Тавсеаи ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони Милали Муттаҳид дар самти ҳифзи муҳити зист муҳокима шуд
ДУШАНБЕ, 01.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаҳои марбут ба ҳамкории дуҷониба байни Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони Милали Муттаҳид /СММ/ ва сохторҳои намояндагии он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, алалхусус Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид зимни вохӯрии Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода бо ёвари Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, директори бюрои минтақавии Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид барои Аврупо ва давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил хонум Ивана Живкович дар Душанбе баррасӣ гардид.
Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Ҷонибҳо оид ба ҳамаи масъалаҳои дуҷониба ва бисёрҷониба, ки дар самти ҳифзи муҳити зист мавриди таваҷҷуҳ қарор дода шуданд, ба мувофиқа расиданд.
АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Зеҳни сунъӣ ба яке аз технологияҳои серталабтарини асри рақамӣ аз лиҳози истеъмоли неруи барқ табдил меёбад
Аз ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ба Қазоқистону Русия лимӯ содирот карда мешавад
Дар Тоҷикистон нахустин маротиба Форуми байналмилалии саноати ангишт доир мегардад
Дар Шаҳринав нақшаи ҷамъоварии пахта 187,4 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ кишти тиромоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон Барномаи савдои электронӣ ба бахши муҳими иқтисодиёт табдил ёфтааст
«Муждаи зафар». Дар ноҳияи Ёвон дурнамои истеҳсоли пахта барзиёд иҷро гардид
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба соҳаи энергетика 30 миллиард сомонӣ равона гардид
АЗ ДАРТМУТ ТО ДУШАНБЕ. Зеҳни сунъӣ нисбат ба қоидаҳое, ки истифодаи онро танзим менамоянд, ба маротиб тезтар рушд мекунад
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
ЗЕҲНИ СУНЪӢ — ИМКОНИЯТ, МАСЪУЛИЯТ ВА ОЯНДАИ ИНСОН. Он ба ҷузъи муҳими ҳаёти инсон табдил ёфтааст
Дар Душанбе масъалаи тақвияти рақамикунонии давлатӣ баррасӣ гардид






