ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТИИ ШАҲРВАНДОН. Дар шаҳри Қазони Тотористон бо тоҷикони муқими ин кишвар ҳамоиш доир шуд

Март 6, 2024 16:16

ДУШАНБЕ, 06.03.2024. /АМИТ «Ховар»/. Ҷиҳати татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон»  бо ибтикори Ташкилоти ҷамъияти фарҳангии ҷавонони назди Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷуммҳурии Тоҷикистон, ки дар Ҷумҳурии Тотористон фаъолият дорад, дар якҷоягӣ бо Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Уфа баҳри баланд бардоштани ҳисси ватандӯстиву хештаншиносии ҷавонони бурунмарзӣ ҳамоиш баргузор шуд. Дар ин хусус  ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш хабар доданд.

Хониши сиёсӣ таҳти унвони «Тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон — омили таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ» бо иштироки ҳайати ҷавонони зодаи Тоҷикистон, ки дар муассисаҳои олии шаҳри Қазони Ҷумҳурии Тотористон таҳсил доранд, доир гардид.

Зимни вохӯрӣ иштирокчиён доир ба моҳият ва мазмуни қонун сухан гуфта, таъкид намуданд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз донишҷӯёне, ки дар хориҷи мамлакат таҳсил менамоянд, умеди калон дошта, мутахассисони баландихтисосро интизор ҳастанд, то дар оянда барои рушди давлат саҳм гузоранд.

Ҳамзамон таваҷҷуҳи ҳозирин ба ғамхорӣ ва дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба ҷавонон ва таълиму тарбияи насли наврас, бахусус шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар хориҷи мамлакат таҳсил менамоянд, ҷалб гардид.

Донишҷӯён аз дастгирӣ ва ғамхории Роҳбари давлат ва ҳамкории пайвастаи намояндагии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷуммҳурии Тоҷикистон изҳори миннатдорӣ намуда, иброз доштанд, ки  тамоми саъю талошашонро барои сазовор муаррифӣ намудани таъриху фарҳанги халқи тоҷик ва баланд бардоштани симои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давлати иқомат равона менамоянд.

АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Март 6, 2024 16:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Густариши ҳамкорӣ бо намояндагони Бонки исломии рушд дар соҳаи таҳсилоти касбӣ баррасӣ гардид
Дар Санкт-Петербург бо донишҷӯёни тоҷик оид ба масъалаҳои будубош ва таҳсил вохӯрӣ доир шуд
Дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд Форуми дуюми сулҳи Фарғона доир шуд
Байни Маркази тадқиқоти стратегӣ ва Бунёди «Peace Nexus» Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Пиёдагардӣ умри инсонро дароз ва баданро ҷавон мекунад
Дар вилояти Суғд Форуми дуюми сулҳи Фарғона доир мешавад
Дар Маркази рушди ҳунармандӣ ва малакаҳои касбии муосир ба шаҳрвандон ройгон касб омӯзонида мешавад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Шурои роҳбарони мақомоти муҳоҷиратии давлатҳои аъзои ИДМ иштирок намуд
Бо саҳми соҳибкорон ва шахсони саховатпеша дар Суғд 5 ҳазору 500 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмиру навсозӣ карда шуданд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Ҳангоми интиқоли маблағ ба кортҳои шахсони ношинос ба чӣ бояд диққат дод?
Дар Алмато платформаи миллии рақамии тандурустии Тоҷикистон муаррифӣ гардид
«ИСТИҚЛОЛ — ГАНҶИ МИЛЛАТ, БАҚОИ ДАВЛАТ». Бо чунин унвон дар шаҳри Хуҷанд ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд