ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 март, сешанбе, 86-умин рӯзи соли 2024 аст

Март 26, 2024 08:00

Дар ин рӯзи  соли 2009  зимни сафари аввалини Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Муғулистон 5 санади ҳамкории дуҷониба ба имзо расид.

***

Дар ин рӯзи соли 2012 дар шаҳри Душанбе масоили ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ шуд.

***

26 марти соли 2014 президенти ФИФА Йозеф Блаттер «Соли футболи оммавӣ дар Тоҷикистон»-ро ифтитоҳ намуда, дар фестивали кӯдакон иштирок намуд.

***

Дар ин рӯзи соли 2014 дар филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов дар шаҳри Душанбе маросими кушодашавии намоиш-ярмаркаи чоррӯзаи байналмилалии «Таҳсилоти русиягӣ-Душанбе-2014»  баргузор шуд.

***

26 марти соли 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Ёвон ба корҳои сохтмонӣ дар бинои нави маъмурии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия оғози расмӣ бахшида, бо лоиҳаи якчанд иншооти сохташаванда шинос шуданд.

***

26 марти соли  2021  Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар ноҳияи Кушониён бо роҳбарону фаъолони вилояти Хатлон мулоқот намуданд.  

***

26 марти соли 2022 Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ Президенти Федератсияи байналмилалии велосипедронӣ Давид Лаппартиен ва Президенти Конфедератсияи велосипедронии Осиё Осама ал Шафарро ба ҳузур пазируфтанд.

26 МАРТ:

Дар Бангладеш – Рӯзи истиқлол.

***

Дар Ветнам – Рӯзи ҷавонон.

Март 26, 2024 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш