Саҳми Бонки ҷаҳонӣ дар татбиқи муваффақонаи кӯшишҳои Ҳукумати Тоҷикистон барои нигоҳ доштани суботи иқтисодӣ ва молиявӣ назаррас арзёбӣ гардид

Март 14, 2024 16:35

ДУШАНБЕ, 14.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Марҳилаи дуюми «Барномаи тақвият бахшидани бахши молиявӣ ва рушди бахши хусусӣ» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мулоқоти Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода бо намояндагони ҳайати Бонки ҷаҳонӣ, ки бо сафари корӣ дар Тоҷикистон қарор дорад, дар Душанбе баррасӣ гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Раиси Бонки миллӣ иброз дошт, ки дар айни замон Бонки миллии Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ дар доираи се лоиҳа- «Асосҳои рақамии Тоҷикистон», «Устувории низоми молиявӣ ва таҳкими бахши хусусӣ» ва марҳилаи дуюми «Барнома оид ба таҳкими бахши молиявии Тоҷикистон» ҳамкориро идома медиҳад.

Фирдавс Толибзода саҳми Бонки ҷаҳониро дар татбиқи муваффақонаи кӯшишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати нигоҳ доштани суботи иқтисодӣ ва молиявӣ дар мамлакат назаррас арзёбӣ намуда, гуфт, ки дар доираи Барномаи дастгирии техникии Бонки ҷаҳонӣ оид ба устувории бахши молиявӣ, ки аз ҷониби SECO маблағгузорӣ мешавад, Бонки миллии Тоҷикистон ба натиҷаҳои назаррас ноил гардид.

Коршиноси калони бахши молияи Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ дар Аврупо ва Осиёи Марказӣ Пиетро Каличе аз натиҷаҳои бадастовардаи бахши молиявии Тоҷикистон, бахусус низоми бонкӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, омодагии Бонки ҷаҳониро ба ҳамкории судманд иброз дошт.

Ҷонибҳо оид ба масъалаҳои мавриди назар, аз ҷумла маблағгузории иқтисоди «сабз», хавфҳои тағйирёбии иқлим, дастгирии имконияти рушди устувори бозори суғурта дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагони хизматрасонии молиявӣ, такмили заминаи меъёрии ҳуқуқӣ, хизматрасонии молиявии рақамӣ, татбиқи Стратегияи фарогирии молиявӣ, нигаҳдории суботи макроиқтисодӣ, афзун намудани пардохтҳои ғайринақдӣ, таъмини устувории низоми пардохт, узвияти Бонки миллии Тоҷикистон ба Шабакаи бонкдорӣ ва маблағгузории устувор («SBFN»), рушди бозори коғазҳои қиматнок ва барориши вомбаргҳои «сабз», кушодани суратҳисобҳои муросилотӣ мубодилаи афкор намуданд.

Раиси Бонки миллии Тоҷикистон иброз дошт, ки ҷиҳати таъмини рушди иқтисодӣ ва тавсеаи низоми бонкии Тоҷикистон ташаббусҳои созандаи ин ташкилоти бонуфузи ҷаҳониро дастгирӣ ва барои татбиқи онҳо тадбирҳои судмандро амалӣ менамоянд.

АКС:Бонки миллии Тоҷикистон

 

Март 14, 2024 16:35

Хабарҳои дигари ин бахш

«Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Хатлон барои солҳои 2026–2030» 31,2 фоиз иҷро гардид
Дар Тоҷикистон 7136 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин бартараф карда шуд
Ҳамкории БАТР бо Тоҷикистон дар соҳаи энергетика тақвият меёбад
Дар Нозироти андози шаҳри Ваҳдат 804 субъекти хоҷагидори амалкунанда сабти ном шудааст
Дар Душанбе Фестивали занбӯрпарварон, намоиш ва фурӯши асал баргузор шуд
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна картошка ҷамъоварӣ гардидааст
Дар шаҳри Норак Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии «Ганҷинаи хатлон» баргузор гардид
Мутахассисони Тоҷикистон дар Чин бо навовариҳои соҳаи пахтакорӣ шинос шуданд
Натиҷаҳои рушди иқтисодии Тоҷикистон дар Таиланд муаррифӣ гардиданд
Дар Тоҷикистон ҷаласаи 46-уми Шурои ҳамоҳангсозии электроэнергетикии Осиёи Марказӣ доир шуд
Шаҳри Панҷакентро дар нуҳ моҳ беш аз 40 ҳазор сайёҳон тамошо намудаанд
Дар Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ масъалаҳои зеҳни сунъӣ ва амнияти рақамӣ баррасӣ шуданд