НАЗАРИ КОРШИНОС. Масъалаи дарки манфиати миллӣ ва ҳимояи он аз тамоми ҷомеа, хосса ходимони дин дониши баланди сиёсӣ талаб менамояд

Март 13, 2024 08:57

ДУШАНБЕ, 13.03.2024. /АМИТ «Ховар»/. Тамоми аҳли зиё ва намояндагони дин бояд ҳисси баланди ифтихори миллӣ ва дараҷаи баланди дарки манфиати миллӣ дошта бошанд, то ин ки ҳангоми тарғиби ғояву арзишҳои динӣ манфиатҳои миллиро дар мадди аввал гузоранд. Масъалаи дарки манфиати миллӣ ва ҳимояи он аз тамоми ҷомеа, хосатан ходимони дин дониши баланди сиёсӣ талаб менамояд. Зеро агар онҳо бо донишҳои сиёсӣ мусаллаҳ бошанд ва вазъи печидаву мураккаби геополитикии муосирро дарк намоянд, метавонанд аз манфиати миллату давлат ҳамеша пуштибонӣ намоянд ва аз ҳама муҳим, ба доми фиреби гурӯҳҳои манфиатхоҳ гирифтор нашаванд.

Чунин изҳор медорад сардори Раёсати таъминоти иттилоотии Маркази тадқиқоти стратегиии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Зубайдулло Давлатов дар ҳошияи мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини мамлакат.

— Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати дунявӣ муносибаташро ба дин ва созмонҳои динӣ бо назардошти ҷудо будани ташкилоти динӣ аз давлат ва мудохила накардани онҳо ба фаъолияти якдигар пеш мебарад. Аз ҷумла, дар моддаи 8-уми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст: «Ташкилотҳои динӣ аз давлат ҷудо буда, ба корҳои давлатӣ мудохила карда наметавонанд». Моҳияти принсипи дунявият ва муносибати давлат ба дин дар моддаҳои 1,5, 8, 26, 30 ва 100-уми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мукаммал шарҳ дода шудааст.

Агар ба осори мутафаккирони тоҷику форс назар андозем, яке аз аввалин андешаманде, ки масъалаи муносибату ҳамкории давлат ва динро ба таври бисёр дақиқ таҳлил намудааст, Абулқосим Фирдавсӣ мебошад. Ӯ дар ин маврид чунин гуфтааст:

Чунон дину давлат ба ҳам андаранд,
Ту гӯйӣ ду дурре зи як гавҳаранд.
На бе тахти шоҳӣ бувад дин ба пой,
На бе дин бувад шаҳриёрӣ ба ҷой.

Фирдавсии Тӯсӣ пояндагии дину давлатро як чизи зарурӣ шуморида, мавҷуд будани робитаҳои дурусту мутавозини онҳоро кафолати ҳифзу бақои ҳам давлат ва ҳам дину мазҳаб донистааст.

На давлат мавҷудияти дин ва на дин мавҷудияти давлатро ба таври умумӣ инкор намекунанд, вале будани як консепсияи муносибати давлат ҳифзи оромӣ, субот, амният ва рушди ҳамаҷонибаи ҷомеаро таъмин намуда метавонад.

Дин ҳиссиёти нозук, ҳассос, муқаддас ва муҳими мардум– шаҳрвандон аст, ки бо риояи урфу одат ва ҷашну ойинҳои фарзию суннатӣ амалӣ мегардад. Давлату Ҳукумат онро ҳамчун арзиши маънавӣ эътироф ва эҳтиром намуда, барои рушду инкишофи солиму созандаи он мусоидат менамоянд.

Ҳангоми суханронӣ дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини мамлакат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд: «Бори дигар такрор менамоям, ки ин ҳама аз баракати муқаддастарин неъмати зиндагии халқамон – истиқлолу озодӣ ва дунявӣ будани давлатамон аст, ки барои пайравони ҳамаи динҳо имконияти баробар ва шароити озоду созгори эътиқодиро фароҳам овардааст».

Дар мулоқот баён шуд, ки имрӯз дар Тоҷикистон ба 2000 шаҳрванд як масҷид рост меояд. Ин нишондиҳанда дар кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил 3–3,5 ҳазор ва дар дигар кишварҳои ҷаҳон 5–5,5 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Дар Тоҷикистон дар қатори ташкилоти динии исломӣ 67 ташкилоти динии ғайриисломӣ низ озодона фаъолият доранд. Ҳамаи ин нишонаи озод будани фазои фаъолият барои ташкилоти динӣ мебошад.

Яке аз масъалаҳои бисёр муҳиме, ки ба муносибати дину давлат ва маърифати динии мардум робитаи зич дорад, муносибати қонунгузорӣ нисбат ба таълими динӣ ва фаъолияти муассисаи таълимии динӣ мебошад. Дар ин робита дар моддаи 7-уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» чунин омадааст: «Мутобиқи принсипи ҷудо будани таҳсилоти давлатӣ аз иттиҳодияҳои динӣ таълим дар муассисаҳои давлатии таҳсилоти умумӣ хусусияти дунявӣ дошта, дастрас будани намудҳо ва зинаҳои гуногуни таҳсилот, новобаста аз муносибат ба дин таъмин карда мешавад». Яъне, давлат барои ҳамагон ба таври баробар таҳсилоти умумии дорои хусусияти дунявиро таъмин месозад ва ҳар нафар новобаста ба эътиқодоти динияш ба таҳсили умумӣ фаро гирифта мешавад. Ҳамчунин дар идомаи қонун омадааст, ки давлат дар низоми таҳсилоти давлатӣ вазифаи таълим ва тарбияи кӯдаконро аз рӯйи интихоби динӣ ё атеистии падару модар ё шахсони онҳоро ивазкунанда ба уҳда намегирад. Яъне таълиму тарбияи кӯдакон вобаста ба эътиқодоти онҳо набуда, балки ба таври умумӣ ва ягона гузаронида мешавад.

Дар мулоқоташон бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини мамлакат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои динии Тоҷикистонро таҳлили амиқ намуда, аз ҷумла чунин фармуданд: «Таҳлилу баррасии иқдоми давоми беш аз 32 сол амалинамудаи Ҳукумати Тоҷикистон дар муносибат ба дин нишонаи он аст, ки давлати демократӣ ва дунявии мо дар роҳи таъмин намудани озодии виҷдон қадамҳои устувор гузошта, рисолат ва вазифаи таърихиашро дар назди мардуми эътиқодманд дар сатҳи зарурӣ иҷро менамояд».

Ҳамзамон дар асоси ин қонун давлат таълими фанҳои диншиносиро, ки хусусияти иттилоотиву маърифатӣ дошта, бо анҷом додани ибодат ва расму суннатҳои динӣ доир намешаванд, ба барномаҳои таълимии муассисаҳои таълимии давлатӣ дохил намуда метавонад. Ин маънии онро дорад, ки давлат бо назардошти зарурат ва тақозои замон метавонад ба барномаи таълимии муассисаҳои давлатӣ фанни марбут ба диншиносиро ворид созад. Дар робита ба ин, солҳои охир дар барномаи таълимии мактабҳои олӣ фанни диншиносӣ ворид шудааст, ки ин амал бисёр дурбинона ва саривақтӣ мебошад. Зеро имрӯз омӯзиши фанни диншиносӣ барои ҷавонон бисёр муҳим буда, он то андозае дар баланд гардидани маърифати динӣ ва паст шудани тамоюли гаравиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротии динӣ мусоидат менамояд.

Дар таҷрибаи давлатҳои ҷаҳон се модели асосии муносибати давлат ва дин фарқ мекунад:

– Давлати теократӣ ва ё монархияи теократӣ, ки дар он ба дини ягона дар давлат бартарӣ дода мешавад ва арзишҳои дини ҳукмрон асоси идеологияи давлатиро ташкил медиҳанд.

– Давлатҳои атеистӣ асосан дар асри бисти милодӣ вуҷуд доштанд, ки динро ҳамчун падидаи манфӣ ва фиребо арзёбӣ менамуданд.

– Давлати дунявӣ, ки дар он озодии виҷдон ва эътиқод эълон мегардад, ки аксари давлатҳои ҷаҳон ин низомро интихоб намудаанд.

Тибқи Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати дунявӣ мебошад, ки озодии виҷдон ва эътиқодро эълон намуда, дар баробари ин ба арзишҳои суннатии миллат арҷ мегузорад. Давлат ҳамчун ташкилоти сиёсии аҳли ҷомеа озодиро эҳтиром мекунад ва исломи суннатиро дастгирӣ менамояд, инкишоф медиҳад ва дар корҳои тарбиявию ахлоқӣ истифода мебарад.

Бояд гуфт, ки ҳам зиёдаравию ифрот дар дин ва ҳам тафриқаи арзишҳои динӣ дар ҷомеа, яъне инкори он оқибати манфӣ дорад ва роҳи оқилонаву муносибати дуруст- ин усули давлатдории дунявӣ мебошад, ки натиҷаи рушду инкишофи таърихии тамаддуни инсонӣ буда, метавонад таносуби дину дунёро дар тарозуи арзишҳои иҷтимоӣ риоя намояд.

Дар мулоқот Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи таҳсили ғайрирасмии динӣ дар дохил ва хориҷи мамлакат сухан гуфта, таҳдиду хатарҳои онро муқаррар намуда, чунин изҳор доштанд: «Шахсоне, ки аз таҳсил дар муассисаҳои таълими динии ғайрирасмӣ ва шубҳаноки кишварҳои хориҷӣ бармегарданд, ба фазои динии Тоҷикистон афкори тундраву душманонаро ворид месозанд».

Масъалаи аз нигоҳи маърифатӣ дарк намудани арзишҳои динӣ ва суннатҳои он давоми таърих асоси таълимоти бузургони миллати тоҷикро ташкил медод. Тамоми донишмандону рӯшанфикрони тоҷик, аз қабили Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ, Абулқосим Фирдавсӣ, Носири Хусрави Қубодиёнӣ, Абуалӣ ибни Сино, Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, Шайх Саъдии Шерозӣ, Хоҷа Ҳофизи Шерозӣ, Камоли Хуҷандӣ, Мирзо Абдулқодири Бедил ва Аҳмад Махдуми Дониш бо роҳи баланд бурдани маърифату худшиносӣ ба дарк намудани муаммои дунёву охират даъват менамуданд ва аз он ҳушдор медоданд, ки тақлиди риёкорона ва муносибати зоҳидона ба дин ба нобудии он меорад. Чӣ тавре Ҳофизи Шерозӣ, ки худ ҳофизи Қуръон буд, фармудааст:

Оташи зуҳду риё хирмани дин хоҳад сӯхт,
Ҳофиз ин хирқаи пашмина биандозу бирав.

Бо ташаббус ва дастгирии Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати мамлакат чорабиниву маъракаҳои сиёсиву фарҳангии дорои хусусияти диниву мазҳабӣ дар сатҳи давлатӣ гузаронида шуданд. Мисол, ба забони тоҷикӣ тарҷума намудани Қуръони маҷид, таъсиси Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар сатҳи байналмилалӣ таҷлил намудани 1310-солагии Имоми Аъзам–Абуҳанифа ибни Нуъмон, сол аз сол зиёд намудани квота ба сафари ҳаҷ барои шаҳрвандон ва ғайра мебошанд.

Бояд гуфт, ки маҳз дар ин марҳала бо назардошти заҳмату талош ва саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳимояи ислом Президенти Тоҷикистон ба рӯйхати 500 мусалмони беҳтарини ҷаҳони ислом ворид шуданд. Тавре ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид намуда буданд: «Ҳам давлат ва ҳам аҳкоми дин барои тезтар барҳам додани руҳияи ҷоҳилӣ, ҳаромхӯрӣ, авомфиребӣ, бадахлоқӣ дар ин марҳалаи ҳассос бояд мубориза баранд».

Муносибати давлат ва дин дар оянда низ бояд дар асоси эҳтиром, муросо, мадоро ва ҳамкории мутақобилаи судманд амалӣ  шуда, давлат дар таҳкими арзишҳои комил ва солими динӣ саҳм гирад ва намояндагони дин барои амалишавии ҳадафҳои миллӣ нақш гузоранд.

Гурӯҳҳои манфиатхоҳ тавассути таъсиррасонии манфӣ ба шуури омма мехоҳанд ба мақсадҳои ғаразнокашон,  аз қабили ҳамроҳкунии аҳолӣ ба гурӯҳҳои ифротиву тундгаро ноил шаванд. Аз ин хотир мақомот ва муассисаҳои давлатӣ бояд тавассути воситаҳои ахбори омма андешаи солими иҷтимоиро нисбат ба арзишҳои динӣ ташаккул диҳанд, то ин ки дар муборизаҳои иттилоотӣ бо ин гурӯҳҳо истодагарӣ намуда тавонанд.

АКС аз манбаъҳои боз

Март 13, 2024 08:57

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАВСИФИ ГИЁҲШИНОСИИ БАРГИ ЗУФ. Он хусусияти зиддиилтиҳобӣ ва таскинбахшӣ дорад
ИФРОТГАРОӢ-РОҲ БА СӮИ НОУМЕДӢ. Насли ҷавони тоҷик бояд тамоми кӯшишу ғайраташро ба донишомӯзию ободкорӣ равона намояд
САБАБИ ГАРАВИДАНИ ҶАВОНОН БА ГУРӮҲҲОИ ТЕРРОРИСТИВУ ЭКСТРЕМИСТӢ ДАР ЧИСТ? Андешаҳо доир ба роҳҳои пешгирии ин зуҳуроти номатлуб
Пиряхҳои Тоҷикистон объекти муҳити зист ва манбаъҳои стратегии захираҳои об мебошанд
Чанд андеша дар ҳошияи сафари расмии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Аврупо
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Қонун меҳвари фаъолият, зиндагӣ ва мавҷудияти минбаъдаи сокинони мамлакат бошад
АФЗАЛИЯТ ВА БАРТАРИЯТИ ХИЗМАТИ АСКАРӢ. Ҷавонон баробари ворид шудан ба хизмат таҳти ҳимояти Артиши миллӣ қарор мегиранд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истифодаи барги тару тозаи қоқу кори узвҳои ҳозимаро тақвият мебахшад
ИФРОТГАРОӢ-ЗУҲУРОТИ НОМАТЛУБ. Бояд ба тарбияи дурусти ҷавонон таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуд
ДУШАНБЕ — ҶАВҲАРИ ҶИЛОНОК ДАР БАЙНИ КӮҲҲОИ САРБАФАЛАККАШИДАИ ТОҶИКИСТОН. Эҳдо ба Рӯзи пойтахт
ИМРӮЗ- РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ АДЛИЯ. Онҳо дар сафи пеши ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои асосии инсон, ҳимояи қонуният ва адолат қарор доранд
ШАРИКИИ СТРАТЕГӢ ТАҚВИЯТ МЕЁБАД. Яке аз самтҳои муҳиму афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистонро ҳамсоягии нек бо давлатҳои минтақа ташкил медиҳад