ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 22 март, ҷумъа, 82-юмин рӯзи соли 2024 аст

Март 22, 2024 08:00

22 марти соли 2014 дар маркази шаҳраки Данғара бо иштироки Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон беморхонаи нави ҷумҳуриявӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

***

Дар ин рӯзи соли 2017 дар Қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Ню-Йорк маросими супоридани санад оид ба тасвиб гардидани Созишномаи Париж роҷеъ ба тағйирёбии иқлим аз ҷониби Тоҷикистон баргузор гардид.

***

22 марти соли 2020 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади иштирок дар тантанаҳои ҷашни байналмилалии  Наврӯз, мулоқоту суҳбатҳо бо сокинон ва ифтитоҳи якчанд иншооти ҷашнӣ ба вилояти Суғд сафари корӣ анҷом доданд.

***

22 марти соли 2022 бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар деҳаи Бофандаи Ҷамоати деҳоти «Сарвати Истиқлол»-и ноҳия  Кӯшониён Маҷмааи «СИМО» иборат аз маркази саломатӣ, маркази савдо, толори варзишӣ, толори баргузории ҷашну маросим ва дорухона ба истифода дода шуд.

***

22 марти соли 2023 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии «Об ва Наврӯз — ду сарчашмаи ҳаёти башар» дар доираи Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид-2023 иштирок ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумиро тамошо намуданд.

22 МАРТ:

Рӯзи байналмилалии захираҳои об.

***

Рӯзи байналмилалии таксирон.

ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААНД:

Абдумалик Баҳорӣ — соли 1927 — нависанда, шоир ва драматурги тоҷик

***

Мунира Шаҳидӣ — соли 1943 — олими шарқшинос, санъатшинос, тарҷумон, номзади илмҳои филологӣ

Март 22, 2024 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш