Аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Неругоҳи барқи обии «Роғун» Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд

Апрель 15, 2026 17:00

ДУШАНБЕ, 15.04.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бо ибтикори Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Неругоҳи барқи обии Роғун» Наврӯзи байналмилалӣ бо шукуҳу шаҳомати хосса ҷашн гирифта шуд, иттилоъ медиад АМИТ «Ховар».

Меҳмононро дар даромадгоҳи шаҳри Роғун роҳбарияти шаҳр гарму самимӣ истиқбол намуданд. Меҳмонон бо Неругоҳи барқи обии «Роғун», ки кохи нури бегазанд ва воситаи рушди устувори иқтисоди миллӣ ва пешрафти Тоҷикистон мебошад, шинос шуданд.

Масъулони неругоҳ меҳмононро бо минтақаҳои сохтмон шинос намуда, аз тағйир додани маҷрои дарёи Вахш, ки шахсан аз ҷониби Сарвари давлат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон анҷом дода шуда буд, ёдовар гардиданд.

Дар идома меҳмонон бо намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва анъанаҳои наврӯзӣ, ки хоси миллати тоҷик буда, бисёр рангину зебо ороста шуда буд, шинос шуданд.

Муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Маликшо Неъматзода иброз дошт, ки аз соли 2008 инҷониб Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон сарпарасти маънавии сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун» буда, роҳбарият ва аъзои он мунтазам дар ин иншооти аср чорабиниҳои гуногунро ба хотири болидагии руҳи кормандон баргузор менамоянд. Ҳамзамон заҳмати шабонарӯзии онҳоро қадршиносӣ карда, ин кохи нурро, ки боиси ифтихору сарфарозии ҳар тоҷикистонӣ мебошад, байни мардуми мамлакат ва берун аз он мавриди таблиғу ташвиқ қарор медиҳанд.

Воқеан Неругоҳи барқи обии «Роғун» ба мактаби бузурги дӯстиву бародарӣ ва сулҳофарӣ табдил ёфтааст. Боиси ифтихору сарфарозии ҳар тоҷику тоҷикистонӣ мебошад, ки ин сифатҳо ба арзишҳои Наврӯз тавъам мебошанд.

Иброз гардид, ки бо ташаббуси Пешвои миллат, Раиси муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Наврӯз дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон бо шукуҳу нусрати хосса дубора эҳё гардида, ба ҷашни ҷаҳонӣ табдил ёфт. Сарвари давлат Наврӯзро ««Шоҳномаи шаҳриёрони миллат, таърихи зиндаву бедор, пояндагиву ҷовидонӣ, ному нанг, ифтихору шараф ва ҳувияту бақои миллати фарҳангиву тамаддунсозӣ тоҷик» номиданд.

Дар қисмати фарҳангӣ санъаткорон бо рақсу сурудҳои дилнишин ва мутантан хотири иштирокчиёнро болида гардониданд.

Дар анҷом аз номи Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон фаъолону собиқадорони ҳизб бо Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд. Ба чанд нафар аъзои нав ба сафи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон пайвастшуда шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Апрель 15, 2026 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

«РОҒУН» — РАМЗИ ҚУДРАТИ ЭНЕРГЕТИКИИ ТОҶИКИСТОН ДАР АРСАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Андешаҳо дар ин маврид
«РОҒУН» — КОХИ НУР. Сарбанди ин неругоҳ баландтарин садди обӣ дар ҷаҳон хоҳад буд
Дар бунёди неругоҳи «Роғун» 20 ҳазор коргарону кормандони муҳандисию техникӣ фаъолият доранд
Моҳи сентябри соли 2027 агрегати рақами 4-и неругоҳи «Роғун» ба истифода дода мешавад
Тоҷикистон барои бунёди неругоҳи «Роғун» маблағҳои иловагии созмонҳои байналмилалии молиявиро ҷалб менамояд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «Ман ба масъулиятшиносӣ, таҷриба ва заҳмати софдилонаи бунёдгарони «Роғун» эътимоди комил дорам»
Президенти Тоҷикистон: «Бунёди Неругоҳи барқи обии «Роғун» муҳимтарин дастоварди даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон аст»
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ бо бунёдгарони Неругоҳи барқи обии «Роғун»
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Роғун бо бунёдгарони Неругоҳи «Роғун» мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар дигар мавзеъҳои сохтмони Неругоҳи «Роғун» боздид намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар cарбанди Неругоҳи «Роғун» шинос шуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар Неругоҳи «Роғун» аз хобгоҳи бунёднамудаи ҶСК «Тоҷикгидроэлектромонтаж» боздид намуданд