Имрӯз мусобиқаи «Antalya Grand Slam-2024» оид ба ҷудо оғоз мешавад
ДУШАНБЕ, 29.03.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо дар мусобиқаи «World Judo Tour»- Antalya Grand Slam-2024, ки аз 29 то 31 март бо иштироки 628 ҷудочӣ аз 93 давлати ҷаҳон баргузор мегардад, иштирок менамояд. Дар ин хусус шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи ҷудои Тоҷикистон хабар медиҳад.
Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин мусобиқа 12 варзишгар, аз ҷумда Аҳлия Муминова ва Насиба Карликова, ҳарду дар вазни то 52 кг, Меҳрзод Суфиев ва Ҳақдод Гулов, ҳарду дар вазни то 60 кг, Обид Ҷебов ва Эмомалии Нуралӣ, ҳарду дар вазни то 66 кг, Абубакр Шеров дар вазни то 73 кг, Сомон Маҳмадбеков дар вазни то 81 кг, Комроншоҳ Устопириён ва Умедҷон Раҷабов, ҳарду дар вазни то 90 кг ва Ҷаҳонгир Маҷидов ва Парвиз Абдураҳмонов, ҳарду дар вазни то 100 кг муаррифӣ менамоянд.
Имрӯз, дар рӯзи якуми мусобиқа Аҳлия Муминова ва Насиба Карликова (дар вазни то 52 кг), Меҳрзод Суфиев ва Ҳақдод Гулов (дар вазни то 60 кг), Обид Ҷебов ва Эмомалии Нуралӣ (дар вазни то 66 кг) рақобат менамоянд.
АКС аз сомонаҳои боз








БОЗИҲОИ СОҲИЛИИ ОСИЁ-2026. Шаҳри Саняи Чин мизбони бозиҳо мегардад
Дастаи олимпии то 23-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон иштирок менамояд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозии ниҳоӣ бо дастаи яккачини Филиппин муайян шуд
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА ГӮШТИНИ ҶУДО. Дар он 13 варзишгари Тоҷикистон иштирок менамоянд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозӣ ба муқобили дастаи яккачини Филиппин оғоз мекунад
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Хоруғ мусобиқаи гӯштини миллӣ доир мегардад
Дар «Tbilisi Grand Slam- 2026» оид ба гӯштини ҷудо аз Тоҷикистон ҳафт варзишгар иштирок менамояд
Дар Данғара бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Дастаи мунтахаби то 16-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар чемпионати CAFA-2026 иштирок мекунад
Дар Душанбе қуръакашии тақвими Лигаи якуми Тоҷикистон-2026 оид ба футбол баргузор шуд
Варзишгари тоҷик дар Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми қавитанҳо» соҳиби медали тилло гардид
ФУТБОЛ. Наврӯз Воҳидов ва Фаридун Маҳмадиев аз ҳаққи доварӣ маҳрум карда шуданд






