Суратгузориш аз тантанаҳои наврӯзӣ дар ноҳияҳои шаҳри Душанбе
ДУШАНБЕ, 21.03.2024. /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, субҳи имрӯз бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлати шаҳри Душанбе ба ифтихори таҷлили сазовори ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ дар Муассисаи давлатии «Боғи Ғалаба» баҳри пос доштани расму оинҳои миллӣ, аз ҷумла пухтани суманак, тайёр намудани ҳар гуна таомҳои баҳорӣ, оростани гулхани ҷашнӣ ва баргузории дигар суннатҳо фарорасии Соли нави аҷдодӣ пешвоз гирифта шуд.
Дар доираи тантанаҳои ҷашнӣ корвони наврӯзии чор ноҳияи шаҳр бо рамзҳои наврӯзии Бобои деҳқон ва Маликаи баҳор дар иҳотаи карнайнавозону таблнавозон бо руҳияи баланди саршор аз шукгузорӣ аз сарзамини шукуфону гулфишони Тоҷикистон аз чор самт вориди базмгоҳҳои наврӯзӣ гардида, ба сокинону меҳмонон аз фарорасии Соли нави аҷдодӣ хабар доданд.
Суратгузориш аз ҷараёни тантанаҳои наврӯзӣ дар ноҳияҳои шаҳри Душанбе пешниҳод мегардад.
АКС: шуъбаи иттилооти дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе

































Муҳаммадин, Шодмон, Фарҳод ва Шакармамад соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Рашт гардиданд
Аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Неругоҳи барқи обии «Роғун» Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Рашт бо тантанаю шаҳомати хосса таҷлил гардид
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
ЛОЛАҲОИ ШУКУФОНИ ДУШАНБЕ. Суратгузориши АМИТ «Ховар» аз кӯчаву хиёбонҳои гулпӯши пойтахт
Дар Нуробод ҷашни Наврӯз бо барномаҳои фарҳангӣ, варзишӣ ва ободкориҳо таҷлил карда шуд
Дар Мактаб-интернати ҷумҳуриявӣ барои кӯдакони ятим дар ноҳияи Ёвон Иди Наврӯз таҷлил карда шуд
Сокинони ноҳияи Лахш Наврӯзи байналмилалиро бо шаҳомати хосса таҷлил намуданд
Дар ноҳияи Рашт карнавали наврӯзӣ доир шуд
Китобҳои «Эмомалӣ Раҳмон — Ҷамшеди рӯзгори мо» ва «Наврӯз аз Рӯдакӣ то имрӯз» муаррифӣ гардиданд
Ҷилваи мероси рангини тоҷикон дар Боку
Дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар Париж Наврӯзи байналмилалиро таҷлил карданд






