«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Таҳти ин унвон дар шаҳри Хоруғ ҳамоиш доир гардид
ДУШАНБЕ, 02.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Бо ибтикори бахши кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ таҳти унвони «Тоҷикона мепӯшем!» оид ба иқдоми пӯшидани либосҳои миллӣ ҳамоиш баргузор гардид. Дар он кормандзанони идораву муассисаҳои шаҳри Хоруғ иштирок намуда, баргузории ин иқдомро ҷонибдорӣ намуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ хабар медиҳад.
Дар ҳамоиш роҳбарияти шаҳр иштирок намуда, аз таъкидҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди арҷгузорӣ ба анъанаҳои либоспӯшӣ ёдовар шуданд.
Гуфта шуд, ки либоси миллӣ ҷузъи муҳими фарҳанг буда, сатҳи маданияту маърифати миллат дар он таҷассум мегардад. Аз ин рӯ, занону духтарони тоҷикро мебояд, ки ба анъанаҳои миллии либоспӯшӣ арҷ гузоранд ва аз тақлид ба фарҳанги бегона даст кашанд.
Ёдовар мешавем, ки тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири арҷ гузоштан ба фарҳанги миллӣ, анъанаҳои неки аҷдодӣ, махсусан либоси миллӣ, атласу адрас, чакан, баланд бардоштани фарҳанги либоспӯшӣ, таблиғу ташвиқи либоси миллӣ, аз байн бурдани тамоюли бегонапарастӣ ва ҳамзамон гузаронидани корҳои ободонию созандагӣ шуруъ аз 1 март то 31 май дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ иқдоми «Тоҷикона мепӯшем!» амалӣ мегардад.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ








Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид






