Дар ноҳияи Рашт карнавали наврӯзӣ доир шуд

Апрель 11, 2026 09:00

РАШТ, 11.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. Бо ибтикори Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт барои дар сатҳи баланд ҷашн гирифтани Наврӯзи байналмилалӣ дар майдони марказии ноҳия  карнавали наврӯзӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт иттилоъ доданд.

Омӯзгорону хонандагон ва меҳмонону фаъолони ноҳия  бо либосҳои миллӣ, рамзҳои наврӯзӣ ва барномаҳои рангини фарҳангӣ дар ин карнавали бошукуҳ иштирок намуда,  бо руҳияи баланди идона, эҳсоси гарми ватандӯстӣ ва ифтихор аз дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии мамлакат фазои идонаро боз ҳам шукуфон гардониданд.

Дар чорабинӣ намоиши анъана ва суннатҳои қадимии миллӣ, аз ҷумла оростани дастурхони наврӯзӣ бо ҳафтсину ҳафтшин, пухтани суманак, пешниҳоди ҳунарҳои мардумӣ, инчунин суруду рақсу саҳначаҳои тарбиявӣ ба маърази тамошо гузошта шуданд, ки бозгӯйи фарҳанги ғанӣ ва таърихи куҳани миллати тоҷик мебошанд.

Иброз гардид, ки Наврӯз ҳамчун ҷашни эҳёи табиат рамзи дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ ва оғози корҳои саҳроию кишоварзӣ буда, дар таҳкими худшиносии миллӣ, тарбияи насли наврас дар руҳияи эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва гиромидошти анъанаҳои ниёгон нақши муассир дорад.

Зимни ҳамоиш Раиси ноҳияи Рашт Зарина Идизода Ҷашни байналмилалии Наврӯзро ба омӯзгорону хонандагон табрик гуфта, ба ҳар онҳо сулҳу оромӣ, рӯзгори обод, файзу баракат ва дастовардҳои беназир  тамано намуд.

Аз ҷониби омӯзгорону хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳияи Рашт барномаи фарҳангии саршор аз меҳру муҳаббат пешкаши ҳозирин гардонида шуд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт

Апрель 11, 2026 09:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Муҳаммадин, Шодмон, Фарҳод ва Шакармамад соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Рашт гардиданд
Аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Неругоҳи барқи обии «Роғун» Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Рашт бо тантанаю шаҳомати хосса таҷлил гардид
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Дар Нуробод ҷашни Наврӯз бо барномаҳои фарҳангӣ, варзишӣ ва ободкориҳо таҷлил карда шуд
Дар Мактаб-интернати ҷумҳуриявӣ барои кӯдакони ятим дар ноҳияи Ёвон Иди Наврӯз таҷлил карда шуд
Сокинони ноҳияи Лахш Наврӯзи байналмилалиро бо шаҳомати хосса таҷлил намуданд
Китобҳои «Эмомалӣ Раҳмон — Ҷамшеди рӯзгори мо» ва «Наврӯз аз Рӯдакӣ то имрӯз» муаррифӣ гардиданд
Дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар Париж Наврӯзи байналмилалиро таҷлил карданд
Бахшида ба Наврӯз дар Боку шоми фарҳангии «Chakan Fashion Show: мероси анъанаҳо давоми асрҳо» баргузор шуд
Дар деҳаи Рошорви водии Бартанг ҷашни Наврӯзро таҷлил намуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд