Наврӯз — эътиқод ва эътимоде болотар аз ҳама гуна мазҳаб ва болотар аз ҳама идеология

Март 21, 2024 14:29

ДУШАНБЕ, 21.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. «Наврӯз суннате аст, ки аз замонҳои хеле қадим то ба даврони мо омада расидааст. Ҳеҷ идеология, дин, сиёсат, неруи ҳукмроне, ки ба Наврӯз мавқеи мухолиф дошт, натавонист ба он муқовимат кунад, бар он пирӯз гардад, пеши роҳи ин ҷашнро бигирад ва мардумро аз таҷлили он манъ намояд. Наврӯз эътиқод ва эътимоде болотар аз ҳама гуна мазҳабу динҳои ҳукмрону расмӣ ва болотар аз ҳама идеология буд ва мемонад»,-чунин изҳор намудааст сардори Раёсати таъминоти иттилоотии Маркази тадқиқотии стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Зубайдулло Давлатов дар мақолааш, ки ба унвони АМИТ «Ховар» ворид шудааст.

Дар зер андешаҳои пурраи муаллиф манзур мешаванд.

— Шояд Наврӯз дар қатори ҷашнҳои маъруфтарини миллати тоҷик аз ҳама бештар мавриди таваҷҷуҳи олимону муҳаққиқон қарор дошта бошад. Аз замонҳои қадим то ҳол дар бораи ин ҷашни ниёгони мо асарҳои илмии зиёде аз ҷониби муҳаққиқони Шарқу Ғарб эҷод шудаанд. Ин ҷашни куҳанбунёд реша дар таърих, фарҳанг, иҷтимоъ, адабиёт ва табиат дорад. Ҷашни Наврӯз як навъ ҷаҳондарккунии милати мо аст. Наврӯз вожаи ориёӣ аст. Имрӯз дар 22 кишвари ҳавзаи Наврӯз онро ҷашн мегиранд. Дар аксари давлатҳои дунё ҳангоми таҷлили ин иди бузург, новобаста аз забон ва мансубияти миллӣ одамон якдигарро бо ибораи тоҷикии «Наврӯз муборак» табрик менамоянд.

Фалсафаи Наврӯз покӣ, некӣ, ростӣ, баробарӣ, тавозуну эътидол, пирӯзии некӣ бар бадӣ, рӯшноӣ бар торикиро дар бар мегирад. Ниёкони мо тинату сиришти пок, некӣ, ваҳдат, ростӣ, инсондӯстиро мепарастиданд ва ба ин арзишҳои инсонӣ эҳтиром қоил буданд. Беҳуда нест, ки ин арзишҳои ниҳоят муҳим асоси фалсафаи ҷашни Наврӯзро ташкил медиҳанд. Гузаштагони миллати тоҷик шуруъ аз аҳди Каюмарс, Фаридун, Ҷамшед, Дориюш, Доро, Кайхусрав, Куруши Кабир ва давраи ҳукмронии Сосониён ва Сомониён андешаҳои инсонпарваронаро пайравӣ намуда, тавонистанд ин арзишҳои волои инсониро ба фалсафаи ҷашни Наврӯз ворид намоянд. Бино ба ҳикмати Наврӯз, ба табиат созгор будану қонунҳои онро эҳтирому иҷро намудан ва худро (инсонро) қисми таркибии олам шуморидан арзиши муҳими дарки ҷаҳон аст.

Ҷашни Наврӯз дарбаргирандаи ғояҳои покии зоҳиру ботин, ростию росткорӣ, сидқ дар аҳду паймон, адлу инсоф, нигоҳ доштани ҳадди эътидол дар муносибатҳои хонаводагӣ, ҷамъиятӣ ва илмию фарҳангӣ мебошад. Наврӯз ҷашни инсонмеҳвар буда, барои зиндагии хушбахтонаи одамон- чӣ дар табиат ва чӣ дар ҷомеа муҳити мусоид фароҳам меоварад, эътидолу мувозинат ва назму низомро дар муносибат ба ҷомеаву табиат риоя менамояд. Ба навъе Наврӯз ибтидои олам, илм дар бораи табиат, оғоз ва рушди он буда, ба фарҳанги дарки оламу одам табдил ёфтааст.

Дар нахусткитоби башар “Авасто” омадааст: «Роҳ якест ва он роҳи ростист, дигар ҳама роҳҳо бероҳаанд». Бисёре аз таърихнигорон ва файласуфон аз даврони бостон то имрӯз арзишҳои наврӯзӣ ва арзишҳои инсониро мутавозин ва барои беҳдошти якдигар баманфиат донистаанд.

Бояд гуфт, ки омили аслии мондагории Наврӯз, пеш аз ҳама, он аст, ки ин ҷашн аз оғози пайдоиш то ба имрӯз ба суди ҳамагон буду ҳаст. Касоне, ки дар ин ҷашни бузург иштирок менамоянд, низ аз адлу дод ҳимоят ҷуста, бар зиёни ҳеҷ касе иқдоми бад нахоҳанд кард. Он чӣ дар зеҳн ва амалу кирдори мардум дар ёдкарди ин ҷашн рӯ мезанад, шодӣ асту сурур, хайр асту баракат ва тандурустиву комёбӣ. Ба ин далел ин суннати фархунда дар зеҳну амалу кирдори мардуми мо ба сурати одату анъанаи нек даромада, дар шумори корҳое аст, ки иҷрояш барои ҳар фард суннат буда, душвориҳоро мезудояд ва навиду хушию шодмониву некбахтӣ меорад.

Аз дидгоҳи ҳадаф, муҳтаво, мақсаду маром Наврӯз фарҳанге аст мукаммалу яклухт ва пеш аз ҳама, падидаи воқеию табиии кайҳонӣ, яъне бозгашти табиат ба давраи нави хеш. Гардиши табиат унсури асосии фалсафаи Наврӯз мебошад. Ба ибораи дигар, Наврӯз қонуни воқеии табиат, донишу шинохти воқеии олами ҳастиро дар худ ғунҷондааст.

Инсон табиатан ҳама гуна падидаҳои барояш муҳимро тафсиру обуранги фалсафию эстетикӣ медиҳад. Наврӯз ҳам бо назардошти падидаи воқеии кайҳонӣ буданаш боз ба рамзи бозгашт ба фасли орзу ва ормонҳо, умед ба зиндагии беҳтар, фасли деҳқонӣ табдил меёбад. Наврӯз рамзи баҳори зебо аст, аз ин рӯ дар заминаи ҷаҳонбинии некбинона ба миён омадааст. Мардум гоҳ ошкоро, гоҳе пардапӯшона ва ҳатто баъзан бар зидди идеологияҳое, ки мухолифи Наврӯз буданд, ин ҷашни фархундаро бо хешу табор, аҳли деҳа, гузару маҳалла ва шаҳру ноҳия истиқбол мегирифт.

Дар байни пажуҳишгарон дар бораи асли пайдоиши Наврӯз се ақидаи маъмул вуҷуд дорад. Якеҳо онро ба фарҳанги бобулӣ ва шумерӣ мепайванданд. Дигарон пайдоиши Наврӯзро ба ойини зардуштӣ нисбат медиҳанд. Гурӯҳи сеюм шоҳ Ҷамшедро бунёдгузори ин ҷашни бостонӣ мешуморанд.

Воқеан ҳам, Наврӯз ҷашни табиие аст, ки ҳеҷ гуна назари хосеро ба гурӯҳе ё миллату ҷомеае бор намесозад ва ҳеҷ ҳадафи мазҳабӣ, сиёсӣ ё иқтисодиву низомиеро дунбол намекунад.

Наврӯз на кайфияте барои табақаи хос меофаринад ва на ба нажодеву расмеву ойине таҳдид менамояд. Барои Наврӯз сарватманду дорову нодор, пеш аз ҳама, инсон ҳастанд. Руҳи табақотӣ ва тамоюли тафриқаангезӣ надорад. Ба ҷойгоҳи иҷтимоӣ, ҷоҳу ҷалол ва рангу пӯсти инсонҳо коре надорад. Ҳамаро як хел пазироӣ менамояд ва башоратҳояш низ ҳақиқиву воқеӣ буда, мансуб ба ҳамаи ақвому миллатҳо аст. Навидаш ҳамагонӣ ва ҳамасоз аст. Аз имрӯзу фардо сухан мегӯяд ва дар ҳамин равиш гузаштаҳоро ба ояндаҳо пайванд мезанад. Ҳамчунон ки башарият асилтарин тасвирашро дар ойиинҳои он бубинад ва бо расму ҳувияти ягонаи инсонӣ ошно шавад.

Давоми таърих бардавом мондани ҷашни Наврӯз табиӣ будани он аст. Умри тӯлонӣ ва бардавоми Наврӯз ва табиӣ будани он боис гардид, ки гурӯҳе натавонист худро созандаи Наврӯз бишуморад. Ҳамин аст, ки дар дарозои таърих қавмҳо, халқият ва миллатҳои гуногун онро писандиданд ва чун фарҳангу тамаддуни худ қабулаш намуданд. Маҳз бо ҳамин далели надоштани тамоюли мазҳабӣ ва сиёсӣ Наврӯз таваҷҷуҳи мардумони кишварҳои гуногун, шуруъ аз Чину Ҷопон то кишварҳои Ғарбро ба худ ҷалб намуд. Ҳоло ки Наврӯз ҷашни ҷаҳонӣ шуд, ақвоми гуногуни дунё онро ба хотири табиӣ ва қарини дилу руҳи миллатҳои гуногун буданаш пазируфтаанд.

Яке аз маросими муҳими наврӯзӣ ороиши суфраи ҳафтсину ҳафтшин аст, ки то кунун побарҷо аст. Хусусияти хоси ин маросим пайвасти табиату инсон буда, аз суннатҳои неки ахлоқию фарҳангӣ ва ҷаҳоншиносии миллати тоҷик дарак медиҳад. Ин маросим як навъ паёми неъматҳои табиат ба инсон аст, зеро инсон бе табиат зинда буда наметавонад.

Рӯйи дастархони наврӯзӣ чидани ҳафт сину ҳафт шин як лаҳзаи зинда доштани ҳофизаи таърихиву фарҳангӣ, пазироии содиқона аз арвоҳ ва ёди гузаштагон низ ҳаст, ки зиндаҳо бар онҳо ҳаққи хидмат доранд. Суфраи наврӯзӣ ё ҳафтшину ҳафтсин ҷанбаи тамсилии зиндагонии башарро низ ифода менамояд, ки паёми воқеии созандааш ҷиҳати афзоиши хайру баракат, тандурустӣ, сарват, хушбахтӣ ва фаровонӣ дар Соли нав аст. Дар маҷмуъ, метавон хулоса намуд, ки он чӣ ки суфраи ҳафтсину ҳафтшин фаро мегирад, рамзи расидан ба зиндагии шоиста, фаровонӣ, бе дарду ранҷ ва осудагиву бе нигаронӣ аст, ки ормони ҳамешагии инсонҳо буда, фарогири моҳияти умумибашарии ин ҷашни ҷаҳонӣ аст.

Ин аст, ки 18 феврали соли 2010 дар Иҷлосияи 64-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид (СММ), таҳти фасли 49, ки унвони «Фарҳанги ҷаҳон»-ро дорад, қатъномаи «Рӯзи ҷаҳонии Наврӯз» ба тасвиб расид. Он бо пешниҳоди давлатҳои Тоҷикистон, Эрон, Афғонистон, Озарбойҷон, Қазоқистон, Туркия ва Туркманистон мавриди баррасӣ қарор ёфт. Дар қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид гуфта мешавад, ки ҳамасола дар тамоми ҷаҳон 21 март Рӯзи байналмилалии Наврӯз таҷлил гардад. Соли 2016 ба қарори ЮНЕСКО ҷашни бостонии Наврӯз ба Феҳристи осори фарҳанги умумиҷаҳонӣ ворид шуд. Бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон ва чанд давлати ҳавзаи Наврӯз ба Феҳристи осори фарҳанги ғайримоддии умумиҷаҳонии созмони ЮНЕСКО, ки 28 ноябр ва 2 декабри соли 2016 дар ҷаласаи ёздаҳуми байнидавлатии ЮНЕСКО доир ба ҳифзи мероси фарҳанги ғайримоддӣ дар шаҳри Аддис-Абебаи Ҳабашистон баргузор шуд, расман сабти ном гардид.

Баъди соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон Наврӯз ба ҷашни маҳбуби давлатамон табдил ёфт. Дар Тоҷикистон Наврӯз хотирмон ҷашн гирифта мешавад. Рӯзҳои ҷашн дар Тоҷикистон рӯзҳои истироҳат эълон шудаанд. Дар мамлакати мо ҳеч дигар ҷашне бо чунин шукуҳу шаҳомат таҷлил намешавад.

Наврӯз ҷашни ваҳдату ягонагӣ аст. Маҳз ба ҳам овардани миллатҳову фарҳангҳо буд, ки ваҳдати кишварҳои ҳавзаи Наврӯзро ба вуҷуд овард. Талошҳои давлатҳои ҳавзаи Наврӯз сабаб гардид, ки онҳо дар якҷоягӣ ба таври расмӣ ҷашн гирифтани онро ба Созмони Милали Муттаҳид пешниҳод намоянд. Соли 2010 дар ватани мо нахусти маротиба пас аз ҷаҳонӣ шудани он Наврӯз дар Тоҷикистон хотирмон ва бошукуҳу шаҳомат бо иштироки сарони давлатҳои ҳавзаи Наврӯз таҷлил гардид.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар ҷашни Наврӯз аз тасмими Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар мавриди байналмилалӣ эълон намудани ҷашни Наврӯз истиқбол намуда, барҳақ фармуданд: «Кулли тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон ва қавму миллатҳои гуногуни олам ба иди аҷдодии мо-Наврӯз ҳамчун мероси маънавию фарҳангии инсоният арҷ мегузоранд».

Оре, Наврӯзи ҷаҳонафрӯз ҷашне аст, ки халқҳову миллатҳои гуногуни ҷаҳонро новобаста аз миллат, дин ва дигар тафриқаҳо дар асоси андешаи ваҳдату ягонагӣ ба ҳам меорад ва бо ҳамин ба суботу осоиштагии давлатҳо мусоидат менамояд.

АКС: АМИТ «Ховар»/манбаъҳои боз

Март 21, 2024 14:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷойгоҳи паёмҳои Президенти Тоҷикистон дар таъсиси ниҳодҳои хос оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон назаррас аст
ҲИЗБИ СОЗАНДАИ ДАВЛАТИ МИЛЛӢ. Андешаҳо дар мавриди 30-солагии таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон
НЕРУИ СИЁСИИ ПУРИҚТИДОР ВА МАКТАБИ ТАРБИЯИ КАДРҲОИ ТАВОНО. Ба ифтихори 30-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон
ИМРӮЗ-РӮЗИ ГЕОЛОГҲОИ ТОҶИКИСТОН. «Атласи равандҳои экзогениву геологии Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳия гардид
ДАР ҲАМБАСТАГӢ БАР ЗИДДИ КОРРУПСИЯ МУҚОВИМАТ НАМОЕМ! Мубориза бо ин зуҳуроти номатлуб дар сиёсати давлатии Тоҷикистон масъалаи асосӣ аст
Конҳои Тоҷикистон дорои зиёда аз 60 навъи ашёи хоми маъданию ғайримаъданӣ мебошанд
МЕҲРГОН-ИДИ МЕҲРУ МУҲАББАТ. Ин ҷашни бостонии тоҷикон ба Феҳристи репрезентативии мероси фарҳанги ғайримоддии башарият ворид гардид
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Турб ба хориҷ шудани холестерин аз организм мусоидат менамояд
«РОҒУН» — АРСА ВА КОРЗОРИ НАНГУ ОРИ МИЛЛӢ. Бунёди ин кохи бузурги асри XXI барои тоҷикон хеле муҳим мебошад
ЗИҲӢ, ЭЙ ПЕШВО, ЭЙ ҚАҲРАМОНМАРД. Эҳдо ба ҷашни 30 — солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон
САНЪАТИ РУБОБСОЗӢ ВА РУБОБНАВОЗӢ. Ин асбоби мусиқии миллии тоҷикон ба Феҳристи репрезентативии мероси фарҳанги ғайримоддӣ ворид карда шуд
«ҲАФТКӮЛ». Ҷоиз аст, ки ин мавзеи зебои Тоҷикистон ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО пешниҳод гардад