«ТОҶИКИСТОН — ПЕШОҲАНГИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО ДАР ҶАҲОН». Дар Душанбе ҳамоиши илмӣ — назариявӣ доир шуд

Март 21, 2024 15:48

ДУШАНБЕ, 21.03.2024. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба ҷашни байналмилалии  Наврӯз, соли 2025 – Соли ҳифзи пиряхҳо ва 21 март- Рӯзи умумиҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо дар  Китобхонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Тоҷикистон — пешоҳанги ҳифзи пиряхҳо дар  ҷаҳон» ҳамоиши илмӣ — назариявӣ доир гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Ҳамоиш бо ибтикори Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш доир гардида, зимни он таъкид шуд, ки дар давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳифаи нави таърихӣ бо қабули қатъномаи нав, ки дар маҷлиси 77-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба эълон шудани соли 2025 Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва  21 март  Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо қабул гардид, бо хатҳои заррин навишта шудааст. Ин саҳифаи нави давлатдории таърихӣ бори дигар Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун давлати ташаббускор дар соҳаи об ба ҷаҳониён муаррифӣ намуд.

Гуфта шуд, ки сиёсати давлатӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо ба ҳифз ва нигоҳдории пиряхҳо ҳамчун манбаъҳои стратегии захираҳои об барои манфиатҳои аҳолӣ, соҳаҳои иқтисодиёт, таъмини тавозуни устувори экологӣ, нигоҳдории макони зисти намудҳои нодир ва зери хатари нобудшавӣ қарордоштаи олами наботот ва ҳайвонот равона шудааст.

Дар фарҷоми чорабинӣ аз ҷониби Кумита ба коршиносон сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим шуд.

АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Март 21, 2024 15:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе масъалаҳои мубрами таҳсилоти миёнаи касбӣ дар шароити рушди инноватсия ва рақамикунонӣ баррасӣ гардид
НАВРӮЗИ ДУШАНБЕ. Дар пойтахти Тоҷикистон барои дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани меҳмонон омодагӣ мегиранд
НАВРӮЗ – ОМИЛИ ПОЙДОРИИ ВАҲДАТ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
«АЗ НАВРӮЗ ТО НАВРӮЗ». Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши анъанавӣ ифтитоҳ ёфт
Дар Ню-Йорк масъалаҳои тавсеаи имкониятҳои занон дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Оид ба дурнамои нави ҳамкории Тоҷикистону Узбекистон конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳо зарари офати табииро дар роҳҳои мошингард бартараф менамоянд
Дар Данғара бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
ТОҶИКИСТОН ВАТАНИ НАВРӮЗ АСТ! Суратгузориш аз ҷараёни корҳои омодагӣ ба ин ҷашни ҷаҳонӣ дар пойтахт
Дар ноҳияи Данғара «Шаҳраки наврӯзӣ» ташкил карда шуд
Намояндагони Тоҷикистон дар Ню-Йорк дар ҳамоиш оид ба ҳуқуқи занон ба замин иштирок намуданд
Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ — фароғатии «Dushanbe Navruz Fest» баргузор мешавад