«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Маблағи ҷоизаҳои пулии мусобиқа 100 ҳазор долларро ташкил медиҳад

Март 6, 2024 09:24

ДУШАНБЕ, 06.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. 8 март дар Муассисаи давлатии Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обӣ Мусобиқаи панҷуми байналмилалӣ оид ба гӯштини миллӣ- гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Дар мусобиқа зиёда аз 200  варзишгар аз 40 давлат иштирок намуда, маҳорат ва малакаи варзишиашонро нишон медиҳанд. Маблағи ҷоизаҳои пулии мусобиқа 100 ҳазор доллари амрикоиро  ташкил медиҳад.

Ҳадафи асосӣ аз гузаронидани ин мусобиқаҳои варзишӣ- ташвиқу тарғиб ва рушду равнақи варзиш, таъмини оммавияти варзишу солимгардонии сокинони  пойтахт  ва дар сатҳи баланди ташкилӣ таҷлил намудани ҷашни миллӣ — Наврӯзи байналмилалӣ мебошад.

Ёдовар мешавем, ки гӯштини миллии тоҷикӣ бо дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақоми байналмилалӣ гирифт, ки ба рушди минбаъдаи ин намуди варзиши миллӣ дар мамлакат мусоидат менамояд.

Бояд гуфт, ки гӯштини миллӣ яке аз  навъҳои маъмули бозиҳои миллӣ дониста шуда, имрӯз мақоми байналмилалиро соҳиб гардидааст. Ҳамасола дар доираи баргузории Ҷашни байналмилалии Наврӯз ин мусобиқа дар тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат бо иштироки варзишгарон ва дӯстдорони ин намуди варзиш дар сатҳи баланд баргузор мешавад.

Мақсад аз баргузории мусобиқа -ташвиқу тарғиби гӯштини миллӣ дар ҷумҳурӣ, фароҳам овардани имконоти фароғатию истироҳатӣ ва таъмини оммавияти варзиш дар мамлакат, мустаҳкам намудани дӯстиву рафоқат байни варзишгарон, баланд бардоштани маҳорати касбии онҳо, муайян намудани дастаи мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷалби ҷавонон ба ин намуди варзиш, ҳавасмандгардонии онҳо ва муаррифии паҳлавонон дар байни варзишгарони ҷумҳурӣ мебошад.

Гӯштини миллии тоҷикӣ ё гӯштингирӣ яке аз намудҳои маъмули гӯштин буда, дигар намудҳо, чун ҷудо, самбо, кураш ва камарбандӣ аз он сарчашма мегиранд. Гӯштингирӣ дар байни аҳолӣ мартабаи баланд дошта, барои  оммавӣ гардидани тарбияи ҷисмонӣ воситаи асосӣ ба ҳисоб меравад.

АКС аз манбаъҳои боз

Март 6, 2024 09:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Parimatch Tajikistan ва дастаи футболи «Истаравшан» ҳамкории муштаракро оғоз карданд
Ғолибони даври якуми Чемпионати Тоҷикистон-2026 оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ муайян шуданд
Дар ноҳияи Ёвон ғолибони мусобиқаи байналмилалӣ аз рӯи гӯштини ҷудо қадрдонӣ карда шуданд
PARIMATCH TAJIKISTAN ва КФ «Хуҷанд» оғози шарикии бузургро эълон карданд
Бозии дӯстона байни дастаҳои мунтахаби занонаи Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ мусовӣ анҷом ёфт
ҶОМИ ҶАҲОН ОИД БА БОКС. Аз Тоҷикистон дар ин мусобиқа даҳ варзишгар иштирок мекунад
Дар ноҳияи Данғара фестивали бозиҳои миллӣ бо шукуҳи хосса баргузор шуд
Лигаи футболи Тоҷикистон дар остонаи мавсими нав барои комиссарон семинари омӯзишӣ баргузор кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футболи электронӣ нахустин маротиба дар мусобиқаи FIFAe Nations League иштирок мекунад
Дастаи миллии занонаи Тоҷикистон оид ба футбол бо тими Амороти Муттаҳидаи Арабӣ ду бозии дӯстона доир мекунад
Дастаи миллии занонаи Тоҷикистон оид ба футбол дар Душанбе ба машқҳои дастҷамъона фаро гирифта шуд