РӮЗИ МАТБУОТИ ТОҶИК. Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон заҳмати як зумра рӯзноманигоронро қадрдонӣ намуд

Март 11, 2024 16:16

ДУШАНБЕ, 11.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Матбуоти тоҷик, сарфи назар аз шакли моликият чун узви ҷудонашавандаи матбуоти пешқадами ҷаҳонӣ давоми 32-соли Истиқлолияти давлатӣ тадриҷан қадамҳои устувор гузошта, ба Тоҷикистон ва сокинони он софдилона хизмат намуд. Ин нуктаро имрӯз Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Камолиддин Муминзод зимни ҳамоиш бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик иброз намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» хабар медиҳад.

Гуфта шуд, ки дар ҷомеаи демократӣ ва ҳуқуқбунёд матбуот аз воситаҳои асосии таъсиррасон ба афкори умум буда, нақши он дар раванди демократикунонӣ ва ташаккули афкори ҷомеа хеле муҳим мебошад.

Давоми 32 соли Истиқлолияти давлатӣ, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳаввулоти зиёдеро аз сар гузаронида, марҳалаи ниҳоят душвори таърихиро тай намуд, аҳли соҳаи табъу нашр ва матбуоти мамлакат ҳамеша ва пеш аз ҳама, баҳри он кӯшиданд, ки тавассути каломи чопӣ моҳияту аҳамияти истиқлолиятро ба мардуми мамлакат фаҳмонанд, ҳувияти миллӣ ва ифтихори ватандории шаҳрвандонро густариш дода, симои воқеии Тоҷикистони соҳибистиқлол, таърих, фарҳангу тамаддуни беш аз панҷҳазорсола, имконияти сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, захираҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва маънавиро баҳри бунёди ҷомеаи демокративу ҳуқуқбунёд ва дунявӣ ба ҷаҳониён тавассути нашри китоб ва воситаҳои ахбори омма муаррифӣ намоянд.

Таҷрибаи Тоҷикистони соҳибистиқлол нишон медиҳад, ки рӯзномаву маҷаллаҳо ва телевизиону радио ҳамчун яке аз воситаҳои асосии таъсиррасонӣ ба афкори ҷомеа метавонанд дар ҳалли мушкилоти мавҷуда фаъолона мусоидат намоянд, зеро ҷомеа ба ахбор доир ба фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ҳамаи шохаҳои ҳокимият ниёз дорад, ки ин яке аз аслҳои бунёдии ҷомеаи озоди демократӣ аст.

Ҳоло дар мамлакати мо барои рушди воситаҳои ахбори омма тамоми заминаҳои ҳуқуқӣ ва шароити мусоиди фаъолият фароҳам оварда шуда, такмили онҳо мунтазам идома меёбад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ—Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2012 бахшида ба 100-солагии матбуоти тоҷик дар толори Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ иброз доштанд, ки «имрӯз беш аз пеш маълум мегардад, ки нақши воситаҳои ахбори омма дар ҳаёти ҷомеаи муосир чӣ гуна бузург аст. Дар ҳақиқат матбуот ва воситаҳои ахбори омма ба ташаккули афкори ҷомеа таъсири муқтадир ва муассир мерасонанд».

Гуфта шуд, ки имрӯз соҳаи сайёҳӣ бо дастгириҳои ҳамешагии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рушд намуда, сол то сол таваҷҷуҳи сайёҳони бурунмарзӣ ба мамлакати мо меафзояд. Нақши матбуоти тоҷик дар инъикос ва таблиғу ташвиқи зарфияту назокатҳои сайёҳии  мамлакат ниҳоят муҳим ва арзишманд арзёбӣ гардида, ба муаррифии Ватан  ҳамчун давлати  сайёҳӣ заминаи мусоид мегузорад.

Бояд гуфт, ки кормандони соҳаи матбуот ва табъу нашр баҳри  тарғибу ташвиқи сиёсати пешгирифтаи роҳбарияти давлат талош варзида, дар радифи қишрҳои дигари ҷомеа бо суханони созанда ба воситаи матбуоту китоб дар таҳкими истиқлолияти воқеии Тоҷикистон, сулҳу ризоияти миллӣ, осудагиву ободии Ватан содиқонаву софдилона саҳм мегузоранд.

Дар анҷоми ҳамоиш аз ҷониби раиси кумита ба як зумра рӯзноманигорон, аз ҷумла хабарнигорони Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар», рӯзномаи «Ҷумҳурият», радиоҳои «Ховар», «Садои Душанбе», «Тоҷикистон» ва дигар расонаҳои хабарӣ Сипоснома тақдим гардид.

АКС: Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Март 11, 2024 16:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Рӯзи дониш бо иштироки муовини Сарвазири Тоҷикистон ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Имконоти сайёҳии Тоҷикистон дар Москва муаррифӣ гардид
Дар даромадгоҳи дараи Камароб Маркази хизматрасонии сайёҳӣ ба истифода дода шуд
Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ҳамкориро бо ширкатҳои хориҷӣ тақвият мебахшад
Мотосиклронҳои «Ралли Осиёи Марказӣ-2025»-ро дар Тоҷикистон истиқбол гирифтанд
Нишасти муштарак байни роҳбарони ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон ва Эрон баргузор шуд
Ҷаласаи чоруми Гурӯҳи кории ҷумҳуриявӣ дар самти рушди сайёҳӣ доир шуд
Дар Бадахшон Форуми байналмилалии сайёҳӣ баргузор гардид
Рушди ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистон ва Белгия дар соҳаи сайёҳӣ баррасӣ гардид
Дар Конфедератсияи Швейтсария имконоту зарфияти сайёҳии Тоҷикистон муаррифӣ гардид
Ҷаласаи кумитаи тадорукоти «Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе» доир гардид
Иқтидори сайёҳию рекреатсионии Тоҷикистон дар доираи таҳқиқи арзишманд муаррифӣ гардид