ИМРӮЗ-РӮЗИ ҶАҲОНИИ ТЕАТР. Дар давраи соҳибистиқлолӣ дар Тоҷикистон барои пешрафти санъати касбии театрӣ шароити мусоид фароҳам оварда шуд

Март 27, 2024 10:46

ДУШАНБЕ, 27.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. 27 март Рӯзи ҷаҳонии театр (World Theatre Day) мебошад. Ин рӯз бо ташаббуси вакилони Конгресси IX Институти байналмилалии  театрӣ (MIT) эълон гардидааст. Театрҳо ҳамчун таҷассумгари симои маънавии халқ, муттаҳидсозандаи неруи ақливу зеҳнӣ, пайвандгари маънавии наслҳо, баёнгари таърихи гузаштаву ҳаёти имрӯза, анъана ва одобу ахлоқи ҳамида дар ҷомеа мақоми арзанда доранд.  Дар ҳақиқат саҳнаҳое, ки дар театрҳо ба намоиш гузошта мешаванд, барои тағйир додани зеҳни инсонҳо, ташаккули маънавият ва ба самти инсондӯстию мардумсолорӣ раҳнамун намудани ҷомеа хизмат менамоянд.

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳунар ва санъат яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати фарҳангии Ҳукумати мамлакат маҳсуб шуда, ҳамчун таҷассумгари симои маънавии халқ, муттаҳидсозандаи неруи ақлониву зеҳнӣ, баёнгари таърихи гузаштаву муосир, анъана, одобу ахлоқи ҳамида ва дигар муқаддасоти миллӣ дар ҷомеа мақоми арзанда касб намудааст. Дар айни замон дар ҳудуди Тоҷикистон 22 театри халқӣ ва 18 театри касбӣ амал менамояд.

Тибқи иттилоъ, аз соли 2006 то имрӯз биноҳои Театри академӣ-драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ, Театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Камоли Хуҷандӣ, Театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Саидалӣ Вализода, Театри давлатии ҷавонон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов пурра аз таъмир бароварда шудаанд. Инчунин бинои Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ аз ҳисоби Фонди захиравии Президенти мамлакат таъмир гардид.

Бо дастгирии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Театри давлатии тамошобини ҷавон «Аҳорун» ба номи Муҳаммадҷон Қосимов соҳиби бинои замонавӣ шуд.

Бояд гуфт, ки ҳоло масъалаи омода намудани кадрҳо барои Театри миллии тоҷик, ки тибқи нақша баъди чанде ҳамчун муассисаи комилу замонавии эҷодию истеҳсолӣ ба фаъолият шуруъ менамояд, мавриди баррасӣ қарор дорад.

Дар давраи соҳибистиқлолӣ дар мамлакат барои пешрафти санъати касбии театрӣ шароити мусоид фароҳам оварда шуд. Қабул гардидани  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фарҳанг» (соли 1997) ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи театр ва фаъолияти театрӣ» (соли 2002) дар ин раванд, бешак, нақши муассир гузоштанд.

Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ду театри касбӣ — Театри ҷумҳуриявии драмаи мусиқии ноҳияи Данғара (соли  2003) ва Театри тамошобини навраси шаҳри Хуҷанд (соли 2004) ба  фаъолият оғоз намуданд. Инчунин 21 августи соли 2020  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ бо бардоштани парда аз рӯйи лавҳаи рамзӣ дар вазъияти тантанавӣ ба бинои нави Театри вилоятии мусиқӣ — мазҳакавии ба номи Меҳрубон Назаров барои 1000  ҷой нишаст ифтитоҳ бахшиданд.

Санги асоси бунёди бинои 3-ошёнаи театри вилоятӣ соли 2015 аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гузошта шуда, корҳои сохтмонӣ дар иншооти фарҳангӣ аз соли 2016 шуруъ гардида буданд.

Президенти мамлакат бунёди ин кохи муҳташами фарҳангиро дар маркази вилоят-шаҳри Хоруғ дар арафаи таҷлили 29-умин солгарди ҷашни Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои аҳли санъату фарҳанги «Боми ҷаҳон» армуғони арзишманд номиданд.

Бояд иброз намуд, ки фарҳанг дар сиёсати давлатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавқеи калидиро ишғол менамояд. Аз ин ҷо аст, ки ба ҳунар, хосса ба санъати театрӣ диққати махсус дода мешавад.

Мояи ифтихор ва сарбаландии мардуми тоҷик ва ҳунармандони саҳнаи театр аст, ки  дар даврони соҳибистиқлолӣ дар дигар кишварҳо низ бо забони ноби тоҷикӣ намоишҳои театрҳои Тоҷикистон пешниҳод мешаванд.

Бояд гуфт, ки имрӯзҳо театри тоҷик дар ҳоли пешрафт қарор дошта, бо спектаклҳои рангорангаш қалби ҳазорон бинандаро тасхир менамояд.

Ҳунармандони тоҷик имрӯзҳо бо барномаҳои рангоранг на танҳо дар дохили мамлакат, балки берун аз он, аз ҷумла дар Эрон, Туркманистон, Қазоқистон, Русия ва дигар давлатҳо низ мухлисону хаводорони зиёд пайдо намудаанд.

София ШОИК,
АМИТ «Ховар»
 

АКС аз бойгонӣ

Март 27, 2024 10:46

Хабарҳои дигари ин бахш

«МАВЛОНО ВА ТАМАДДУНИ ИНСОНӢ». Ин китоби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар озмуни байналмилалӣ сазовори ҷойи якум гардид
Байни АМИТ «Ховар» ва Агентии иттилоотии «S.P.A»-и Арабистони Саудӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи мубодилаи иттилоот ба имзо расид
Дар Эрон Фестивали байналмилалии «Фаҷр» баргузор гардид
Сокинони шаҳри Бӯстон соҳиби туҳфаи арзандаи Пешвои миллат — «Шоҳнома»-и Ҳаким Фирдавсӣ мегарданд
Раиси Маҷлиси Бузурги Миллии Туркия дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо таъриху фарҳанги миллати тоҷик шинос шуд
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Мардумии Чин ифтитоҳ шуданд
Ҳайати ҳунарии Ҷумҳурии Мардумии Чин бо Осорхонаи миллии Тоҷикистон шинос шуд
Раиси Маҷлиси Бузурги Миллии Туркия бо мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳисор шинос шуд
Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтитоҳ меёбанд
Туҳфаи арзандаи Пешвои миллат — «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ ба 60 ҳазор оилаи шаҳри Панҷакент тақдим мегардад
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Мардумии Чин доир мегарданд
Ба зиёда аз 36 ҳазор хонаводаи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ китоби «Шоҳнома» тақдим мегардад