Зайниддин Раҳимов сармураббии дастаи «Регар-ТадАЗ»-и шаҳри Турсунзода таъйин шуд

Март 13, 2024 16:51

ДУШАНБЕ, 13.03.2024. /АМИТ «Ховар»/. Сармураббии нави дастаи футболи «Регар-ТадАЗ»-и шаҳри Турсунзода мутахассиси футболи тоҷик Зайниддин Раҳимов таъйин гардид. Дар ин хусус шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ёдовар мешавем, ки Зайниддин Раҳимов 14 майи соли 1965 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дунё омада, даврони футболбозиашро дар дастаҳои футболи «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб, «Вахш»-и Қурғонтеппа (Бохтар), «СКА»-и Қумсангир (Ҷайҳун), «Ҳосилот»-и ноҳияи Фархор ва «Помир»-и шаҳри Душанбе гузаронидааст.

Зайниддин Раҳимов фаъолияти футболбозиашро дар 36-солагӣ ҷамъбаст намуда, аз соли 1999 пешаи мураббигиро интихоб кард. Ибтидо ба ҳайси сармураббӣ дар дастаҳои футболи «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб ва «Ансол»-и шаҳри Кӯлоб кор намуда, баъд солҳои 2004-2006 сармураббии дастаи «Динамо»-и шаҳри Душанбе буд. Ҳамзамон бо ин соли 2004 ба ҳайси ёвари сармураббӣ дар дастаи мунтахаби Тоҷикистон низ як муддат кор намудааст.

Солҳои охир Зайниддин Раҳимов ба ҳайси сармураббии дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон кор карда, ба муваффақияти чашмрас ноил гардид. Муҳимтарин дастоварди ӯ ҷойи дуюм дар Чемпионати Осиё байни футболбозони то 16- сола дар соли 2018 ва ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми ҷаҳонӣ байни наврасони то 17- сола баровардани дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар соли 2019 мебошад.

Зайниддин Раҳимов бо шогирдонаш дар мусобиқаҳои дигари байналмилалӣ низ ба дастовардҳои баланд ноил гардидааст.

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

Март 13, 2024 16:51

Хабарҳои дигари ин бахш

БОЗИҲОИ СОҲИЛИИ ОСИЁ-2026. Шаҳри Саняи Чин мизбони бозиҳо мегардад
Дастаи олимпии то 23-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон иштирок менамояд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозии ниҳоӣ бо дастаи яккачини Филиппин муайян шуд
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА ГӮШТИНИ ҶУДО. Дар он 13 варзишгари Тоҷикистон иштирок менамоянд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозӣ ба муқобили дастаи яккачини Филиппин оғоз мекунад
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Хоруғ мусобиқаи гӯштини миллӣ доир мегардад
Дар «Tbilisi Grand Slam- 2026» оид ба гӯштини ҷудо аз Тоҷикистон ҳафт варзишгар иштирок менамояд
Дар Данғара бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Дастаи мунтахаби то 16-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар чемпионати CAFA-2026 иштирок мекунад
Дар Душанбе қуръакашии тақвими Лигаи якуми Тоҷикистон-2026 оид ба футбол баргузор шуд
Варзишгари тоҷик дар Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми қавитанҳо» соҳиби медали тилло гардид
ФУТБОЛ. Наврӯз Воҳидов ва Фаридун Маҳмадиев аз ҳаққи доварӣ маҳрум карда шуданд