ТАХТАИ ИНТЕРАКТИВИИ «ETALIM». Бо мақсади гузариш ба таҳсили рақамӣ нахустин барномаи ватанӣ таҳия гардид

Март 14, 2024 09:32

ДУШАНБЕ, 14.03.2024. /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади дар амал татбиқ намудани Консепсияи гузариш ба таҳсилоти рақамӣ ва ташаккули ҳукумати электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Муассисаи давлатии «Маркази таҳлилӣ-иттилоотии назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе» барномаи тахтаи интерактивии «eTalim» таҳия гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Муассисаи давлатии «Маркази таҳлилӣ-иттилоотии назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе» хабар доданд.

«Барнома пура бо забони тоҷикӣ таҳия гардида, ба корбарон-омӯзгорон имконият медиҳад, ки дар ҷараёни таълим аз он васеъ истифода намоянд. Интерфейси барнома содаву фаҳмо буда, корбарии он барои ҳамаи омӯзгорон дар назар гирифта шудааст. Тахтаи интерактивӣ дар раванди таълим ба омӯзгор имкон медиҳад, ки дарсро ҷолибу шавқовар гузаронад ва аз маводи мултимедиавӣ ва аёнӣ васеъ истифода намояд»,- иброз дошт Директори Маркази таҳлилӣ-иттилоотии назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Зафар Муродзода.

Ба гуфтаи мавсуф, дар заминаи барнома роҳнамои истифодаи тахтаи интерактивӣ низ мураттаб гардида, дар бахши «Роҳнамо»-и барнома ҷойгир шудааст. Тарзи кор бо тахта дар он муфассалу мукаммал дарҷ гардида, ба омӯзгорон имкон медиҳад, ки истифодаи барномаро мустақилона аз худ намоянд.

«Ҳадаф аз таҳияи барнома самаранок гардонидани фаъолияти омӯзгор бо истифода аз технологияҳои рақамӣ дар раванди таълим мебошад. Тахтаи интерактивӣ дар байни техникаҳои муосири таълимӣ воситаи муҳим ба ҳисоб рафта, корбурди он дар дарс ба омўзгор имкон медиҳад, ки вақтро самаранок истифода намояд», -гуфт ҳамсуҳбати мо.

Дар баробари интерфейси тоҷикӣ барномаи «eTalim» барои омӯзгорон маводи ёрирасони ин ё он фанро пешниҳод менамояд. Дар бахши «Нигористон»-и барнома парвандаи фанҳои таълимӣ ва дигар маводи ёрирасон дода шудаанд, ки омӯзгор бо истифода аз он метавонад расму аломатҳои аёнии фанни таълимиро дар тахта намоиш диҳад.

Ҳамзамон бо тахтаи интерактивӣ корҳои амаливу лабораторӣ низ гузаронидан мумкин аст. Имконияти тахтаҳои интерактивӣ аксар вақт аз барномае, ки дар онҳо насб шудааст, вобаста аст. Аз ҷумла, маълумоти сабтшуда дар шакли электронӣ нигоҳ дошта мешавад ва онро дар принтери муқаррарӣ чоп намудан мумкин аст. Матн ва нақшаҳоро низ дар тахтаи интерактивӣ бо маркерҳои ранга сохтан имкон дорад. Ҳамзамон истифодаи ранг яке аз бартарии он мебошад, ки иттилоот равшан сохта шуда, самаранокии дарки онҳо ба таври назаррас афзоиш меёбад.

Тахтаи интерактивӣ дар синфхонаҳо метавонад ҷойгузини тахтаҳои анъанавӣ ва ё такмилдиҳандаи онҳо бошад. Ҷараёни дарс бо истифода аз тахтаҳои интерактивӣ шавқовар шуда, дараҷаи азхудкунии мавзуъ ташаккул меёбад. Бинобар ин, ба омӯзгори муосир зарур аст, ки дарсро бо истифода аз технологияи муосир, махсусан тахтаи интерактивӣ самаранок гузаронад.

Барномаи интерактивии «eTalim» барои омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ муфид буда, вижагиҳо дорад, аз ҷумла забони барнома тоҷикӣ буда, дар он муқаддасоти миллӣ ва аксу нигораҳои адабиёти таълимӣ ҷой дода шудаанд. Имконияти барнома аз ҷониби Мутахассисони марказ мунтазам ташаккул дода шуда, вобаста ба истифодаи барнома дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ машғулияти омӯзишӣ гузаронида мешаванд.

Ёдовар мешавем, ки бо қарори Ҳукумати мамлакат 30 августи соли 2022 Консепсияи гузариш ба таҳсилоти рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2042 тасдиқ гардид.

Ҳадаф аз гузариш ба таҳсилоти рақамӣ тавассути ТИК (технологияи иттилоотӣ-коммуникатсионӣ) дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ тағйир додани шаклу усулҳои таълим ва ба талаботи давр мутобиқ намудани он мебошад. Он бо назардошти рушди ҷомеа ва навсозии системаи таҳсил таҳия шуда, аз ҷумла арзишҳои миллию башарӣ ва дастовардҳои илмию техникиро фаро мегирад.

Тибқи лоиҳа, Консепсияи гузариш ба таҳсилоти рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар се марҳила: солҳои  2023 – 2026, 2027 – 2030  ва 2030 – 2040 татбиқ мегардад.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС: Муассисаи давлатии «Маркази таҳлилӣ-иттилоотии назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе»

Март 14, 2024 09:32

Хабарҳои дигари ин бахш

ШУКУҲИ ИСТИҚЛОЛ. Таҳти ин унвон дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ҳамоиш доир гардид
Дар шаҳри Турсунзода ба муносибати 34-солагии Истиқлоли давлатӣ ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид
«МАН — НАСЛИ ИСТИҚЛОЛ». Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дурахшандагон» имкони беҳтарин барои таҳсил аст
Китоби «Тоҷикон» ба забони туркӣ рӯнамоӣ гардид
Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ҷашни истиқлолро таҷлил намуданд
Соҳибистиқлолӣ заминаи устувори рушди илми тоҷик аст
Маркази миллии тестӣ даври сеюми бақайдгирии довталабонро барои иштирок дар ИМД-2025 оғоз намуд
Сарчашмаи сулҳу субот, зиндагии шоиста ва эҳёи тамоми унсурҳои арзишманди ҷомеа дониш аст
Дар ноҳияи Рӯдакӣ ба 60 хонандаи ятиму камбизоат либоси мактабӣ тақдим гардид
Дар Рӯзи дониш дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон дастовардҳои илмию варзишӣ намоиш дода шуданд
Ба муносибати Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ дар Академияи миллии илмҳо ҳамоиши илмӣ-назариявӣ баргузор шуд
НАЗДИК СОХТАНИ ИЛМИ АКАДЕМӢ БА ИСТЕҲСОЛОТ. Дар робита ба суханронии Президенти Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ