Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбанда шуда, борону барф пешгӯӣ мешавад

Март 6, 2024 08:10

ДУШАНБЕ, 06.03.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар ҷумҳурӣ то 7 март дар минтақаҳои кӯҳии ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, шоҳроҳи мошингарди Душанбе — Хуҷанд ва ноҳияҳои ғарбии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хавфи сар задани зуҳуроти тарма боқӣ мемонад. Имрӯз ҳавои тағйирёбанда шуда, дар баъзе ноҳияҳои кӯҳӣ  борону барф меборад, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи бебориш мешавад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 6-11 дараҷа хунук, рӯзона 0+5 дараҷа гарм, дар шарқи вилоят шабона 17-22 дараҷа хунук, дар баъзе минтақаҳо то 28-30 дараҷа хунук, рӯзона 3-8 дараҷа хунук мешавад.

Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо бебориш шуда, дар баъзе ноҳияҳои кӯҳӣ  борону барф меборад. Дар ноҳияҳои алоҳида туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм, рӯзона 8+13 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 3-8 дараҷа хунук, рӯзона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбанда шуда, дар баъзе ноҳияҳо борону барф борида, дар ноҳияҳои алоҳида туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 1+6 ва рӯзона 3+8 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм, рӯзона 1+6 дараҷа гарм мешавад.

Дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда шуда, дар баъзе ноҳияҳо борону барф меборад. Дар ноҳияҳои алоҳида туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 1+6 дараҷа гарм, рӯзона 3+8 дараҷа,  дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа  гарм, рӯзона 2+7 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда мешавад. Шабона ҳавои бебориш, рӯзона борону барфи тар пешгӯӣ шуда, туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 1+3 дараҷа гарм, рӯзона 4+6 дараҷа гарм мешавад.

Март 6, 2024 08:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст