ПЕШОМАДҲОИ РУШДИ УСТУВОРИ ПАХТАКОРӢ ДАР ТОҶИКИСТОН». Доир ба он дар Душанбе конференсияи байналмилалӣ оғоз ёфт

Март 4, 2024 15:35

ДУШАНБЕ, 04.03.2024. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе бо мақсади баррасии Стратегияи рушди пахтакории устувор ва дастгирии занҷираҳои истеҳсоли маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тоза таҳти унвони «Пешомадҳои рушди устувори пахтакорӣ дар Тоҷикистон: татбиқи занҷираи истеҳсолӣ» конференсияи байналмилалӣ оғоз гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».

Конференсия бо ташаббуси Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир шуда,ҳадаф аз баргузории он  баррасии масъалаҳои мухталифи марбут ба рушди пахтакорӣ ва таҳияи самтҳои асосии Стратегияи рушди устувори пахтакорӣ дар Тоҷикистон мебошад.

Зимни ифтитоҳи ҳамоиш Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбон Ҳакимзода иброз дошт, ки пахтакорӣ яке аз бахшҳои муҳими иқтисодиёти мамлакат маҳсуб шуда, соли 2023 қариб 5 фоизи маҷмуи маҳсулоти кишоварзиро ташкил дод.

Иттилоъ дода шуд, ки соли 2023 дар хоҷагиҳои пахтакори ҷумҳурӣ дар майдони зиёда аз 175 ҳазор гектар кишти пахта гузаронида шуда, беш аз 400 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ шудааст.

Таъкид шуд, ки бо зиёд гардидани аҳолӣ дар ҷаҳон, тағйирёбии иқлим, баланд шудани ҳарорат ва хушксолии дарозмуддат яке аз самтҳои муҳими гузариш ба саноатикунонии босуръати мамлакат- ин рушди пахтакории устувор мебошад.

Пахтакории устувор усулҳо ва амалияҳоеро дар бар мегирад, ки ба коҳиш додани таъсири манфӣ ба муҳити атроф ва баланд бардоштани устуворӣ ба тағйирёбии иқлим равона шудаанд. Ба чунин усулҳо истифодаи самараноки обёрӣ, ғизодиҳӣ, такмили селексия ва тухмипарварӣ, истифода бурдани навъҳои баландсифати ба гармӣ ва касаливу ҳашароти зараррасон тобовар дохил мешаванд. Аз ин рӯ Тоҷикистон ба ҷорӣ намудани якчанд стандарти устувори байналмилалӣ шуруъ намудааст, ки яке аз онҳо стандарти Better Cotton  мебошад.

Better Cotton — ин ташкилоти калонтарини дунё дар самти рушди стандарти пахтаи устувор мебошад. Ин стандарт дар умум ба беҳтар гардонидани истеҳсоли пахта равона гардидааст.

Ёдрас мешавем, ки Тоҷикистон соли 2013 дар байни давлатҳои Осиёи Марказӣ аввалин шуда, стандартҳои устуворро дар соҳаи пахтакорӣ тавассути татбиқи лоиҳаҳои озмоишӣ ҷорӣ намуд.

Дастгирӣ ва рушди истеҳсоли устувори пахта бо ҳадафу вазифаҳои Консепсияи таъсис ва рушди кластерҳои агросаноатӣ дар Тоҷикистон барои давраи то соли 2040, ки аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон қабул шудааст, мувофиқат менамояд. Ин консепсия ба рушди кластерҳои инноватсионии агросаноатӣ ҳамчун фишангҳои таҳкими рақобатпазирии истеҳсолкунандагони тоҷик равона шудааст.

Конференсияи байналмилалии «Пешомадҳои рушди устувори пахтакорӣ дар Тоҷикистон: татбиқи занҷираи истеҳсолӣ» ду рӯз идома ёфта, дар он мушкилот ва дурнамои соҳа муҳокима ва стратегияи рушди минбаъда муайян мешавад.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «
Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Март 4, 2024 15:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» таҳия гардидааст
КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд