Суҳайлӣ Қодирӣ: «Маърифати ҳуқуқӣ афзалияти сиёсати давлатӣ мебошад»

Март 10, 2024 11:25

ДУШАНБЕ, 10.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 28 декабри соли 2023 зимни пешниҳоди Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолиро муҳим арзёбӣ намуда, соли 2024-ро Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон намуданд.

«Ин дастури Пешвои миллат муҳим ва саривақтӣ мебошад, зеро рушди давлати ҳуқуқбунёд, ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ ва устувории ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон маърифати ҳуқуқии баландро тақозо менамояд. Вуҷуд надоштани маърифати ҳуқуқӣ ва механизми баланд бардоштани он маънии пурра амалӣ нагардидани арзишу принсипҳои асосии ҳаёти ҷомеа, ба монанди волоияти қонун, афзалияти инсон, ҳуқуқу озодиҳои он ва таъмини ҳифзи боэътимоди манфиатҳои умумро дорад»,-чунин изҳори назар намуд корманди Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, мушовири давлатии дараҷаи 3 Суҳайлӣ Қодирӣ ба АМИТ «Ховар».

— Таърих гувоҳ аст, ки инсон танҳо пас аз соҳибмаърифат гардидан тамаддун офаридааст. Ҳанӯз аз замони пайдоиш инсон ҳамеша дар пайи омӯзиш ва ҷӯёи дониш буда, анъана, меъёру муқаррарот ва талаботу тартиботи муайянро дар шакли маърифати ахлоқӣ, маърифати фарҳангӣ, маърифати ҷинсӣ, маърифати оиладорӣ, маърифати сиёсӣ, маърифати ҳуқуқӣ, маърифати динӣ, маърифати тозагиву беҳдоштӣ ва маърифатҳои дигар офаридаву рушд додааст. Аз ин лиҳоз, нақши инсони бомаърифат дар шаклгирии ҷомеа,таҳкими асолати миллӣ, сулҳу ваҳдати пойдор ва рушди давлатдорӣ хеле муассир мебошад. Дар ин робита метавон нақшу аҳамияти маърифати ҳуқуқиро дар муносибатҳои ҷамъиятию давлатӣ ва умуман ҳаёти инсон махсусан таъкид намуд.

Дар Тоҷикистон ба ин масъала аз аввали солҳои соҳибистиқлолӣ диққати аввалиндараҷа дода шуда, қабули Конститутсия ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқӣ, ҳамроҳшавӣ ба механизмҳои универсалии байналмилалии соҳаи ҳуқуқи инсон ва таҳкими заминаҳои миллии қонунгузорӣ ва ҳуқуқтатбиқкунӣ мисоли барҷастаи он мебошанд.

Дар ин раванд механизмҳои миллӣ, марказҳои илмӣ, таълимӣ ва тадқиқотӣ таъсис дода шуда, барномаву стратегияҳои давлатӣ қабул гардида, пахши барномаҳои телевизионию радиоӣ ва нашри маводи иттилоотӣ ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ амалӣ гардид. Ба маънии дигар, заминаҳои мусоид барои 4 шакли асосии тарбия ва маърифати ҳуқуқӣ: таълими ҳуқуқ, ташвиқи ҳуқуқ, таҷрибаи ҳуқуқӣ ва худтакмилдиҳӣ фароҳам гардидаанд.

Дар сиёсати давлатӣ низ маърифати ҳуқуқӣ ҳамчун самти мустақил пешбинӣ гардида, иродаи сиёсии кофӣ барои дар сатҳи зарурӣ амалӣ намудани он мавҷуд аст.

Арзёбии вазъи кору муносибатҳо дар ин самт ва таҳлили паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон медиҳад, ки соҳибмаърифат намудани аҳолӣ, аз ҷумла дар самти ҳуқуқ яке аз мавзуъҳои меҳварии паёмҳои Президенти Тоҷикистон мебошад.

Ҳанӯз зимни пешниҳоди аввалин Паём ба Маҷлиси Олӣ, ки 30 апрели соли 2001 баргузор гардида буд, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид дошта буданд, ки «ман бо қатъият аз тамоми мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратӣ талаб менамоям, ки вазифаҳои ба уҳдаашон гузошташударо софдилона ва бо дарки масъулият иҷро намоянд. Ин мақомот имконияти иҷрои ин вазифаҳоро доранд. Бо боварии том метавон гуфт, ки ин мақомот ва сохторҳо волоияти қонун дар ҷомеа, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ва оромиву амнияти мамлакатро таъмин менамоянд.

Вобаста ба ин мехоҳам таваҷҷуҳи шуморо ба масъалаи тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон, ки яке аз масъалаҳои муҳими ҷомеа мебошад, ҷалб намоям. Бояд эътироф намуд, ки то ҳанӯз сатҳи дониш ва маърифати ҳуқуқии мардум паст мебошад. Сабаби инро ман, пеш аз ҳама, дар суст будани кори ташвиқоти қонуну қарорҳои қабулшуда мебинам».

Таъкиди ин масъала дар оғози даҳсолаи навбатии давлатдории миллӣ ва пас аз анҷоми фаъолияти механизмҳои оштии миллӣ ва гузариш ба марҳилаи нави рушд басе рамзӣ ва тақдирсоз буд. Пешвои миллат бо хубӣ дарк намудаанд, ки бо пошхӯрии давлати собиқ, таъсири ҷанги шаҳрвандӣ, тағйир ёфтани муносибатҳои ҷамъиятӣ, қабул ва амалӣ шудани қонунгузории дар асоси идеология нави миллӣ ба тасвиб расида мардум ба чораҳои муассир барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ниёз доранд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 апрели соли 2003 бори дигар ба ин масъала таваҷҷуҳ намуда, таъкид менамоянд, ки “мо бояд маърифатро ба ҷаҳолат муқобил гузорем”.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ аз 26 апрели соли 2013 ҳифз ва таҳкими давлатдории миллиро ҳадафи якум ва баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳуқуқии аҳолии мамлакат, бахусус наврасону ҷавононро ҳадафи дуюм меҳисобанд.

Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ ҳамчун фаъолияти мақсаднок ва бонизоми давлат ва ҷомеа барои ташаккул ва боло бурдани шуури ҳуқуқӣ ва маърифати ҳуқуқӣ бо мақсади муқовимат ба нигилизми ҳуқуқӣ ва таъмини раванди ташаккули маънавии шахсият, ки бе он наметавон идеяи сохтани давлати ҳуқуқбунёдро дар Тоҷикистон татбиқ намуд, фаҳмида мешавад. Ин яке аз усулҳои ба аъзои ҷомеа одат кунонидани эҳтиром ба ҳифзи ҳуқуқии арзишҳои иҷтимоӣ, тарбия намудани қобилияти истифода аз ҳуқуқу кафолатҳои конститутсионӣ ва самаранок дифоъ намудани онҳо мебошад.

Новобаста ба он ки дар Конститутсия ва қонунҳо доир ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ муқаррароти муайян пешбинӣ гардидаанд, барномаҳои давлатии таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон ва таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон қабул ва амалӣ мешаванд, адабиёти ҳуқуқӣ нашр ва паҳн мешаванд, мутахассисони соҳа омода мешаванд, чорабиниҳои омўзишӣ ва машваратӣ гузаронида мешаванд, воситаҳои ахбори омма иттилооти ҳуқуқӣ пахш менамоянд, вале сатҳи маърифати ҳуқуқӣ нигаронкунанда боқӣ мемонад.

Дар фаъолияти касбӣ, зимни таҳлилу омўзишҳо, қабул ва баррасии муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ва вохўриҳо бо аҳолӣ ин масъаларо мавриди омўзиш қарор дода, ба хулосае омадем, ки бинобар сабаби маърифати ҳуқуқии нокифоя аҳолӣ дар муносибатҳои оилавӣ, меҳнатӣ, молу мулкӣ, тиҷоратӣ, таъминоти иҷтимоӣ ва ғайра ба мушкилоти муайян рў ба рў мегардад. Ин ҳолат ба нофаҳмиҳо дар муносибатҳои байни қишрҳои ҷомеа, ҷанҷолҳои оилавӣ, шиддат гирифтани муносибатҳои иҷтимоӣ ва низоъ оварда мерасонад.

Набудан ва ё паст будани маърифати ҳуқуқӣ холигие ба вуҷуд меорад, ки инсонҳо онро бо талаботу анъанаҳои шариати динӣ, одатҳои мардумӣ ва дигар унсурҳои сохтаи ғайримаъмулӣ пур мекунанд, ки ин метавонад масъалаи дар доираи қонун осон ҳалшавандаро ба раванди бардавом ва оқибатҳои мураккаб табдил диҳад.

Яке аз масъалаҳои нигаронкунанда дар низоми ҳуқуқтатбиқкунӣ масъалаи мерос ва тақсими он мебошад. Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон гирифтани меросро дар асоси васиятнома ва тибқи қонун муқаррар намудааст. Мутобиқи қисми дуюми моддаи 1273 –и ин кодекс «Меросгирон тибқи қонун бо тартиби ба навбат муқарраркардаи ҳамин Кодекс ба меросгирӣ даъват карда мешаванд». Вале дар таҷриба ҳолатҳои зиёдеро вохўрдан мумкин аст, ки шаҳрвандон бинобар надонистани муқаррароти қонунгузорӣ ва ё ба инобат нагирифтани он мехоҳанд аз рӯи анъанаҳои мардумии «мерос ҳаққи фарзанди хурдӣ», «касе соҳиби меросро нигоҳубин намуд, ҳамон меросхўр аст», «шахсоне, ки зиндагии ҷудогона мебурданд ва ё шавҳар карда аз хона рафтаанд, ба мерос ҳуқуқ надоранд» ва амсоли инҳо меросхӯрро муайян намоянд. Чунин ҳолат, албатта, ба кашида шудани баҳс ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва раванди дарози ҳуқуқтатбиқкунӣ оварда мерасонад. Дар ин ҳолат сар задани кашмакашҳои оилавӣ ва канда шудани равобити хешу таборӣ аз эҳтимол дур нест.

Паст будани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ дар самти истифодаи замин низ бисёр нигаронкунанда мебошад. Дар байни ҷомеа ҳолатҳоеро мушоҳида намудан мумкин аст, ки шаҳрвандон мехоҳанд ҳуқуқҳои худро ба ин ё он қитъаи замин аз рўи анъанаҳои тоинқилобӣ муайян намоянд. Дар деҳоти Тоҷикистон истифодаи мафҳумҳои «заминҳои бобоӣ» ва ё «заминҳои авлодӣ» маъмул аст, ки хилофи меъёри Конститутсия ва қонунгузорӣ мебошад.

Мушкилоти вобаста ба интихоби зану шавҳар, барасмиятдарории никоҳ,тақсими молу мулк, тарбия ва таъминоти фарзандон ва амсоли инҳо низ ба маърифати ҳуқуқӣ вобастагӣ доранд. Дар ҷомеа ҳолатҳои зиёде ҷой доранд, ки шаҳрвандон ҳангоми никоҳ талаботи қонунгузориро риоя намекунанд. Ҳарчанд дар қисми сеюми моддаи 1 Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар гардидааст, ки «танҳо он никоҳе эътироф карда мешавад, ки дар мақомоти давлатии сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ба ҷо оварда шудааст. Ақди никоҳе, ки бо расму оини динӣ сурат гирифтааст, эътибори қонунӣ надорад». Ҳоло ҳам ҳолатҳои танҳо тариқи динӣ баста шудани ақди никоҳ ба назар мерасанд. Маълум аст, ки ҳангоми ҷудошавии чунин оилаҳо мушкилоти зиёди ҳуқуқӣ ба миён меояд.

Боиси таассуф аст, ки дар замони муосир, новобаста аз рушди илму техника инсонҳо пойбанди таъсири урфу одат, хурофот ва меъёрҳои динию мазҳабӣ гардида, онро ҳамчун роҳи осони ҳалли мушкилоташон интихоб намуда, ба боло бурдани маърифати ҳуқуқии худ аҳамияти дахлдор намедиҳанд. Дар ин раванд таъсири руҳониён ва кӯҳнагароён ба мафкура ва шуури одамон бештар мебошад. Чунин муносибат ба «муридшавӣ» сабаб гардида, монеи рушди тамаддунии шаҳрвандон мегардад. Вобаста ба ин метавон қазияҳои маъмули руҳониёнро мисол овард, ки чӣ гуна як нафари тасодуфӣ болои мафкураи ҳазорон нафар таъсир гузошта, бо онҳо дар руҳияи асримиёнагӣ муносибат менамояд.

Аз ин лиҳоз, вазъи баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ беҳбудиро тақозо намуда, шаҳрвандон дар татбиқи ҳуқуқҳояшон ба мушкилиҳо дучор мегарданд. Дар бештари маврид шаҳрвандон сабаби ба ҳуқуқвайронкунӣ ва ҷиноят даст заданашонро аз надонистани қонун медонанд, ҳарчанд моддаи 42 Конститутсия муқаррар намудааст, ки «надонистани қонун ҷавобгариро истисно намекунад».

АКС аз бойгонӣ

Март 10, 2024 11:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Ба иштирокчии ҷанг ва собиқадори меҳнати 104-сола Зайнулло Алиев кумакпулии яквақта расонида шуд
Корҳо барои рафъи оқибатҳои сел аз ҷониби комиссияҳои ҳолатҳои фавқулодаи шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон анҷом дода шуданд
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Шуурнокии ҳуқуқии миллат муайянкунандаи дараҷаи рушди давлат ва таъмингари нуфузи он дар ҷаҳони муосир аст
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои роҳбарони мақомоти муҳоҷирати давлатҳои иштирокдори ИДМ доир мешавад
ҲУШДОР! 10-12 май тағйирёбии вазъи ҳаво ва офатҳои табиии эҳтимолӣ дар назар аст
7 МАЙ — РӮЗИ РАДИО ВА КОРМАНДОНИ ТАМОМИ СОҲАҲОИ АЛОҚА. Ислоҳот дар соҳаи алоқа бо маром идома дорад
Ба иштирокчиён ва маъюбони ҷанги солҳои 1941-1945 кумакпулии яквақта расонида шуд
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ омили мустаҳкамии оилаҳо дар Тоҷикистон аст
Дар минтақаи Кӯлоб оид ба ҳифзи арзишҳои миллӣ ва пешгирии хурофотпарастӣ ҷаласа доир гардид
«ИСТИҚБОЛИ САРБОЗИ ВАТАН ШАРАФ АСТ». Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш сарбозони аз қисмҳои ҳарбӣ баргаштаро пешвоз мегирад
АРЗҲОИ ДӮСТӢ. Узбекистон шарики стратегӣ ва ҳампаймони боэътимоди Тоҷикистон мебошад
Дар якчанд шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон бар асари бориши шадид сел ба амал омад