Масъалаи тақвияти ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистон бо музофоти Бавария баррасӣ шуд

Март 16, 2024 17:41

ДУШАНБЕ, 16.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Олмон Имомуддин Сатторов дар шаҳри Мюнхен бо Вазири давлатӣ оид ба корҳои Аврупо ва байналмилалӣ Эрик Байсвенгер вохӯрӣ намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону музофоти Баварияро дар соҳаҳои гуногун мавриди баррасӣ қарор дода, бо истифода аз абзорҳои мавҷуда барои амалӣ намудани  иқдомҳои муштараки муассир ба мувофиқа расиданд.

Сафири Тоҷикистон  ҳамчунин бо котиби давлатии Вазорати молияи Бавария Мартин Шёффел вохӯрӣ намуд, ки дар рафти суҳбат зарурати тақвияти робитаҳо дар бахшҳои мухталифи мавриди таваҷҷуҳ таъкид гардид.

Дар мулоқоти дигар бо роҳбари бахши байналмилалӣ, саноат ва инноватсияи Палатаи савдо ва саноати Мюнхен ва Баварияи Болоӣ (Oberbayern), узви Сарраёсати ин ниҳод Кристоф Ангербауэр ба  густариши  ҳамкорӣ  миёни ширкатҳои тоҷикистонӣ ва бавариягӣ, инчунин ҷалби сармоя ба соҳаҳои мухталифи иқтисоди Тоҷикистон тамаркуз карда шуд.

АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Март 16, 2024 17:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Донишкадаи энергетикии Москва бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар Париж Наврӯзи байналмилалиро таҷлил карданд
Сафири Тоҷикистон бо Директори Академияи дипломатии Вена мулоқот намуд
Густариши робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Австрия баррасӣ гардид
Бахшида ба Наврӯз дар Боку шоми фарҳангии «Chakan Fashion Show: мероси анъанаҳо давоми асрҳо» баргузор шуд
Изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати расидан ба оташбас дар Ховари Миёна
Ҳамкории Тоҷикистону Русия дар доираи созмонҳои байналмилалӣ баррасӣ гардид
Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд Тоҷикистонро ҳамчун давлати фаъол дар ҳалли масъалаҳои обу иқлим муаррифӣ менамояд
Сафири Тоҷикистон бо ёвари Котиби энергетикаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мулоқот намуд
Дар Душанбе омодагӣ ба Саммити сарони давлатҳои «Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея» баррасӣ гардид
Дар Миср Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Анқара Ҷашни Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд