Осиф Алӣ Зардорӣ дубора Президенти Покистон интихоб гардид

Март 11, 2024 08:34

ДУШАНБЕ, 11.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Осиф Алӣ Зардорӣ аз нав Президенти Покистон интихоб шуд. Тавре АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар ин хусус АЗЕРТАҶ бо истинод ба расонаҳои Покистон хабар дод.

Осиф Алӣ Зардорӣ аз эътилофе, ки сарвазири Покистон Шаҳбоз Шариф роҳбарӣ менамояд, номзад буд.

Ӯ дар интихоботи ду палатаи парлумони Покистон ва маҷлисҳои қонунгузори чаҳор вилоят бо 411 овоз интихоб шуд. Рақиби ӯ Маҳмудхон Ачакзай, ки аз ҷониби тарафдорони сарвазири собиқ Имрон Хон пуштибонӣ мешуд, ҳамагӣ 181 овоз ба даст овард.

10 март Осиф Алӣ Зардорӣ дар Кохи президент ҳамчун 14-умин Президенти Покистон савганд ёд намуд.

Ёдовар мешавем, ки Осиф Алӣ Зардорӣ солҳои 2008-2013 Президенти Покистон буд. Ӯ бо марҳум Беназир Бҳутто, ки солҳои 1988-1990 ва 1993-1996 сарвазири Покистон буд, издивоҷ намуда буд.

АКС аз манбаъҳои боз

Март 11, 2024 08:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд