Наврӯзи байналмилалӣ дар шаҳри Вена таҷлил гардид
ДУШАНБЕ, 15.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси маҷаллаи дипломатии «Society Magazin» дар ҳамкорӣ бо намояндагиҳои дипломатии давлатҳои ҳавзаи Наврӯз, аз ҷумла Тоҷикистон, Афғонистон, Озарбойҷон, Ироқ, Қазоқистон, Қирғизистон, Покистон, Туркманистон, Узбекистон ва Эрон ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шукуҳу шаҳомати хосса дар шаҳри Вена таҷлил гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Зимни маърака кишварҳои иштирокдор гӯшаи фарҳангиашонро оро доданд, ки дар қатори онҳо гӯшаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо хӯроку шириниҳои лазизи наврӯзӣ, ҳафтсину ҳафтшин, ҳунарҳои дастии қадимии мардумӣ, аз қабили сӯзаниву гулдӯзӣ омода шуда буд.
Дар таҷлили наврӯзӣ намояндагони вазорату идораҳои кишвари иқомат, созмонҳои байналмилалӣ ва ҳайати дипломатии муқими Вена иштирок доштанд.
АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон









Китобҳои «Эмомалӣ Раҳмон — Ҷамшеди рӯзгори мо» ва «Наврӯз аз Рӯдакӣ то имрӯз» муаррифӣ гардиданд
Сафири Тоҷикистон бо раиси шаҳри Брюссел мулоқот намуд
Ҳамкории гуногунҷанбаи мутақобили судманди Тоҷикистону Ҷумҳурии Корея баррасӣ гардид
Сироҷиддин Муҳриддин бо Таалатбек Масадиқов мулоқот намуд
Дар Сеул мулоқоти масъулони Саммити «Осиёи Марказӣ– Ҷумҳурии Корея» баргузор гардид
Намояндаи Тоҷикистон бо мудирони ҳамиҷроияи Комиссияи байналмилалии зидди ҳукми қатл мулоқот намуд
Тоҷикистон аъзои Комиссияи СММ оид ба вазъи занон барои солҳои 2027–2031 интихоб шуд
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Донишкадаи энергетикии Москва бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар Париж Наврӯзи байналмилалиро таҷлил карданд
Сафири Тоҷикистон бо Директори Академияи дипломатии Вена мулоқот намуд
Густариши робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Австрия баррасӣ гардид
Бахшида ба Наврӯз дар Боку шоми фарҳангии «Chakan Fashion Show: мероси анъанаҳо давоми асрҳо» баргузор шуд






