НАВРӮЗ ДАР ЗАРАФШОН. Он бо «тухмҷангак»-и кӯдакон оғоз мегардад
ДУШАНБЕ, 24.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар рӯзҳои ҷашни Наврӯз дар минтақаҳои кӯҳистони мамлакат якчанд расму оин ва бозиҳои мардумӣ ба ҷо оварда мешаванд. Аз ҷумла, дар байни сокинони ноҳияи Айнӣ дар рӯзҳои ҷашни Наврӯз анъанаи «тухмҷангак» ё «тухмзанон» маъмул аст, ки дар ин хусус каме маълумот медиҳем.
Баҳори ноҳияи Айнӣ басе зебову дилрабо аст. Ғӯра бастани дарахтони мевадиҳанда, сарсабз шудани табиати атроф, лойҳои шиттаро ба шакли пунбадона лӯнда карда, оварда, дар шифтҳои хонаҳо — дар паҳлуи болорҳо бо камоли маҳорат ба тарзи нимкиштӣ барои худ хона сохтани фароштурукҳо, чаҳ-чаҳи булбулону нағмасароии кабкони хушхон аз омад-омади баҳору фарорасии мавсими кишту кор ва омодагӣ ба таҷлили Наврӯз дарак медиҳанд.
Фарорасии Наврӯзро дар деҳаи Фатмеви ноҳияи Айнӣ дар баробари ҷавонону калонсолон наврасону хурдсолон низ интизорӣ мекашанд. Чун дар рӯзҳои ҷашнӣ онҳо имконият пайдо менамоянд, ки анъанаҳои неки гузаштагонашро анҷом диҳанд. Яке аз ин расмҳо — ин бозии «тухмҷангак» аст, ки дар байни хурдсолону наврасон хеле роиҷ аст.
Модарон шабона тухмҳоро дар зарфҳо бо омехта намудани пӯсти пиёз ва анор меҷӯшонанд. Баъд аз омода шудан тухмҳо ба худ рангҳои хос мегиранд. Ҳамаро омода намуда, дар як тарафи айвон мегузоранд, то он ки сард шаванд. Наврасону хурдсолон бо шодӣ сар ба болин гузошта, чӣ гуна гузаштани бозии пагоҳинаро тасаввур намуда, хобҳои рангоранги «тухмҷангак» мебинад.
21 март, субҳи барвақт ҳар яке дар даст чанддонагӣ тухм гирифта, ба кӯчаҳои деҳа мебароянд. Аз дур тамошои ин саҳна, ки чӣ гуна хурдсолону наврасон гурӯҳ-гурӯҳ шуда, ин бозиро анҷом медиҳанд ва ғолибон шодӣ менамоянд, хеле фараҳбахш аст.
Дар мавриди шуҳрат доштани ин бозӣ дар байни мардуми Зарафшон боре зимни суҳбат Ҳунарманди шоистаи ҷумҳурӣ Хосияти Зарафшонӣ низ изҳори андеша намуд. «Тухмҷангак оини аҷибу зебои наврӯзии мардуми Зарафшон аст. Ман, ки бисёр духтари шӯх будам, тухмҳои сунъӣ сохта, чунон рангу бор мекардам, ки онро аз тухми ҳақиқӣ фарқ карда намешуд. Тухмҳои сохтаам бисёр сахт буданду тухмҳои ҳарифонро ба зудӣ мешикастанд. То он даме ки сиррам фош нашуда буд, ҳамеша «ғолиб»-и тухмҷангакҳо мешудам. Дар ин айём бозиву шухиҳои зиёде мекардем, ки беҳтарин давраҳои бачагӣ буданд», — бо ханда ёдовар мешавад ӯ.
Бояд гуфт, ки ин бозӣ то дер давом ёфта, нафарони ғолиб дар даст шумораи зиёди тухмҳо бо эҳсоси пирӯзӣ ба хонаҳояшон баргашта, назди волидон аз чӣ гуна гузаштани ин бозӣ нақлҳо менамоянд. Аҳли оила бо шодиву нишот ва лабони пур аз ханда ба фарзандон барои чолокӣ ва ғолиб омадан аҳсан мехонанд. Дар «тухмчангак» муҳим ба даст овардани тухми зиёд нест, асос- омӯхтани роҳи расидан ба мақсад ва пирӯз гаштан дар ҳама ҷодаҳои зиндагӣ мебошад.
Ҳамин аст фазои идона ва бозии дӯстдоштании ҷашни наврӯзӣ дар диёри зебоманзару дилфиреби ноҳияи Айнӣ, ки солҳои сол аз насл ба насл гузашта, пойдор мондааст.
Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз








Намояндаи Тоҷикистон дар Анқара дастовардҳои китобдорӣ ва рақамикунонии Тоҷикистонро муаррифӣ намуд
«ТОҶИКИСТОН». Таҳти чунин унвон дар Ҷумҳурии Арабии Миср маҷалла бо забони арабӣ нашр гардид
Китоби «Забони миллат – ҳастии миллат» бо 7 забон тарҷума ва нашр гардид
Дар шаҳри Дюсселдорф барномаи фарҳангии тоҷикон баргузор гардид
Дар Донишкадаи санъати театрии Русия намоиши театрии «Ҷавонии Мушфиқӣ» баргузор шуд
Дар Тоҷикистон Анҷумани сеюми забоншиносони давлатҳои ҳамзабону ҳамфарҳанг баргузор мегардад
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон оид ба нақши оила дар камолоти маънавии фарзанд ҳамоиш доир шуд
Ба беш аз 13 ҳазор оилаи ноҳияи Муъминобод «Шоҳнома»-и безавол тақдим мегардад
Оид ба фаъолият ва рӯзгори сиккашиноси маъруфи тоҷик конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории рӯзи якуми даври ниҳоии озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» шинос шуд
Китоби сеюми ««Народная газета» о Народном Президенте» нашр гардид
Дар Федератсияи Русия бахшида ба бузургдошти Аҳмади Дониш конфронси байналмилалӣ доир шуд






