Шаҳри Душанбе соли 2024 мизбони Чемпионати ҷаҳон оид ба ҷудо байни наврасону ҷавонон мегардад
ДУШАНБЕ, 04.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон – шаҳри Душанбе мизбони боз як мусобиқаи варзишии сатҳи ҷаҳонӣ — Чемпионати ҷаҳон оид ба ҷудо байни наврасону ҷавонон дар соли 2024 мегардад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи ҷудои Тоҷикистон.
Ба иттилои федератсия, 3 март дар шаҳри Тошканд байни намояндагони Федератсияи байналмилалии ҷудо ва президенти Федератсияи ҷудои Тоҷикистон Исмоил Маҳмадзоир маросими имзои созишнома бобати мизбонии Чемпионати ҷаҳон оид ба ҷудо байни наврасону ҷавонон дар шаҳри Душанбе доир гашт.
Чемпионати ҷаҳон оид ба ҷудо байни наврасону ҷавонон моҳи октябри соли 2024 дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад.
Бояд гуфт, ки ин мусобиқаи дуюми варзишии сатҳи ҷаҳонӣ аст, ки соли 2024 дар Душанбе доир мегардад. Баргузории мусобиқаи «Dushsnbe Grand Slam-2024» 3-5 май ба нақша гирифта шудааст.
АКС: Федератсияи ҷудои Тоҷикистон








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол машқҳои дастҷамъиро дар Душанбе оғоз кард
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
БОЗИҲОИ 20-УМИ ОСИЁ. Шаҳрҳои Нагая ва Аичии Ҷопон ин бозиҳоро мизбонӣ мекунанд
Субҳиддин Халилзода соҳиби Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) гардид
Ҷашни Наврӯз дар аҳди бостон бо мусобиқаи камонварӣ оғоз мегардид
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мегардад
БОЗИҲОИ СОҲИЛИИ ОСИЁ-2026. Шаҳри Саняи Чин мизбони бозиҳо мегардад
Дастаи олимпии то 23-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон иштирок менамояд






