НАВРӮЗ ДАР ЗАРАФШОН. Он бо «тухмҷангак»-и кӯдакон оғоз мегардад

Март 24, 2024 11:10

ДУШАНБЕ, 24.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар рӯзҳои ҷашни Наврӯз дар минтақаҳои кӯҳистони  мамлакат  якчанд расму оин ва бозиҳои мардумӣ  ба ҷо оварда  мешаванд. Аз ҷумла, дар байни  сокинони ноҳияи Айнӣ дар рӯзҳои ҷашни Наврӯз анъанаи «тухмҷангак» ё «тухмзанон» маъмул аст, ки дар ин хусус каме маълумот медиҳем.

Баҳори ноҳияи Айнӣ басе зебову дилрабо аст. Ғӯра бастани дарахтони мевадиҳанда, сарсабз шудани табиати атроф, лойҳои шиттаро ба шакли пунбадона лӯнда карда, оварда, дар шифтҳои хонаҳо — дар паҳлуи болорҳо бо камоли маҳорат ба тарзи нимкиштӣ барои худ хона сохтани фароштурукҳо, чаҳ-чаҳи булбулону нағмасароии кабкони хушхон аз омад-омади баҳору фарорасии мавсими кишту кор ва омодагӣ ба таҷлили Наврӯз дарак медиҳанд.

Фарорасии Наврӯзро дар деҳаи Фатмеви ноҳияи Айнӣ дар баробари ҷавонону калонсолон наврасону хурдсолон низ интизорӣ мекашанд. Чун дар рӯзҳои ҷашнӣ онҳо имконият пайдо менамоянд, ки анъанаҳои неки гузаштагонашро анҷом диҳанд. Яке аз ин расмҳо — ин бозии «тухмҷангак» аст, ки дар байни хурдсолону наврасон хеле  роиҷ аст.

Модарон шабона тухмҳоро дар зарфҳо бо омехта намудани пӯсти пиёз ва анор меҷӯшонанд. Баъд аз омода шудан тухмҳо ба худ рангҳои хос мегиранд. Ҳамаро омода намуда, дар як тарафи айвон мегузоранд, то он ки сард шаванд. Наврасону хурдсолон бо шодӣ сар ба болин гузошта, чӣ гуна гузаштани бозии пагоҳинаро тасаввур намуда, хобҳои рангоранги «тухмҷангак» мебинад.

21 март, субҳи барвақт ҳар яке дар даст чанддонагӣ тухм гирифта, ба кӯчаҳои деҳа мебароянд. Аз дур тамошои ин саҳна, ки чӣ гуна хурдсолону наврасон гурӯҳ-гурӯҳ шуда, ин бозиро анҷом медиҳанд ва ғолибон шодӣ менамоянд, хеле  фараҳбахш аст.

Дар мавриди шуҳрат доштани ин бозӣ дар байни мардуми Зарафшон боре зимни суҳбат Ҳунарманди шоистаи ҷумҳурӣ Хосияти Зарафшонӣ низ изҳори андеша намуд. «Тухмҷангак оини аҷибу зебои наврӯзии мардуми Зарафшон аст. Ман, ки бисёр духтари шӯх будам, тухмҳои сунъӣ сохта, чунон рангу бор мекардам, ки онро аз тухми ҳақиқӣ фарқ карда намешуд. Тухмҳои сохтаам бисёр сахт буданду тухмҳои ҳарифонро ба зудӣ мешикастанд. То он даме ки сиррам фош нашуда буд, ҳамеша «ғолиб»-и тухмҷангакҳо  мешудам. Дар ин айём бозиву шухиҳои зиёде мекардем, ки беҳтарин давраҳои бачагӣ буданд», —  бо ханда ёдовар мешавад ӯ.

Бояд гуфт, ки ин бозӣ то дер давом ёфта, нафарони ғолиб дар даст шумораи зиёди тухмҳо бо эҳсоси пирӯзӣ ба хонаҳояшон баргашта, назди волидон аз чӣ гуна гузаштани ин бозӣ нақлҳо менамоянд. Аҳли оила бо шодиву нишот ва лабони пур аз ханда ба фарзандон барои чолокӣ ва ғолиб омадан аҳсан мехонанд.  Дар «тухмчангак» муҳим ба даст овардани тухми зиёд  нест, асос- омӯхтани роҳи расидан ба мақсад ва пирӯз гаштан дар ҳама ҷодаҳои зиндагӣ мебошад.

Ҳамин аст фазои идона ва бозии дӯстдоштании ҷашни наврӯзӣ дар диёри зебоманзару дилфиреби ноҳияи Айнӣ, ки солҳои сол аз насл ба насл гузашта, пойдор мондааст.

Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Март 24, 2024 11:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
«ТОҶИ СОМОН». Марҳилаи интихоби беҳтарин филмҳо барои синамоҷоизаи миллӣ оғоз гардид
Котиби генералии Ассамблеяи парламентии Осиё дар Осорхонаи миллӣ бо таъриху тамаддуни тоҷикон шинос шуд
Китоби академик Фарҳод Раҳимӣ «Тамаддуни ориёӣ ва рисолати таърихии миллати тоҷик» нашр шуд
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар вилояти Суғд 152 иншооти фарҳанг бунёд ва таъмиру таҷдид гардидааст
Иштирокдорони Конфронси байналмилалии «Рӯдакӣ – эҳёгари андеша ва фарҳанги миллӣ» Осорхонаи миллии Тоҷикистонро тамошо намуданд
«РӮДАКӢ — ЭҲЁГАРИ АНДЕША ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ». Таҳти ин унвон конференсияи байналмилалии илмӣ-назариявӣ доир шуд
«Нақши Пешвои миллат дар эҳё ва муаррифии тамаддуни ориёӣ». Таҳти чунин унвон маҳфили «Тоҷикшиносӣ» доир шуд
РӮДАКӢ — ЧАРОҒИ МАЪРИФАТИ МИЛЛАТ. Одамушшуаро насли имрӯз ва фардоро ба омӯхтан ва некӣ кардан даъват намудааст
ШЕЪРИ РӮДАКӢ — ПАЁМИ ДОНИШУ ХИРАД ВА НАКӮКОРИЮ ҶАВОНМАРДӢ. Эҳдо ба Рӯзи Рӯдакӣ
«ҲУҶҶАТИ МИЛЛӢ БА НОМИ РӮДАКӢ БОЯД ГИРИФТ…». Ва ё ҳамзабону ҳаммиллати Устод Рӯдакӣ будан шарафи бузург аст
НАҚШ ВА МАҚОМИ УСТОД РӮДАКӢ. Андешаҳо дар ин мавзуъ