Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Рашт бо тантанаю шаҳомати хосса таҷлил гардид

Апрель 15, 2026 13:20

ДУШАНБЕ, 15.04.2026. /АМИТ «Ховар»/.  Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Рашт бо риояи тамоми унсурҳои миллӣ таҷлил гардид. Дар доираи таҷлили ин ҷашн дар ноҳия  чорабиниҳои бошукуҳи фарҳангӣ ва намоиши ҳунарҳои миллӣ доир гардида, иншооти муҳими иҷтимоӣ мавриди истифода қарор дода шуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт хабар доданд.

Аз ҷумла, ба ифтихори Ҷашни байналмилалии Наврӯз намоишгоҳи бошукуҳи наврӯзӣ баргузор гардид.

Дар ҷараёни боздид меҳмонон бо дастовардҳо, намоиши ҳунарҳои мардумӣ, маҳсулоти кишоварзӣ ва дигар намунаҳои эҷодии сокинони ноҳия шинос гардида, ба ташкили сатҳи баланди чорабинӣ баҳои баланд доданд.


Намоишгоҳ бо мақсади эҳёи суннатҳои миллӣ, тарғиби фарҳанги ниёгон ва арҷгузорӣ ба ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ баргузор гардида, дар он сокинон ва ҳунармандони зиёд иштирок намуданд.

Раиси ноҳияи Рашт, аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зарина Идизода иброз намуд, ки Наврӯз дар сарнавишти миллати тоҷик ва тамоми меросбарони ин ганҷинаи бебаҳои бостонӣ нақши барҷаста дорад ва мо ин ҷашнро дар сатҳи баланди сиёсию фарҳангӣ таҷлил менамоем.

Дар доираи ин чорабинии муҳими идона дар Ҷамоати деҳоти Қалъаи Сурх толори замонавии варзишӣ ва дар Ҷамоати шаҳраки Ғарм маркази савдо, коргоҳи қаннодӣ ва нуқтаи хизматрасонии барқгирии воситаҳои нақлиёт ба истифода дода шуданд. Ҳамзамон клиникаи муосири тиббӣ мавриди истифода қарор гирифт, ки ба беҳтар гардидани сатҳи хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ мусоидат менамояд.

Бунёди чунин иншооти замонавӣ нишонаи равшани пешрафту ободонӣ ва таваҷҷуҳи пайваста ба беҳбуди сатҳи зиндагии сокинон мебошад. Ин иқдом ба рушди инфрасохтори иҷтимоӣ, таъсиси ҷойи нави кор ва баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ заминаи устувор мегузоранд.


Дар ҷараёни таҷлили ҷашн собиқадорони меҳнат ва шахсоне, ки дар пешрафти соҳаи хоҷагидории ноҳия саҳми арзанда гузоштаанд, аз тарафи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо сипосномаву туҳфаҳо қадрдонӣ шуданд.

Ҳамзамон ду варзишгари ҷавон – Темур Раҳимов бо маблағи 10 ҳазор сомонӣ ва Лоиқ Қудбидинов бо маблағи 5 ҳазор сомонӣ сарфароз гардонида шуданд.

Ин иқдоми нек нишонаи дастгирии ҷавонони боистеъдод ва рушди варзиш дар ноҳия буда, барои ноил гардидан ба дастовардҳои нав ҳавасмандии бештар мебахшад.

Дар фазои тантанавӣ ва руҳияи баланди ифтихори миллӣ дар ноҳияи Рашт маросими бошукуҳи ҷоизасупорӣ ба паҳлавонони варзидаи гӯштини миллӣ баргузор гардид.

Аз ҷумла, ба паҳлавон Шакармамад Мирмамадов мошини тамғаи «Камри-7» тақдим гардид. Ба паҳлавонон Муҳаммадин Лоиқзода, Шодмон Ризоев ва Раҳматулло Фарҳодбеков — ба ҳар кадом автомобили барқӣ ҳамчун нишони қадрдонии дастовардҳои назаррасашон дар соҳаи варзиш супорида шуд.

 

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт

Апрель 15, 2026 13:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Дар Нуробод ҷашни Наврӯз бо барномаҳои фарҳангӣ, варзишӣ ва ободкориҳо таҷлил карда шуд
Дар Мактаб-интернати ҷумҳуриявӣ барои кӯдакони ятим дар ноҳияи Ёвон Иди Наврӯз таҷлил карда шуд
Сокинони ноҳияи Лахш Наврӯзи байналмилалиро бо шаҳомати хосса таҷлил намуданд
Дар ноҳияи Рашт карнавали наврӯзӣ доир шуд
Китобҳои «Эмомалӣ Раҳмон — Ҷамшеди рӯзгори мо» ва «Наврӯз аз Рӯдакӣ то имрӯз» муаррифӣ гардиданд
Дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар Париж Наврӯзи байналмилалиро таҷлил карданд
Бахшида ба Наврӯз дар Боку шоми фарҳангии «Chakan Fashion Show: мероси анъанаҳо давоми асрҳо» баргузор шуд
Дар деҳаи Рошорви водии Бартанг ҷашни Наврӯзро таҷлил намуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар Миср Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Мурғоб бо расму ойинҳои хос таҷлил карда шуд