ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 11 март, душанбе, 71-умин рӯзи соли 2024 аст

Март 11, 2024 08:00

11 марти соли 1912  аввалин шумораи рӯзномаи тоҷикии «Бухорои шариф» нашр шуд.

***

 11 марти соли 2007 дар шаҳри Душанбе Форуми серӯзаи матбуоти тоҷикзабонон ифтитоҳ гардид.

***

11 марти соли 2009 дар пойтахти Олмон намоиши сайёҳии ITB Berlin-2009 баргузор шуд.

*** 

11 марти соли 2015 дар мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо муовини котиби генералии Хадамоти аврупоии фаъолияти хориҷӣ Ҳелга Мария Шмид масоили вобаста ба ҳамгироии амниятии Тоҷикистон ва дигар давлатҳои Осиёи Марказӣ бо Иттиҳоди Аврупо ва ҳам мавзуъҳои ҳамкории дуҷониба баррасӣ шуд.

*** 

Дар ин рӯзи соли 2016 дар шаҳри Душанбе бизнес-форуми доираи соҳибкорони Тоҷикистон ва Туркманистон доир гардид.

***

Соли 2019 бино ба натиҷаҳои назарпурсие, ки Академияи воситаҳои ахбори омма ва Иттифоқи журналистони Тоҷикистон доир намуданд, Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» Агентии иттилоотии сол эълон гардид.

***

11 марти соли 2021 Ҳамраиси Шурои адабии Ассамблеяи халқҳои Авруосиё, ҳамоҳангсози Иттиҳоди байналхалқии шоирон барои сулҳ ва озодӣ, шоир, рӯзноманигор ва ходими ҷамъиятӣ  Абдуқаҳҳори Қосим барандаи Ҷоизаи байналмилалии адабии «Ҷаҳони марзӣ» ва «Антуан де Сент-Экзюпери» гардид.

***

11 марти соли 2022 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо пойтахти нави маъмурии Миср шинос гардиданд.

***

11 марти соли 2023 ҳайати парлумонии Тоҷикистон дар ҷаласаи Комиссияи назорат ва буҷети Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил  иштирок намуд.

11 МАРТ:

 Дар Тоҷикистон – Рӯзи матбуоти тоҷик.

***

Дар Литва – Рӯзи  истиқлол. 

ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААНД:

Ғанӣ Абдулло- соли 1912 – драматург, Ходими шоистаи ҳунари Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ.

 ***

Зебо Аминова- соли 1942 – сарояндаи опера, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон.

Март 11, 2024 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш