои зиёд Раҷини ба ситоди мураббиёни дастаҳои мунтахаби наврасон, ҷавонон ва дастаи асосии Сан-Марино дохил буд. Вай чанд сол дар Швейтсария кор карда, онҷо ёвари сармураббии «Киассо» ва «Беллинтсон» буд ва инчунин мустақилона тими «Локарно»-ро роҳбарӣ намудааст. Ҳамчунин дар дастаҳои футболи Литва, Конго, Нигерия, Муғулистон ва Малайзия таҷрибаи корӣ дорад.
Аз соли гузашта Марко Раҷин ба ҳайси директори техникии Академияи «Ювентус» дар Душанбе ва мушовири раёсати техникии Федератсияи футболи Тоҷикистон адои вазифа менамояд.
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол машқҳои дастҷамъиро дар Душанбе оғоз кард
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
БОЗИҲОИ 20-УМИ ОСИЁ. Шаҳрҳои Нагая ва Аичии Ҷопон ин бозиҳоро мизбонӣ мекунанд
Субҳиддин Халилзода соҳиби Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) гардид
Ҷашни Наврӯз дар аҳди бостон бо мусобиқаи камонварӣ оғоз мегардид
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мегардад
БОЗИҲОИ СОҲИЛИИ ОСИЁ-2026. Шаҳри Саняи Чин мизбони бозиҳо мегардад
Дастаи олимпии то 23-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон иштирок менамояд






