Китобҳои «Эмомалӣ Раҳмон — Ҷамшеди рӯзгори мо» ва «Наврӯз аз Рӯдакӣ то имрӯз» муаррифӣ гардиданд
ДУШАНБЕ, 10.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо ибтикори Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон «Пайванд» бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз ва 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ду китоби шоҳномашинос, доктори илмҳои суханшиносӣ аз Афғонистон Яъқуби Ясно бо номҳои «Эмомалӣ Раҳмон — Ҷамшеди рӯзгори мо» ва «Наврӯз аз Рӯдакӣ то имрӯз» рӯнамоӣ гардиданд. Дар ин хусус мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад.
Иттилоъ дода шуд, ки мақолаҳои ин китобҳо дар муддати даҳ сол навишта шудаанд. «Эмомалӣ Раҳмон — Ҷамшеди рӯзгори мо» якумин мақолаест, ки аз ҷониби муаллиф соли 2016 дар Кобул дар рӯзномаи «Мондагор» нашр гардид.
Иштирокчиён иброз доштанд, ки китоб дар бораи талошҳои Президенти Ҷумҳуриии Тоҷикистон буда, ба таҳкими ваҳдат, худшиносии миллӣ ва эҳтиром ба арзишҳои давлатӣ мусоидат мекунад. Китоб маҷмуаи мақолаҳоро дар бар мегирад, ки муаллиф дар солҳои гуногун ба нашр расонида, хулосаи сафарҳояшро баён намудааст. Қисме аз онҳо ба тозагӣ навишта шуда, бори аввал интишор меёбанд ва матолиби ҷолибро фаро мегиранд.
Донишманд Яъқуб Ясно шахсияти нотакрори сиёсӣ ва абармарди фарҳанггустар будани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро равшан баён намуда, саҳми Сарвари давлатро дар раванди ислоҳоти ҷомеа муҳим арзёбӣ менамояд. Муҳаққиқ дар китоб таъкид намудааст ки «Эмомалӣ Раҳмон Наврӯзро ҳамчун паёмовари сулҳи фарогир ва ҳамзистии ҷаҳонӣ медонад».
«Хушбахтона, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ирода ва огоҳии фарҳангӣ аз ҷашни Наврӯз ҳувияти фарҳангии тоҷикон ва тамоми ҳавзаи фарҳангии моро посдорӣ ва дифоъ менамоянд. Ин иродаи муҳтарами эшон барои ҳамаи мо аз назари аҳамияти фарҳангӣ ва ҳувиятӣ сарнавиштсоз мебошад»,- изҳор намудааст Яъқуб Ясно.
Яке аз бобҳои китоб «Давлати кунунии Тоҷикистон — меросдори давлати Сомониён» ном дошта, дар он масъалаи меросдории тоҷикон баррасӣ гардида, соҳиб будани онҳо ба фарҳанг ва таърихи давлати Сомониён таҳлил шудааст.
Таҳқиқоти донишманди тоҷики Афғонистон, доктор Яъқуб Ясно қадами ҷиддӣ дар таҳкими дӯстии давлатҳои ҳамҷавор буда, муҳаббати бепоёни ӯро ба мардуми тоҷик ва сарвари давлати онҳо нишон медиҳад.
Пажӯҳишгар ва нависанда Яъқуб Ясно зимни суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз намуд, ки вақте Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сулҳ ва ваҳдати миллиро дар Тоҷикистон барқарор намуд, ба мавзуи бисёр муҳими дигар-ҳувият ва худшиносии миллии тоҷикон таваҷҷуҳ намуданд.
«Нақши тоҷикон дар шаклгирии забон ва адабиёти форсӣ ва ривояти миллӣ пас аз Сомониён то оғози давраи роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба гӯшаи фаромӯшӣ рафта буд. Хушбахтона, маҳз дар давраи роҳбарии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тоҷикон аз лиҳози фарҳангӣ ва миллӣ дар ҷойгоҳи таърихии худ қарор гирифтанд. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба нақши тоҷикон дар шаклгирии ҳувият ва фарҳанги ориёӣ таъкид намуд ва мамлакатҳои минтақа ва ҷаҳон ҷойгоҳи тоҷиконро дар ин раванд дарк карданд», — баён намуд Яъқуб Ясно.
Ёдовар мешавем, ки дар китоб мақолаҳои шоҳномашинос, доктори илмҳои суханшиносӣ аз Афғонистон Яъқуби Ясно оид ба давлатсозӣ ва талошҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти таҳкими пояҳои давлатдорӣ, ваҳдати миллӣ, худшиносии миллӣ ва рушди фарҳангу маърифати ҷомеа гирдоварӣ шудаанд.
Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар доираи сафари давлатии Президенти Тоҷикистон дар Улан-Батор Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтитоҳ гардиданд
Дар ноҳияи Нуробод намоиши сайёри «Инъикоси обу пирях дар асарҳои рассомони Тоҷикистон» ифтитоҳ гардид
Филми ҳунарии «Моҳӣ дар шаст» дар Ҷашнвораи байналмилалии филмҳои Созмони ҳамкории Шанхай соҳиби ҷоиза шуд
Имрӯз Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Муғулистон баргузор мегарданд
Рӯзи фарҳанги шаҳри Левакант дар фазои идона баргузор гардид
Дар Рӯзи фарҳанги шаҳри Хуҷанд дастовардҳои шаҳр муаррифӣ карда шуданд
Имрӯз дар Душанбе Рӯзи фарҳанги ноҳияи Темурмалик доир гардид
«МӮҚАЛАМЕ, КИ ТАЪРИХРО ТАҶАССУМ НАМУДААСТ». Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши асарҳои Ашур Ҳайдаров ифтитоҳ ёфт
Дар пойтахт рӯзҳои фарҳанги шаҳри Хуҷанд, Левакант ва ноҳияи Темурмалик доир мегардад
Дар Рӯзи фарҳанги ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ҳунарҳои мардумӣ ва маҳсулоти кишоварзӣ пешниҳод гардиданд
Дар Душанбе Рӯзи фарҳанги ноҳияи Зафаробод баргузор шуд
Дар Рӯзи фарҳанги шаҳри Кӯлоб аз маҳсулоти кишоварзӣ то ҳунарҳои мардумии сокинон муаррифӣ гардид






