Пойгоҳҳои обкашӣ дар ноҳияи Зафаробод пурра навсозӣ гардида, 2378 гектар замин ба гардиши кишоварзӣ ворид мегардад

Март 30, 2024 08:37

ДУШАНБЕ, 30.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Бо татбиқи лоиҳаи «Азнавсозии низомҳои обёрӣ» байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки авруосиёии рушд» иқтидори низоми обёрӣ дар ноҳияи Зафаробод ва шаҳри Гулистони вилояти Суғд баланд бардошта мешавад. Татбиқи лоиҳаи мазкур соли 2024 оғоз гардида, анҷоми он дар соли 2028 ба нақша гирифта шудааст, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

20 марти соли 2024 ҷаласаи навбатии Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, даъвати шашум баргузор гардид, ки дар он масъала «Дар хусуси Созишнома оид ба пешниҳоди қарзи сармоягузорӣ аз маблағҳои Фонди авруосиёии муътадилгардонӣ ва рушд барои маблағгузории лоиҳаи «Азнав­созии низомҳои обёрӣ» байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки авруосиёии рушд» мавриди баррасии вакилон қарор гирифт.

Зимни баррасии ин масъала иттилоъ дода шуд, ки Созишномаи мазкур 22 ноябри соли 2023 дар шаҳри Москва байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки авруосиёи рушд дар ҳаҷми 32 млн. доллари амрикоӣ имзо шудааст. Маблағи лоиҳа қарзи имтиёзнок мебошад. Мақсади асосии лоиҳа баланд бардоштани иқтидори низоми обёрӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, он дар ноҳияҳои Зафаробод ва Гулистони вилояти Суғд татбиқ мешавад.

Лоиҳаи мазкур асосан аз 4 қисмат иборат буда, дар марҳилаи аввал азнавсозӣ ва барқарорсозии пойгоҳҳои обкашӣ дар ноҳияи Зафарободи вилояти Суғдро дар бар мегирад. Бояд ёдовар шуд, ки силсилапойгоҳҳои обкашӣ дар ноҳияи Зафаробод солҳои 60-уми асри гузашта ба истифода дода шуда, дар айни ҳол қисми зиёди таҷҳизоти он корношоям мебошад.

Дар назар аст, ки пойгоҳҳои обкашии бузурги горизонталӣ (ГНС-1 ва ГНС-2) дар ноҳияи Зафаробод пурра навсозӣ (модернизатсия) мешавад. Аз ҷумла, дастгоҳҳои обкашии он ба дастгоҳҳои обкашии замонавӣ иваз мешаванд. Дар натиҷа 33 ҳазор га замини кишоварзии ноҳия обёрӣ шуда, зиёда аз 4000 хоҷагии деҳқонии ноҳия фаъолияти молиявию иқтисодии худро устувор менамоянд. Аз ҷумла, 2378 га замини аз гардиши кишоварзӣ берунмонда, ба гардиши кишоварзӣ ворид ва 43,2 млн. кВт/соат неруи барқ дар як сол сарфа мегардад.

Қисмати 2 –юми лоиҳа ташкил намудани колоннаи сайёри механиконидашуда ва барқарорсозии пойгоҳи техникӣ, харидорӣ намудани таҷҳизот ва мошину механизмҳо барои сохтмон ва нигоҳдории шабакаҳои обёрӣ ва заҳбуру заҳкашро фаро мегирад. Дар татбиқи қисмати мазкур корҳои зерин ба нақша гирифта шудааст: азнавсозӣ ва барқарор намудани автобазаи фарсудашуда дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд, харидорӣ намудани 31 мошину механизми махсус барои автобазаҳои вилоятҳои Суғду Хатлон ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ.

Дар қисмати 3-юми лоиҳа баланд бардоштани иқтидори институтсионалии кормандони Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва истифодабарандагони об пешбинӣ гардидааст. Дар татбиқи қисмати мазкур корҳои зерин ба нақша гирифта шудааст: баланд бардоштани иқтидори кормандони идораи хоҷагии оби ноҳияи Зафаробод оид ба нигоҳдорӣ ва истифодаи дастгоҳҳои обкашӣ, баланд бардоштани иқтидори кормандони идораи автобазаҳо оид ба нигоҳдорӣ ва истифодаи мошину механизмҳои махсус, баланд бардоштани иқтидори хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияи Зафаробод оид ба самаранок истифодабарии об.

Қисмати 4 татбиқи лоиҳаро муайян менамояд. Он аз ҷониби гурӯҳи татбиқи лоиҳа дар назди Муассисаи давлатии «Сохтмони асосӣ ва мелиоративӣ» — и Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мешавад.

Ёдовар мешавем, ки лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар хусуси Созишнома оид ба пешниҳоди қарзи сармоягузорӣ аз маблағҳои Фонди авруосиёии муътадилгардонӣ ва рушд барои маблағгузории лоиҳаи «Азнавсозии низомҳои обёрӣ» байни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва Бонки авруосиёии рушд» ба овоз монда шуда, қарор тасдиқ гардид.

Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Март 30, 2024 08:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Рушди хатсайрҳои байналмилалии мултимодалӣ байни Тоҷикистон ва Туркманистон баррасӣ карда шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар марҳилаи аввали омӯзиши таҷрибаи Қирғизистон дар соҳаи идоракунии молияи давлатӣ иштирок намуд
Татбиқи Лоиҳаи беҳтаргардонии таҷҳизоти сканеркунии борҳо дар нуқтаи назорати гумрукӣ дар Спитамен баррасӣ гардид
Дар Бохтар оид ба кам кардани талафоти неруи барқ вохӯрӣ доир гардид
Дар Бадахшон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ беш аз 225 миллион сомониро ташкил дод
Дар Тоҷикистон шумораи занони соҳибкор ва роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ афзоиш меёбад
Бонки ҷаҳонӣ татбиқи Барномаи «Дастгирии сиёсати рушди устувор — Тоҷикистони рақобатпазир ва фарогир»-ро тасдиқ намуд
Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ба маблағи беш аз 624 миллион сомонӣ зарари молиявӣ ошкор намуд
Даромади буҷети Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 105,1 фоиз иҷро гардидааст
ҲИСОББАРОБАРКУНИИ ҒАЙРИНАҚДӢ. 3,5 миллион амалиёти пардохти андоз ва боҷҳо ба таври ғайринақдӣ анҷом дода шуд
Дар Душанбе тавсеаи ҳамкории Тоҷикистон бо JICA баррасӣ гардид
Зернизоми идораи эътимод бо истифода аз модули иловагии «Data mining» мавриди истифода қарор гирифт