Дар Нуробод ҷашни Наврӯз бо барномаҳои фарҳангӣ, варзишӣ ва ободкориҳо таҷлил карда шуд

Апрель 13, 2026 12:10

ДУШАНБЕ, 13.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Нуробод Ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шукуҳу шаҳомати хос ва руҳияи баланди идона таҷлил гардид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Нуробод хабар доданд, дар доираи тантанаҳои наврӯзӣ дар саҳни ҷашнгоҳ намоиши васеи дастовардҳо, ҳунарҳои мардумӣ, анвои таомҳои миллӣ, инчунин дастархонҳои рамзии «ҳафт син» ва «ҳафт шин» ташкил карда шуд.

Инчунин ҳунарҳои мардумӣ, аз қабили зардӯзӣ, гулдӯзӣ, чакандӯзӣ, атласу адрасбофӣ, тоқидӯзӣ ва дигар навъҳои ҳунарҳои суннатӣ ба таври шоиста муаррифӣ гардиданд. Кадбонуҳои ноҳия низ навъҳои гуногуни маҳсулоти нонию қаннодӣ, аз ҷумла кулча, фатир, қалама ва чаппотиро омода ва пешкаши меҳмонон намуданд.


Иброз гардид, ки Наврӯз ҳамчун ҷашни эҳёи табиат, рамзи дӯстию ҳамдигарфаҳмӣ ва пайванди наслҳо мақоми хос дорад. Ин ҷашн аз куҳантарин ойинҳои миллӣ буда, мардуми тоҷик онро давоми ҳазорсолаҳо ҳамчун мероси гаронбаҳои маънавӣ ҳифз намудаанд.

Ҷавҳари аслии Наврӯз инсонҳоро ба сулҳу дӯстӣ, созандагию накӯкорӣ, эҳтироми табиат ва қадршиносии арзишҳои миллӣ раҳнамун месозад.


Дар доираи тантанаҳои ҷашни Наврӯз дар ноҳия мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ баргузор гардид. Дар он паҳлавонон аз тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ ва хориҷи кишвар иштирок намуда, маҳорати баланди варзишӣ нишон доданд.

Баргузории чунин мусобиқаҳо ба таҳкими дӯстии халқҳо, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва эҳёи анъанаҳои миллӣ мусоидат менамояд.


Инчунин дар доираи тадбирҳои ободонӣ бахшида ба ҷашни Наврӯз дар шаҳраки Дарбанди ноҳияи Нуробод ду маркази нави савдою хизматрасонӣ ба истифода дода шуд.

Иттилоъ дода шуд, ки иншоот аз ду ошёна иборат буда, бо тарҳи муосир ва ҷавобгӯ ба талаботи замон бунёд карда шудааст.

Дар марказ барои омода ва пешниҳод намудани навъҳои гуногуни хӯрок шароити мусоид муҳайё карда шуда, беш аз 4 сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардид.


Ҳамчунин маркази савдои либосворӣ мавриди истифда қарор дода шуд. Дар марказ шароити зарурӣ таъмин буда, дар он беш аз 6 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардид. Ба истифода додани ин иншоот барои беҳтар намудани хизматрасонии савдо ва қонеъ гардонидани талаботи сокинон аҳамияти муҳим дорад.

Ифтитоҳи ду маркази хизматрасонӣ туҳфаи арзанда ба ҷашни Наврӯз буда, дар самти ободонӣ ва рушди ноҳияи Нуробод қадами устувор маҳсуб мешавад.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Нуробод

Апрель 13, 2026 12:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Муҳаммадин, Шодмон, Фарҳод ва Шакармамад соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Рашт гардиданд
Аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Неругоҳи барқи обии «Роғун» Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Рашт бо тантанаю шаҳомати хосса таҷлил гардид
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Дар Мактаб-интернати ҷумҳуриявӣ барои кӯдакони ятим дар ноҳияи Ёвон Иди Наврӯз таҷлил карда шуд
Сокинони ноҳияи Лахш Наврӯзи байналмилалиро бо шаҳомати хосса таҷлил намуданд
Дар ноҳияи Рашт карнавали наврӯзӣ доир шуд
Китобҳои «Эмомалӣ Раҳмон — Ҷамшеди рӯзгори мо» ва «Наврӯз аз Рӯдакӣ то имрӯз» муаррифӣ гардиданд
Дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар Париж Наврӯзи байналмилалиро таҷлил карданд
Бахшида ба Наврӯз дар Боку шоми фарҳангии «Chakan Fashion Show: мероси анъанаҳо давоми асрҳо» баргузор шуд
Дар деҳаи Рошорви водии Бартанг ҷашни Наврӯзро таҷлил намуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд