ШОҲҶОИЗА- ЭЛЕКТРОМОБИЛ. Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мусобиқаҳои варзишӣ ҷамъбаст шуданд

Март 27, 2024 11:44

ДУШАНБЕ, 27.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар маркази маъмурии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон- шаҳри Хоруғ мусобиқаи варзишӣ аз намуди гӯштин бахшида ба иди Наврӯз барои дарёфти Шоҳҷоизаи раиси вилоят — электромобил баргузор гардид, ки он насиби варзишгар аз вилояти Хатлон Шарифҷон Назриев  гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ин вилоят хабар медиҳад.

Иброз гардид, ки имрӯзҳо дар саросари мамлакат тантанаҳои идонаи наврӯзӣ идома доранд ва дар ҳар гӯшаву канори Тоҷикистон мардуми тамаддунофар ва фарҳангсолори тоҷик кӯшиш менамояд, ки урфу одат, расму русум ва анъанаҳои неки ин оини бостониро анҷом диҳад.

Яке аз оинҳои наврӯзӣ- ин бозиҳо ва мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ мебошанд, ки аз мавҷудияти тарзи ҳаёти солими ниёгони пуршарафи мо гувоҳӣ медиҳанд. Ин анъанаи воло то замони соҳибистиқлолӣ расида, давоми 33 соли мавҷудияти давлатдории навини тоҷикон ба таҳкими тарзи ҳаёти солим ва равнақи соҳаи варзиш таҳти сиёсати ҷавонпарварона ва варзишдӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурит Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон афзалияти калон дода шуда, равнақи он сиёсати стратегӣ ба шумор меравад.

Бо мақсади дар сатҳи баланд баргузор намудани чорабиниҳои варзишӣ, тавсеа ва густариши варзиш, ҷалби ҳарчӣ бештари варзишгарон ба мусобиқаҳо ва эҳёю тарғиби бозиҳои миллӣ аз ҷониби мақомоти иҷроияи вилоят тадбирҳои зарурӣ андешида шуданд.

Зимнан, бояд гуфт, ки дар маъракаи идона баробари гӯштини миллӣ ҳамчунин дигар бозиҳои миллии аҷдодиямон баргузор шуданд.

Дар ин  мусобиқаи варзишӣ аз намуди гӯштин барои дарёфти Шоҳҷоизаи раиси вилоят зиёда аз 150 паҳлавони шинохта,   ба монанди Шарифҷон Назриев, Шакармамад Мирмамадов, Фирдавс Насимов, Ҳақназар Назаров, Баҳром Суфиев, Умар Расулов, Қоим Шукронов  ва  Ҷонона Назарова аз Ҷумҳурии Тоҷикистон  бар ҳарифонашон ҳунар ва маҳорати арзанда нишон дода, ғолиби мусобиқа гардиданд. Барои  Шоҳҷоизаи раиси вилоят – электромобил ду  паҳлавони шинохта- Шарифҷон Назриев  аз  Ҷумҳурии Тоҷикистон ва  Муҳаммадкарим Хурамов аз  Ҷумҳурии Узбекистон байни ҳам рақобат намуда, дар ниҳоят  паҳлавони тоҷик  Шарифҷон Назриев ғолиб омада, сазовори Шоҳҷоиза- мошини электромобил гардид.


Ғолибоне, ки дар мусобиқаи варзишӣ аз намуди гӯштин сазовори ҷойҳои намоён гардиданд, бо туҳфаҳои хотиравӣ, аз қабили телевизор, яхдон, қутос ва барзаговҳои калон  қадрдонӣ шуданд.

Дар баробари гӯштин дар шаҳри Хоруғ дигар мусобиқаҳои варзишӣ- волейбол, вазнбардорӣ, бандкашӣ, дав ба масофаи 5 километр, дав байни занон ва кабкҷангу хурӯсҷанг баргузор гардиданд, ки ғолибон бо мукофотпулӣ қадрдонӣ шуданд.

Дар мусобиқаи варзишӣ аз намуди волейбол дастаи ноҳияи Шуғнон ҷойи якум, дастаи ноҳияи Рӯшон ҷойи дуюм ва дастаи водии Бартанг сазовори ҷойи сеюм гардиданд.

Дар мусобиқаи варзишӣ аз намуди арғамчинкашӣ ҷойи якумро шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар вилоят, ҷойи дуюмро ноҳияи Роштқалъа ва ҷойи сеюмро дастаи таъйиноти махсуси Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ  дар вилоят соҳиб гардиданд.

Ғолибони ин мусобиқаҳои варзишӣ низ бо мукофоти пулӣ сарфароз гардонида шуданд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

Март 27, 2024 11:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон ҷашни Наврӯз бошукуҳ таҷлил карда шуд
ТАБИАТ МЕКУНАД МОРО ТАБОБАТ! Кадбонуҳои тоҷик аз гиёҳҳои шифобахш хӯрокҳои гуногун омода месозанд
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
БОЗИҲОИ 20-УМИ ОСИЁ. Шаҳрҳои Нагая ва Аичии Ҷопон ин бозиҳоро мизбонӣ мекунанд
ӮСМАКАШӢ. Ин анъанаи наврӯзӣ барои солимии чашм иҷро карда мешавад
НАВРӮЗ — ҶАШНИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Андешаҳо дар ин маврид
Сокинони ноҳияи Мастчоҳ ҷашни Наврӯзро бо тантана истиқбол гирифтанд
НАВРӮЗИ ХАТЛОН. Фасли баҳор дар ин минтақаи Тоҷикистон пештар оғоз меёбад
Ба ифтихори ҷашни Наврӯз дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия чорабинии тантанавӣ баргузор шуд
Оинҳои ҷашни Наврӯз дар намунаи ёдгориҳои қадим инъикос гардидаанд
Субҳиддин Халилзода соҳиби Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) гардид
Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон бо мақсади шиносоӣ бо дастовардҳои даврони истиқлол ва иштирок дар тантанаҳои наврӯзӣ ба Тоҷикистон ташриф овард